Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Каримов зидди ошиқон?!


Дар Узбакистон таҷлил аз Рӯзи Валентина ё Рӯзи ошиқон манъ шудаааст.

Расонаҳо навиштаанд, ки мақомоти узбак "ба таври шифоҳӣ" баргузории ҳар гуна маросим ва барномаҳои консертиро ба муносибати Рӯзи Валентин, ки ба 14 феврал рост меояд, манъ кардаанд. Масъулони чунин барномаҳо ҳушдор гирифтаанд, ки дар солҳои оянда низ дар ин рӯз аз баргузории ҳама гуна маросим ва барномаҳо ба муносибати Рӯзи Валентин худдорӣ кунанд.

БОБУР КИСТ?

Аммо ба ҷойи ҷашни Валентин ё худ Рӯзи ошиқон, ки дар солҳои ахир дар миёни ҷавонон дар шаҳрҳои бузурги ин кишвар муд шуда буд, мақомот дастур додаанд, ки 14-уми феврал зодрӯзи Заҳуриддин Муҳаммад Бобур, шоир ва бунёдгузори сулолаи Бобуриёни Ҳинд дар қарни 16 ҷашн гирифта шавад. Муҳаммад Бобур зодаи шаҳри Самарқанд ва аз наберагони Темури Ланг буд, ки пас аз ҷанг бо Шайбонихон ба Ҳинд фирор кард ва дар он ҷо давлати Бобуриёнро таъсис дод. Ба ҳамин далел, мақомоти Узбакистон монанди Темур ӯро низ аз бузургони қавми узбак хонда ва ба ӯ ифтихор доранд.

Ба ин тартиб, интизор меравад дар Рӯзи Валентина дар кохи “Истиқлол”–и шаҳри Тошканд ҳамоише дар робита бо зодрӯзи Бобур, ки низ мутаваллиди 14 феврал аст, доир шавад. Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки мақомоти узбак таҷлил аз Рӯзи Валентинаро баргирифта аз дину фарҳанги масеҳӣ медонанд, ки он бо арзишҳои миллӣ ва исломии сокинони Узбакистон мутобиқат намекунад.

ДАР ДИГАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ЧӢ?

Чанде пеш мақомоти Туркманистон, яке аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, низ таҷлил аз ин рӯзро дар қаламрави кишвари худ мамнуъ карда буданд. Дар Туркманистон, дар даврони раёсати ҷумҳурии Сафармурод Ниёзов оперо ва боллет низ ба унвони "ҳунарҳои бегона" мамнӯъ шуда буд.

Вале дар кишварҳои дигари ин минтақа, аз ҷумла, дар Тоҷикистон ҳамсола теъдоде аз сокинон, бавижа ҷавонони донишҷӯй ва таҳсилкарда дар Ғарб, бо пешниҳоди ҳадияҳо ба дӯстдоронашон аз Рӯзи Валентини муқаддас дар шаҳрҳо таҷлил мекунанд. Маъмулан, дар фурӯшгоҳҳои Душанбе ва шаҳрҳои дигари бузурги Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи Валентин гурӯҳи ҷавонон барои харидории тӯҳфаҳо ё ҳадияҳо барои дӯстдоштаҳояшон мушоҳида мешавад.

Бештари ҷавонон мегӯянд, ки дар бораи шахсияти Валентин ва таърихи пайдоиши Рӯзи ошиқон иттилоъи дақиқе надоранд, вале аз ин, ки чунин як иде бо номи “рӯзи ошиқон” вуҷуд дорад ва онҳо фурсате барои додани ҳадя ба дӯстдоштаҳояшон меёбанд, ҳушҳоланд ва ин иқдоми ҷумҳурии Ӯзбакистонро дар нисбат ба озодиҳои ҷавонон дар он кишвар маҳкум мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон рӯзи Валентина ё худ Рӯзи ошиқон расман таҷлил намешавад ва он миёни ҷавонон ҳамчун ёдоварӣ аз “рӯзи ошиқон” ё “дӯстдоштаҳо” таҷлил мегардад, ки дар бораи он қиссаҳо зиёданд. Дар гузашта низ теъдоди каме аз сокинони кишварҳои собиқ Шӯравӣ аз вуҷуди Рӯзи Валентин иттилоъ доштанд. Вале дар солҳои ахир бо таваҷҷӯҳ ба густариши интернет ва шабакаҳои иҷтимоъӣ, теъдоди афроде, ки ин рӯзро ҷашн мегиранд, афзоиш меёбад.

Рустам Ахмедов, як ҷавонписари тоҷик аст, ки мегӯяд, ман дар воқеъ аз интернет дар бораи рӯзи Валентин огоҳ шудам ва аз ин тариқ барои маъшуқаам ҳар сол туҳфа мекунам ва ӯ низ ин рӯзро дар ёд дорад ва ба ман ҳадя медиҳад:

“Ман дар мактаби миёна дар синфи нуҳум мехондам, як духтар ба ман тӯҳфа кард. Ман гаранг будам нафаҳмидам, гуфтам, ки ҳоло 23 феврал нест-ку. Пасон ман соли 2004 ҳангоми донишҷӯӣ аз интернет фаҳмидам, ки ин рӯз воқеан рӯзи ошиқон ва дилдодагон аст, ки мо ин рӯзро дидем ва хоҳем дид”.

Дилбар, донишҷӯдухтари дигар мегӯяд, "ҳарчанд дар бораи Рӯзи Валентин зиёд огоҳ нестам, аммо аз он, ки бароям дар ин рӯз тӯҳфа медиҳанд, ман низ чун дигарон онро ҷашн мегирам ва ҳар сол мунтазир мешавам:

“Ман аз ибтидо намедонистам, вале аз интернет огоҳӣ пайдо кардам, ки воқеан ҳамин хел рӯзҳо ҳаст. Ман бо дӯстдоштаи худ дар ин рӯзҳо вомехӯрам ва ин рӯзро дер боз интизорам”.

Зимнан, дар бораи пайдоиши рӯзи Валентин ривоятҳои мухталиф мавҷуд аст. Тибқи бархе ривоятҳо, ҷашнигирии рӯзи Валентин дар давраи пеш аз Милоди Масеҳ низ вуҷуд доштааст. Вале роиҷтарин ривоят ин аст, ки дар қарни севуми мелодӣ, яке аз фармонравоёни Руми бостон барои муддате издивоҷро миёни ҷавонон мамнӯъ кард.

Вай фикр мекард ҳамон сарбозе беҳтар меҷангад, ки муҷаррад бошад ва барои онҳое, ки издивоҷ мекунанд, муҷозоти сангине муқаррар кард. Дар он замон, кашиши масеҳӣ бо номи Валентин буд, ки ба таври пинҳонӣ ҷавононро ба ақди никоҳи ҳам медаровард. Барои ин кор Валентина ба зиндон уфтод ва дар он ҷо ошиқи духтари зиндонбон шуд. Аммо пеш аз он, ки Валентин қатл шавад, ба духтари зиндонбон номаи ошиқона дод, ки дар поёни он навишта буд: "Валентини ту". Пас аз он, исми Валентин муродиф бо фидоии ишқ шуд ва ҷашни "Рӯзи Валентин" аз он ҷо сарчашма гирифтааст.
XS
SM
MD
LG