Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ҷамоаи таблиғ» чиро таблиғ мекунад?


Ҳафтаи ҷорӣ дар масҷиди маъруф ба Умари Форуқи шаҳри Душанбе аз сӯи ходимони интизомӣ беш аз сад нафар аз пайравони «Ҷамоаи таблиғ» боздошт ва ба боздоштгоҳҳои муваққатӣ интиқол дода шудаанд.

«Ҷамоаи таблиғ» як гурӯҳи ношинохтаи мазҳабӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба таъйиди пайравонаш, аз панҷ сол бад-ин сӯ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба таблиғ ва даъвати исломӣ машғул будааст.

Аммо бо қабули қонуни нави дин дар Тоҷикистон барои ҳар гурӯҳ, созмон ва ё иттиҳодияҳои диние, ки аз қайди давлатӣ нагузаштаанд, таблиғу ташвиқи мазҳабӣ мамнӯъ эълон шудааст. Бинобар ин мақомоти амниятӣ талош кардаанд аз фаъолияти "Ҷамоаи таблиғ" ҷилавгирӣ кунанд. Гуфта мешавад, гурӯҳи мазкур бештар дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофии он фаъол будааст ва амалиёти ниҳодҳои амниятӣ низ аслан пойтахт ва атрофи онро фаро гирифтааст.

Дар заминаи таърихи пайдоиш ва фаъолияти ин гурӯҳи воқеан ҳам камошно дар қаламрави Осиёи Марказӣ иттилое чанд бештар дар Интернет ва ба забони англисӣ дастрас аст. Ҳарчанд назар ба иттилои мақомот ва коршиносони бархе ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, баъзе аъзои ин созмон маҳз барои таблиғи ақидаҳои ин созмони камошное ба зиндон андохта шудаанд.

Феликс Корлӣ, таҳлилгари созмони Форум-18, ки як ташкилоти мудофеи озодиҳои мазҳабӣ мебошад, дар Лондони Бритониё ба сар мебарад. Дар як сӯҳбати телефонӣ бо мо вай дар бораи ба Осиёи Марказӣ роҳ ёфтани ин созмони мазҳабӣ чунин маълумот дод:

"Тибқи баъзе манбаъҳо, ҷунбиши мазкур дар солҳои 1920 дар вилояти Мевоти Ҳинд ташкил шудааст. Аъзои ин созмон иддао доранд, ки аз сиёсат канораҷӯӣ карда, рисолати худро дар таблиғу ташвиқи идеологияи Ислом дар миёни мусалмонон мебинанд. Онҳо дар масоҷид вазъ гуфта, маъмулан ҳафтаҳо бидуни танаффус ҳамин гуна кор мекунанд. Маълум нест, ки оё онҳо ба фаъолиятҳои тундгароёна ҷалб шудаанд, ё на. Дар баъзе давлатҳо мардум мегӯянд, ки онҳое, ки узви ин гурӯҳ ҳастанд, ба амалиёти террористӣ шарик мешаванд. Аммо бисёри дигарон бовар доранд, ки ин гурӯҳ ҳама гуна хушунатро инкор мекунад".

Суол: Ба ҳар ҳол худи "Ҷамоаи Таблиғ" ҳам тавассути навиштаҳое дар интернет инро иддао мекунад, Феликс.

Феликс Корлӣ: "Бале. Яъне айнан мисли «Ҳизб-ут-Таҳрир». Бисёр бадхоҳон мегӯянд, ки бо вуҷуди рад шудани хушунат аз ҷониби «Ҳизб-ут-Таҳрир», аммо ин як шеваи тактикии кори ин ҷунбиш мебошад, ки феълан хомӯширо ихтиёр кардааст. Ва дар робита бо "Ҷамоаи Таблиғ" ҳам бархе ҳамин андешаро доранд. Дар баъзе кишварҳо аъзои он зиндонӣ шуданд. Дар Узбакистону Қазоқистон аъзои он барои вазъгӯӣ дар масоҷид ҷаримабандӣ шуданд. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки барои фаъолияти ин гурӯҳ иҷозатнома надодаанд, аз ҳамин хотир кори онҳо ғайриқонунӣ мебошад. Онҳо инчунин дар миёни ӯзбактаборони ҷануби Қирғизистон хеле фаъолона кор мебаранд. Аз ин хотир, мешавад гуфт, ки ақидаҳои онҳо дар минтақа тавсеа ёфтааст. Бо вуҷуди ин ки дар бораи фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон мо иттилои зиёд надорем, аммо чанд сол пеш Муҳиддин Кабирӣ аз ҳизби наҳзати исломӣ ба мо гуфта буд, ки мақомот ба ин гурӯҳ бо назари шубҳа менигаранд ва аз ҳамин хотир онро таҳти назорати шадид гирифтаанд. Аслан мақомоти Тоҷикистон ҳама гурӯҳҳои мазҳабиро таҳти назорати шадид қарор додаанд. Ҳоло ҳамин чиз пурра мушаххас нест, ки оё онҳо ҳангоми амри маъруфҳо дар масҷидҳо чӣ даъватҳое мекунанд, ё ин ки онҳо ҳамин тавр ба масҷидҳо мераванду мавзъизаҳои худро дар ихтиёри намозгузорон мегузоранд. Ана ҳамин чиз барои мо мушаххас нест. Ва аз ҳамин хотир, бояд ҷомеаи намозгузорон ва худи масҷидҳо тасмим бигиранд, ки чӣ касе бояд ва набояд дар ин ҷо мавъиза кунад. Медонед, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад ба таври якҷониба ба масҷид рафта рӯи минбар боло шуда вазъ хонад, вай бояд бо даъвати нафаре ин корро кунад".

