Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арӯси 8-солаи домоди 50-сола


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико издивоҷи саудидухтари 8-сола ва марди 50-соларо нақзи ошкоро ва ғайри қобили қабул хонд.

Ин яке аз мавридҳои хеле нодирест, ки Амрико Арабистонӣ Саудӣ, кишвари саршор аз захоири нафт ва муттаҳидаш дар Ховари Миёнаро мавриди интиқод қарор медиҳад. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико Роберт Вуд хабар дод, ки Вошингтон пайваста мавзӯи издивоҷи ноболиғонро дар сӯҳбат бо мақомдорони Саудӣ матраҳ мекунад. Бо вуҷуди ин, вай натавонист бигӯяд, ки кай ин парвандаи вижа мавриди баҳс қарор гирифта буд.

Додгоҳи шаҳри Унайзаи Арабистони Саудӣ ҳафтаи гузашта такроран қонунияти никоҳи духтари ноболиғ ва марди 50-соларо тасдиқ намуда ва аммо шарт гузошт, то балоғати духтар шавҳараш бо вай хамхобӣ намекунад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико ба хабарнигорони рӯзномаи “Вошингтон пост” гуфт, аз нигоҳи Амрико издивоҷ бо ноболиғон ин нақзи ошкоро ва ғайриқабули ҳуқуқи башар аст. Вай афзуд, мақомдорони амрикоӣ ҳар дафъа аз нигарониҳои ҳукумати ИМА аз вазъи ҳуқуқи башар дар Арабистони Саудӣ ҳушдор медиҳанд, бахусус, дар бораи издивоҷи ноболиғон.

Рӯзи 14-уми апрел, баъд аз он ки додгоҳ нахост никоҳи марди 50-сола ва духтари 8-соларо бекор кунад, вазири адлияи Арабистони Саудӣ эълом кард, ки Эр Риёз нақша дорад қоидаҳои ба шаваҳар баромадани духтарони ноболиғро ислоҳ кунад. Арабистони Саудӣ ҷомеаи падарсолораест, ки маҳкамтарин ва мутаасибтарин равияи Исломи сунниро парастиш мекунад. Тибқи қоидаҳои ин равия марду зан набояд дар як ҷо гирди ҳам оянд ва падари оила ҳақ дорад, ки духтарашро ба касе хоҳад, ба шавҳар диҳад.

Вазири адлияи Арабистони Саудӣ Муҳаммад-ал-Исо ба рӯзномаи “Ал-Ватан”, ки қисман моликияти хусусии хонаводаи Молики Саудӣ мебошад, гуфт, вазораташ мехоҳад ба ҳаққи беканори волидон дар робита ба издивоҷи фарзандони ноблиғашон хотима бахшад. Тибқи тавзеҳи вазир, ин маънои онро надорад, ки ба шавҳар баромадани духтарони ноболиғ комилан барҳам дода шавад. Ҳадаф аз ҷорӣ кардани қоидаҳои нав ин таъмини ҳуқуқҳо ва аз миён бурдани падидаҳои манфии издивоҷи духтарони ноболиғ мебошад.

Дар кишварҳои арабие, ки мардуми онҳо то ҳол аз рӯи урфу одатҳои қабилавӣ ба сар мебаранд, теъдоди зиёди духтарони ҷавон ба мардони аз худ бузург ба занӣ мерасанд, аммо на дар синни ноболиғӣ. Ба иттилои мутахассисони соҳа, чунин издивоҷҳо дар кишварҳои фақир, назири Яман мушоҳида мешаванд.

Оҷонси Созмони Милал дар умури кӯдакон - ЮНИСЕФ низ дар бораи ин парванда изҳори нигаронӣ кардааст. Раҳбари ин оҷонс Ан Венеман гуфтааст, издивоҷе, ки яке аз ҷонибҳояш бо сабаби хурдсолиаш наметавонад интихоби мустақил кунад, озодона маҳсуб шуда наметавонад.
XS
SM
MD
LG