Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мамнӯъгоҳи "Зоркӯл" дар National Geographic


Як гурӯҳ аз телевизиони National Geographic барои наворбардории филми мустанад ба Зоркӯли Тоҷикистон меоянд.

Созмони байнулмилалии ҳифзи олами набототу ҳайвонот дар манӯъгоҳи Зоркӯл ду навъи нодири кабкро пайдо карда, бори аввал бабрҳои барфии зебову ҳиҷолатиро наворбардорӣ намудааст.

То як соли дигар манзараҳои зебову олами бойи ҷонварони Зоркӯли Тоҷикистонро дар телевизиони National Geographic хоҳем дид.

Алекс Даймент, намояндаи Fauna & Flora International (Созмони байнулмилалии ҳифзи олами набототу ҳайвонот), ки 1 бор дар Зоркӯл будаааст, бо Радиои Озодӣ дар ин бора сӯҳбат кард. Вай гуфт, "мамнӯъгоҳ ва кӯли бузурги Зоркӯл як маҳалли аслии сукунати паррандагонест, ки аз ҷануб ба шимол муҳоҷират мекунанд ва аксаран онҷо дам мегиранд ва баъзе аз навъи паррандаҳои муҳоҷир дар тобистон тухм мегузоранду чӯҷа меоранд. Ҳамчунин, мо хостем, то бо олами набототу ҳайвоноти кӯҳҳои атрофи кӯл ошно шавем. Аз ин рӯ, мо тамоми анвоъи рустанӣ, паррандаву ширхорҳо ва тамоми мавҷудоту ҷондорҳои обии кӯлу рудхонаҳои он минтақаро таҳқиқу сабт кардем."

Радиои Озодӣ: Чанд навъи паррандаҳо ё ҷондорҳои навро дар мамнӯъгоҳи Зоркӯл мушоҳида кардед?

Алекс Даймент: “Дар манӯъгоҳи Зоркӯл, 120 навъи ҷонвару мавҷудот мушоҳида шуд ва аз ҷумла 3 мурғи нав, ки дар онҷо қаблан сукунат надоштанд. Дар онҷо мурғони обдӯсти зиёд аст, аз ҷумла куланги азим, навъҳои гуногуни моҳихӯр (чайка), баъзе аз навъи паррандаҳои шикорӣ. Дар кӯҳҳои атрофи Зоркӯл навъҳои зиёди паррандагону ҷонварон сукунат доранд, бо шумули кабки барфӣ, ки як навъи бузурги паррандаи биҳиштӣ ҳаст. Дар ин минтақа ду навъи кабкҳои барфии тибетӣ ва ҳимолойӣ ҳамроҳ сукунат доранд, ки ин чиз бисёр ғайримуқаррарист."

Радиои Озодӣ: Шумо зимни пажӯҳиш бори аввал бабрҳои барфиро ба навор гирифтед ва мегӯед, ин ҷонварони зебову ҳиҷолатӣ дар солҳои ахир 20 дарсад коҳиш ёфтааст. Сабабҳои кам шудани ин ҷонварон чист?

Алекс Даймент: “Барои бабрҳои барфӣ мушкилоти зиёде вуҷуд дорад, бахусус, дар минтақаҳое, ки одамон зиндагӣ мекунанд ва ба муҳити зисти онҳо зиён мерасонанд. Бабрҳои барфӣ аксаран бузҳои кӯҳӣ ва дигар бузҳои ваҳшии шохдорро мехӯранд. Дар Зоркӯл теъдоди зиёди бузҳои кӯҳӣ ҳастанд, аз ҷумла гӯсфанди Марко Поло, бузургтарин гӯсфанди кӯҳӣ дар ҷаҳон, ки шохҳои азим дорад. Барои ҳамин, Зоркӯл ҷойи хубе барои сукунати бабри барфӣ аст, зеро хӯроки зиёде доранд. Дар маҳалҳои сукунати бабрҳои барфӣ дар гӯшаҳои дигари ҷаҳон тӯъмаи онҳо бар асари шикору афзоиши ҳайвоноти хонагӣ танг шудааст. Таҳдиди бузургтарин ба ҷони бабрҳои барфӣ шикори ғайриқонунӣ аст. Пӯсти ин бабрҳо ҳазорон доллар қиммат дорад ва қӯруқшиканҳои (браконйер) зиёде дар гӯшаҳои дурдасти дунё онҳоро пайдо мекунанд."

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон ҳоло чанд бабри барфӣ боқӣ мондааст?

Алекс Даймент: “Дар тамоми Тоҷикистон тахминан 200 бабри барфӣ сукунат доранд ва дар Қирғизистон шояд аз 200 то 300 адад вуҷуд дошта бошад. Дар ин гӯшаи ҷаҳон теъдоди онҳо бисёр кам аст, вале худи минтақа минтақаи бисёр муҳим барои ин ҷонварҳост, зеро як пули пайвасткунанда миёни маҳалҳои шимолии сукунати бабрҳои барфӣ дар Муғулистону Русия ва Қазоқистон ва маҳалли сукунати онҳо дар ҷануб дар Ҳимолойу Чин мебошад. Онҳо наметавонанд, аз биёбони азими Такламакон дар Чин бигзаранд, барои ҳамин бояд чарх зада аз тариқи Қирғизистону Тоҷикистон бигзаранд. Аз ин рӯ, мо ба ин маҳалли муҳим таваҷҷӯҳ кардем."

Радиои Озодӣ: Барномаву пажӯҳиши шумо барои ҳифзи ин ҳайвоноти нодиру олами набототу ҳайвоноти Зоркӯл чӣ гуна мусоидат мекунад?

Алекс Даймент: “Пажӯҳиш дар Зоркӯл ва атрофи он нахустин қадам дар роҳи муҳофизати олами набототу ҳайвоноти минтақа аст. Бахши дигари кор кӯмак дар мудирияти муносиби мамнӯъгоҳ аст, ки раёсаташ барномаҳои муҳофизати мамнӯъгоҳро дошта бошанд, барномаҳои ҷалби сайёҳонро таҳия кунанд. Мо бо мамнӯъгоҳ то се соли дигар кор мекунем, то мудирияти он беҳтар шавад. Дар ду соли гузашта, ҳатто рафтан ба мамнӯъгоҳ мушкил буд, ки барои расидан ба он ду-се рӯз даркор аст. Кормандони мамнӯъгоҳ ҳатто мошин ва дигар абзорҳои сафар ба онҷоро надоштанд ва мо умедворем, ин мушкилотро то ду се соли оянда ҳал мекунем."

Радиои Озодӣ: Шумо нияти гирифтани филми мустанад дар бораи мамнӯъгоҳи Зоркӯлу олами набототу ҳайвоноти онҷоро надоред?

Алекс Даймент: “Бале як гурӯҳи телевизиони National Geographic тобистони имсол барои наворбардории як филми мустанади махсус дар бораи кори мо дар Зоркӯл ба Тоҷикистон меояд."
XS
SM
MD
LG