Аксари коршиносони умури мазҳабӣ феълан наметавонанд ба таври дақиқ шумори кулли созмонҳои мазҳабии фаъол дар қаламрави Тоҷикистон ва Осиёи Марказиро бигӯянд, чунки аксари ин гурӯҳҳо мисли "Ҷамоаи таблиғ" кам шинохта шуда ва ё тоза арзи ҳастӣ кардаанд. Ва азбаски қонунҳои ин ҷумҳуриҳо дар аксар ҳол бо шеваи саркӯбкунанда ба пайдоиши ҳама гуна гурӯҳҳои мубаллиғи мазҳабии нав менигаранд, ин созмонҳо талош мекунанд дар навбати аввал ба таври пинҳонӣ, ба қавле ба шеваи зеризаминӣ аз худ дарак диҳанд.

Ба назари як таҳлилгари масоили амниятии Осиёи Марказӣ, ҳоло ба қавле, нисбатан сершумортарин гурӯҳҳои мазҳабие, ки аз назари мақомоти ин давлатҳо хатарнок арзёбӣ мешавад, «Ҳизб-ут-Таҳрир» ва «Ҷунбиши исломии Узбакистон» мебошанд.

Метю Клеменз аз Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти амниятъии «Jane» дар Лондон дар ин робита дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, "аксари бахшҳои Осиёи Марказӣ таҷрибаи фаъолияти гурӯҳҳои тундгарои исломиро пушти сар кардаанд ва яке аз барҷастатарини онҳо «Ҷунбиши исломии Узбакистон» аст, ки дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз худ дарак дода буд. Ва мақомоти Узбакистон ҳам гуфта буданд, ки дар рӯйдодҳои соли 1999 ин ҷумҳурӣ ин гурӯҳ даст доштааст. Гурӯҳи дигар «Ҳизб-ут- Таҳрир аст», ки аз хушунат тарафдорӣ намекунад. Аммо мақомоти Осиёи Марказӣ аз ин гурӯҳ ҳам ба унвони хатар ёд карда онро мавриди пайгард қарор додаанд. Аммо, ба назари ман, дар айни замон фаъолияти гурӯҳҳои тундгарои мазҳабӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. «Ҷунбиши исломии Узбакистон» баъди шуруи ҷанги зиддитеррор дар Афғонистон ба раҳбарии Амрико ҷиддан шикаст хӯрд ва ҳоло бархе аз аъзои он асосан дар марзи Афғонистон бо Покистон таҷаммӯъ кардаанд".

Суол: Метю, шумо шумори аъзои ин созмонҳоро гуфта метавонед?

Метю Клеменз: "Шумори дақиқи аъзои ин созмонҳоро гуфтан хеле сахт аст. Дар робита бо “Ҳизб-ут-Таҳрир» мешавад гуфт, ки шумори хеле зиёди аъзои он дар водии Фарғона ба сар мебаранду эҳтимолан онҳо ҳазорҳо нафарро ташкил диҳанд. Тавре гуфтам, ин гурӯҳ ҳамчун як ташаккули бехушунат шинохта мешавад. Дар робита бо гурӯҳҳои хушунатзо ва тундрав ҳоло иттилои дақиқ дар даст нест, тавре ки маълум нест аъзои онҳо кистанду чӣ хатаре аз онҳо бармеояд, чунки фаъолити онҳо тақрибан ғайри қобили ташхис аст. Аъзои «Ҷунбиши исломии Узбакистон», тавре гуфтам, дар марзҳои Покистон дар қатори дигари аъзои гурӯҳҳои тундрав мустақар шуда эҳтимол меравад, ки шумори онҳо садҳо нафар бошад, ҳарчанд гуфтани шумори дақиқи онҳо кори хеле сахт аст".

Суол: Яъне ба андешаи шумо ҳоло мешавад ҳамин ду гурӯҳро ҳамчун хатарҳои аслӣ ба амнияти минтақа ёд кард?

Метю Клеменз: "Бо назардошти майли ҷавонҳои зиёд ба ақидаҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгаро дар минтақа мешавад гуфт, ки хатаре таҳдид мекунад. Дар шароите, ки ҳукуматҳои худкома ин гурӯҳҳоро саркӯб карда ва дар ҳоле, ки мизони бекориву бенавоӣ хеле баланд аст, ва ин гуна гурӯҳҳо шумори хеле зиёди мардумро ба сафи худ ҷалб мекунанд, онҳо метавонанд ин нирӯро барои табдили ҳукумат истифода кунанд. Хатари ба вуқӯъ пайвастани ин кор вуҷуд дорад".
XS
SM
MD
LG