Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомдорони «корношоям»-и ҳукумат


Бино ба иттилои идораи хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, аз 18 ҳазор нафар корманди давлатӣ, ки 11 ҳазори он дар идораҳои марказии ҷумҳурӣ кор мекунанд, ҳудуди 500 нафар корношоям буда, ба талаботи мақоми худ ҷавобгӯ нестанд.

Ин 18 ҳазор нафар бидуни мутахассисони вазорати дохилӣ, вазорати дифоъ ва кормандони амниятӣ аст.

Гурез Қосимов, муовини раиси идораи хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, дар ин бора гуфт: «Кадрҳои захира ба мансабҳои давлатӣ моро қаноатманд намекунанд. Ба ин далел, ки дар ин рӯйхат баъзан нафароне дохил мешаванд, ки талаботи тахассусиашон мувофиқат намекунад. Масалан, маълумоти олӣ доштан ҳатмист, вале баъзеҳо маълумоти олӣ надоранд, ки дар рӯйхати кадрҳои захиравӣ дохил шудаанд».

Барканории 118 мақомдори тасодуфӣ


Ҷаноби Қосимов дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки беш аз 118 нафар кадрҳои роҳёфта ба мақомоти давлатӣ аз мақомашон барканор шудаанд. 316 нафар барои такмили ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шуданд ва 163 нафар ба корҳои дигар поинтар аз мақоми дошта таъин шуд.

Гурез Қосимов, муовини раиси идораи хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, дар мавриди интихоби кадрҳо гуфт: «Ду тартиби гузаронидани озмун – дохилӣ ва кушода – вуҷуд дорад. Озмуни дохилӣ барои кормандони ҳамон идора ё вазорати таъиншуда гузаронида мешавад. Озмуни кушод барои муддаиёнест, ки мехоҳанд, дар вазорату идораҳои дигар мансаберо соҳиб шаванд. Ва дар маҷмуъ ду тартиби баргузории озмун муқаррар аст. Давраи аввал омӯзиши асноди пешниҳодшуда ва давраи дуввум - сӯҳбати ихтисосӣ бо муддаӣ. Касе, ки аз ин давраҳо гузарад, ба мақоме соҳиб хоҳад шуд».

«Кормандони вазорат бо компютер ошноӣ надоранд»

Вале ба гуфтаи коршиносон, воқеияти сиёсати кадрӣ дар ҷумҳурӣ маҷрои дигар дорад ва бахши қобили мулоҳизаи он кадрҳое, ки имрӯз дар идораҳои давлатӣ кор мекунанд, ҳирфаӣ нестанд ва донишу малакаи онҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Барои мисол, давлат тасмим дорад, корхонаи воҳиди давлатии «Панҷараи воҳид»-ро роҳандозӣ кунад ва ба ин манзур як гурӯҳи корӣ ба вазорати рушди иқтисод ва савдо рафта, дар миёни кормандони ин вазорат озмун гузаронидаанд.

Нозигул Хушвақтова, коршиноси бахши маъмурӣ, ки узви ин гурӯҳ аст, дар ин бора чунин изҳори назар кард: «Суол ин аст, ки дар ин корхона кӣ кор мекунад. Мо дар вазорати рушди иқтисод ва савдо тренинг ё нишасти омӯзишӣ барои интихоби кадрҳо баргузор кардем. Натиҷаи ин омӯзиш нишон дод, ки аксарияти кормандони ин вазорат бо компютер ошноӣ надоранд. Бахши қобили мулоҳизаи онҳо бо компютер кор карда наметавонад».

Сиёсати кадрӣ ё таборбозиву маҳалгароӣ?

Ба эътиқоди Музаффар Олимов, раиси маркази пажӯҳиши «Шарқ», озмунҳо барои ишғоли мансаб дар вазорату идораҳо холисона ва воқеӣ баргузор намешавад ва нуқси сиёсати кадрӣ дар он аст, ки дар ин масъала ба таъсири русуми шарқӣ, омили хешутаборӣ ва маҳаллӣ зуҳуроти бештар пайдо кардааст.

Ҷаноби Олимов афзуд: «Дар ҳама сохторҳои давлатӣ бештар ба омили хешутаборӣ, омили содиқ будан ба мақомот ва маҳал ё минтақа таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунанд. Ҳатто дар бархе аз вазоратхонаҳо мебинед, ки аксаран аз як минтақаи муайян кор мекунанд. Ин худ гувоҳи он аст, ки ин кадрҳо ба ҷойҳои кории худ лоиқ нестанд ва бар асоси шеваҳои маҳаллӣ интихоб шудаанд».

Ба эътиқоди Шодӣ Шабдолов, узви Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, дар сурате, ки сиёсати кадрии мо камбудӣ дорад, ҳамасола иваз кардани баъзе аз кадрҳои роҳбарикунандаи бахши иқтисоду иҷтимоъ ва роҳбарони навоҳӣ суде барои пешрафти ҷомеа намеорад.
XS
SM
MD
LG