Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зита ва Гита"-и русӣ. 12 сол дар канори модари дигар


Ирина ва Аня
Ирина ва Аня

Додгоҳи шаҳри Копейски вилояти Челябинск ҳукми худро ба фоидаи волидони ду духтаре, ки ҳанӯз 12 соли пеш дар таваллудхона иваз шудаанд, содир кард.

Бино ба қарори додгоҳ ҳар кадом аз ин хонавода барои иваз шудани фарзандонашон дар таваллудхона 3 миллион рублӣ ҷуброн дарёфт хоҳанд намуд.

Ҳамон тавре хабаргузориҳои русӣ менависанд, волидони ду духтаре, ки тӯли дувоздаҳ сол дар оғӯши модари дигар бузург шудаанд, аз ин қарори додгоҳ қаноатманд буда ва гуфтаанд, ки дар ин маврид шикояте надоранд.

Додгоҳ гуфтааст, дар сурати кофӣ набудани сармояи таваллудхона барои пардохти ҷубронпулӣ ба хонаводаи Юлия Беляева ва Неъматулло Искандаров, ин маблағ аз буҷаи шаҳри Копейск дода хоҳад шуд.

Духтари тоҷике, ки дувоздаҳ сол дар канори модари рус зиставу бо навозишҳои ӯ бузург шудааст...
Духтари тоҷике, ки дувоздаҳ сол дар канори модари рус зиставу бо навозишҳои ӯ бузург шудааст...
Волидони Ирина ва Аня аз иштибоҳи табибон дувоздаҳ соли баъд огоҳ шудаанд. Юлия Беляева, ки аз шавҳараш талоқ гирифта буд, барои дарёфти алиментпулӣ ба додгоҳ муроҷиат мекунад. Шавҳари ӯ дар навбати худ аз Юлия хостааст, то ташхиси ДНК анҷом бидиҳанд, ки падарии ӯ исбот гардад. Додгоҳ мегӯяд, бино бар натоиҷи ташхис ҳам Юлия ва ҳам шавҳари ӯ волидони аслии Иринаи 12-сола набудаанд.

Юлия ва шавҳари ӯ танҳо бо кӯмаки пулис тавонистаанд, ки духтари аслии худро пайдо кунанд. Аня, духтари аслии Юлия, тӯли ин муддат дар хонаводаи тоҷикон Искандаровҳо тарбия меёфт. Баръакс, ташхиси ДНК муайян кардааст, ки Юлия ва шавҳараш духтари аслии Искандаровҳоро ба воя мерасониданд.

Ҳамин тариқ, додгоҳи Копейск ба ин баҳс хотима бахшид ва даъвои ин ду хонаводаро, ки ҳар кадоме ба унвони зиёни маънавӣ панҷ миллион рублӣ хоста буданд, қисман бароварда кард. Танҳо мушкиле, ки акнун ин ду хонаводаро азият медиҳад, руҳияи духтарони онҳост, ки тӯли дувоздаҳ сол дар миёни қавми дигар зиста, акнун бояд бо хонаводаи аслии худ унс бигиранд.

“Ин як нуктаи озордиҳанда барои волидони ҳар ду духтар аст. Зеро ҳар кадоме аз инҳо мехоҳанд, ки фарзандонашон аз хурдӣ бо урфу одатҳои қавми худ ошно бошанд”,-менависанд расонаҳои русӣ.
XS
SM
MD
LG