Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муколама" ҳақиқати ҷангу сулҳи тоҷиконро таҳқиқ мекунад


Иброҳим Усмонов, донишманди тоҷик
Иброҳим Усмонов, донишманди тоҷик

Бо ибтикори донишманди тоҷик, профессор Иброҳими Усмон, фонди "Муколамаи тамаддунҳо" таъсис ёфтааст.

Фонд ё Бунёди "Муколамаи тамаддунҳо" як созмони навбунёди иҷтимоист, ки ҳадаф дорад ҳодисаҳои муҳими рухдода дар замони истиқлолияти Тоҷикистон, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандӣ, ҳақиқати сулҳи тоҷикон, раванди барқарории баъди ҷангӣ ва муносибати байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ва аҳзоби сиёсии ин кишварро мавриди пажӯҳиши илмии холисона қарор бидиҳад.

Муассиси ин Фонд, донишманди тоҷик, Иброҳими Усмон, собиқ мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон, узви ҳайати музокиротии ҷониби давлат дар гуфтугӯи тоҷикон дар замони ҷанги дохилӣ ва узви Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло ин ҳодисаҳо ва равандҳо якҷониба инъикос меёбад ва гоҳо аз забони нафароне садо медиҳад, ки аз воқеиятҳо дуранд.

Қарор аст, маросими муаррифии барнома ва нақшаҳои фонди «Муколамаи тамаддунҳо» ҳафтаи оянда дар шаҳри Душанбе доир шавад. Дар гуфтугӯе бо "Озодӣ", ҷаноби Иброҳими Усмон ба ин пурсиш, ки чӣ зарурат ба ташкили як чунин созмон пеш омад ва ҳадафи аслии он аз чӣ иборат аст, посух гуфт.

Иброҳим Усмонов: "Мақсади асосии ин Фонд таҳқиқ аст. Таҳқиқи ҳақиқати сулҳ ва ҷанги Тоҷикистон, таҳқиқи воқеияти он ҳодисаҳое, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва муқовимати сиёсӣ ба амал омаданд, таҳқиқи муносибати байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, таҳқиқи муносибати байни арзишҳои умумибашарӣ, арзишҳои миллӣ ва арзишҳои динӣ. Ончи ки таҳқиқ шуд, дар мизи мудавварҳо, конфаронсу семинарҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад. Нашру табъи онҳо дар шароити кунунӣ ҳоло масъалаи асосӣ нест."

Озодӣ: Аммо барои иҷрои ин ҳама корҳо маблағ ва мутахассисҳо зарур аст?

Иброҳим Усмонов: "Ман дар ин бора фикр кардаам. Ҳоло мо як сармоягузори муайян ва ё созмону ташкилоте, ки пуштибониашро эълон карда бошад, надорем. Вале мо ба он созмонҳо ва ба он шахсиятҳое такия кардан мехоҳем, ки онҳо дар ин масъалаҳо эҳтиёҷи донистани бештарро доранд. Шояд шахсиятҳое пайдо шаванд, ки пайи ин гуна чизҳо бошанд. Ва дуруст аст, ки мутахассисонро ройгон ҷалб карда наметавонем ва ба қадри пайдо шудани имконияти моддӣ, онҳоро дар ин корҳо истифода хоҳем кард."

Озодӣ: Бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи фаъолияти шумо, ки дар ҳукумат кор кардаед, мушовири давлатии раиси ҷумҳурӣ будед, шояд ин гуна бардоштҳо бишавад, ки ин ҳама таҳқиқотҳо шояд «ҳукуматӣ» ҷамъбаст карда шаванд?

Иброҳим Усмонов: "Дар шароите ба таъсиси ин фонд ва анҷом додани ин кор даст задам, ки дигар корманди ҳукумат нестам. Ман ба ҳайси як нафар олим, як нафар шахсе, ки воқеаҳои солҳои навадумро дидааст ва худаш то андозае таҳқиқ кардааст, иштирок мекунам. Як чизро бояд бигӯям, ки ончи ки ҳозир пурсида ва сабт карда мешавад, шояд дар ин солҳои наздик, дар ин панҷ солу даҳ соли оянда ба шакли китоб дарҷ нашавад. Эҳтимол ин ҳама мисли маводи бойгонӣ хоҳад буд, ки ҳар касе, ки таваҷҷӯҳ кард, онро ба риштаи илм мекашад. Ин мавод маводи танҳо ҳукумати Тоҷикистон ва ё танҳо барои ин ҳукумат намешавад. Ин мавод барои миллат ва халқи Тоҷикистон мешавад. Ва гуфтаи ин бародарҳо, хоҳ он дар вақти муқовимати сиёсӣ аз ҷониби ҳукумат сухан гуфта бошанд, хоҳ онҳо дар он замон дар муқобили ҳукумат сухан гуфта бошанд, дар ҳамон шакле, ки мегӯянд, маҳфуз нигоҳ дошта мешавад, то ки барои муқоиса ва баҳо додан ба гузашта истифода карда шавад. Аз ин рӯ ман гумон намекунам, ки мавқеи собиқи ман ба коре, ки имрӯз ният дорам анҷом диҳем, таъсир гузошта тавонад."

Озодӣ: Чун фонди шумо «Муколамаи тамаддунҳо» ном гирифтааст, фикр мекунед дар шароити имрӯз низ миёни гурӯҳҳо созмонҳо, аҳзоб ва дигар неруҳои сиёсӣ зарурати муколама ва музокира боқист?

Иброҳим Усмонов: "Бале. Касе ки гумон дорад ҳама чиз ҳаллу фасл шудаасту дигар зарурияти музокира кардан нест, зарурияти фикри дигарҳоро шунидан нест, ҳадди ақал саҳв мекунад. Зеро бо таъсири муҳити иттилоотии имрӯза, ки он ҷаҳонро идора мекунад, ҳамеша афкори мардум дар ҳоли тағйирёбист. Воқеаҳои дар дунё ба амалмеомада ба руҳияи онҳо таъсир мекунад. Аз онҳо ибрат гирифтан мехоҳанд, ба онҳо аксуламал нишон додан мехоҳанд, ки ҳама дар фаъолиятҳои дохилии онҳо ҳам зоҳир мешавад. Аз ин рӯ андеша кардан, ки зарурияти муколама кардан дар ҷомеаи мо боқӣ намондааст, чи хеле гуфтам саҳв аст. Зеро эҳтиёҷ ба муҳокима ҳамеша буд ва ҳаст ва гуфтаи Саъдӣ, ки «Илм бе баҳс пойдор намонад», аслан маънои муколамаро дорад."

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед
XS
SM
MD
LG