Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон омодааст газ диҳад, аммо ба кадом роҳ?


Мақомоти Туркманистон мегӯянд, омода ҳастанд, ки ба Тоҷикистон газ диҳанд, агар Узбакистон розӣ шавад.

Саидаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати "Тоҷиктрансгаз", низ ин хабарро тасдиқ кард. Ӯ рӯзи панҷшанбе, 29-уми март, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ирсоли номаи онҳо ба мақомоти Узбакистон дар масъалаи транзити гази Туркманистон ба Тоҷикистон ду рӯз мегузарад, вале Тошканд ҳанӯз посухе надодааст.

Ба қавли раҳбари ширкати "Тоҷиктрансгаз", мақомоти Туркманистон изҳори омодагӣ кардаанд, ки агар Тошканд роҳи худро боз кунад, онҳо гази худро ба ин кишвар интиқол хоҳанд дод. Туркманистон танҳо аз тариқи лӯлаи гази Узбакистон метавонад, ки ба Тоҷикистон газ диҳад.

Саидаҳмад Шарофиддинов гуфт, бо ин вуҷуд онҳо талош доранд, бо ҳар роҳе бо мақомоти Тошканд музокираро идома диҳанд. Вай афзуд, сукути Узбакистон дар посух ба ин дархостҳои Тоҷикистон чӣ маъно дорад, ҳоло чизе гуфтан барвақт аст.

Мақомоти Узбакистон ахиран зимни номае ба Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки сар аз 1-уми апрел мӯҳлати созиши харидории газ ба поён мерасад ва Узбакистон ба далели иҷрои созишномаи худ бо Чин, имкони тамдиди харидории гази табиӣ бо Тоҷикистонро надорад. Бар иловаи Узбакистон яке аз кишварҳои дигаре, ки дар гузашта Тоҷикистонро бо газ таъмин маекард, Туркманистон буд. Аммо ҳоло ба далели қатъ будани роҳи интиқоли транзити газ дар қаламрави Узбакистон ин имкон низ мавриди суол қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG