Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ аз нигоҳи ҳамсолонаш


Ҷавонони тоҷик мегӯянд, сарфи назар аз гуфтумонҳои зиёд атрофи Иҷлосияи 16-ум, ҳамоно аз воқеияти аслии он бехабаранд ва суолҳои бепосухи зиёде доранд.

Ҳамоишу мулоқотҳо бо ҷавонон дар шабу рӯзи 20-уми солгарди Иҷлосияи 16-ум ғолибан таҳти унвони «Иҷлосияи тақдирсоз» ва бо ширкати намояндагони бархе аз ҳизбҳои кишвар ва мақомдорони давлатӣ баргузор мешаванд. Ахиран дар Донишгоҳи миллии кишвар намояндагони Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Ҳизби коммунистӣ ба донишҷӯён аз таърихи Иҷлосияи 16-ум ва нақшу аҳдофи он иттилоъ додаанд.

Ҷумъахон, донишҷӯи ин донишгоҳ ва раҳбари парлумони ҷавонони Тоҷикистон, мегӯяд, ташкили чунин суҳбатҳо барои ҷавонони ҳамсинни ӯ муҳим аст: "То ҷое иттилоъ ёфтам, иҷлосия пеш аз ҳама ба бесарусомониҳо хотима дода, баъдан чӣ тавре медонем, тибқи қарори ин иҷлосия ҳамаи гурезаҳо аз хоки Афғонистон ва дигар давлатҳо ба Ватан баргардонда шуданд. Ба назари ман, агар ҳар як фарди кишвар аз таърих ва нақши ин иҷлосия огоҳ шавад, дигар оянда ин иштибоҳҳои 20 соли қабл такрор нахоҳанд ёфт."

Ҷумъахон
Ҷумъахон
Зоҳид Юсуф, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки ҳамсоли Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон аст, мегӯяд, ҳар иттилое, ки дар робита ба он ҳодисаи таърихии кишвар медонад аз китобу маводҳо ва нишасту сӯҳбатҳои насли бузургсолтар ба даст овардааст: "Тавре аз китоби «Меъмори Ваҳдат» ки дар бораи раисиҷумҳур аст, иттилоъ гирифтам, ин иҷлосия Тоҷикистонро барқарор намуд. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ гуфта мешудаст, ки Тоҷикистон аз харитаи сиёсии ҷаҳон меравад ва сиёсатмадорони мо бо ҳадафи интихоби як пешво ва мустаҳкам кардани мавқеи кишвари худ дар харитаи сиёсии ҷаҳон гирди ҳам омаданд ва ба ҳадаф расиданд."

Аммо дар ҳамин ҳол, гурӯҳи дигари ҷавонон аз он норозигӣ мекунанд, ки маълумоте, имрӯз дар бораи иҷлосияи шонздаҳум ба онҳо пешниҳод мешавад, мисли дигар ҳодисаҳои он солҳо якҷониба ва аз мавқеи ҳукуматдорон аст. Ҷавонон мегӯянд, дар мулоқотҳое ҳам ки бахшида ба солгарди иҷлосия доир мешавад, ғолибан намояндагон аз ҷониби ҳукумат ширкат мекунанд ва иштирокчиёни Иҷлосияи шонздаҳум аз ҷониби иттиҳоди мухолифин даъват намешаванд.

Сиёвуш Қосимзод
Сиёвуш Қосимзод
Сиёвуш Қосимзод, донишҷӯи дигари тоҷик мегӯяд, иҷлосияи шонздаҳум ба нафъи мақомоти кунунии Тоҷикистон анҷом ёфт: "Асли воқеият ин аст, ки дар он гирудорҳо, ҷиноҳҳои сиёсӣ манфиатҳои худро доштанд ва ба назари ман мақомоте, ки аз иҷлосияи шонздаҳум манфиат диданд ва ба ҳукумат расиданд, талош доранд то ба он воқеаҳо бо назардошти манфиати баҳо диҳанд ва асли онро пӯшида нигоҳ медоранд.»

Иддае аз ҷавонон мегӯянд, дар расонаҳо ва аксар китобу навиштаҳо роҷеъ ба ҳодисаҳои таърихи на чандон дури Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи иҷлосияи шонздаҳум назарҳои мухталиф нашр мешаванд ва ин назарҳои зидду нақиз ҷавононро дар дуроҳа қарор додааст. Барои мисол бархе иҷлосияро тақдирсоз ва гурӯҳе ҳам онро номуваффақ арзёбӣ мекунанд.

Аҳмадхӯҷа, донишҷӯи Донишкадаи исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ӯ намедонад кадоме аз ин навиштаҳо ба воқеият наздик аст ва ба кадоми бояд эътимод кард. Ба гуфтаи Аҳмадхӯҷа барои иттилои дақиқ ва огоҳӣ аз асли воқеаҳои 20 соли қабл, бояд ба ҷавонон имкон дода шавад, то ба шоҳидони айнӣ ва ширкатдорони иҷлосияи 16-ум аз ҳар ду ҷониб мулоқот кунанд.

Аҳмадхӯҷа бо таассуф таъкид кард, ки имрӯз бинобар вуҷуди маҳдудият дар донишгоҳҳо донишҷӯён наметавонанд бо дилхоҳ сиёсатмадор ва ё намояндагони аҳзоби мухталифи кишвар мулоқоту вохӯриҳо доир кунанд: "Воқеан, мехоҳам намояндагони ҳама аҳзоб бо ҷавонон вохӯранд ва нисбат ба иҷлосия, ки то куҷо ба ҳадаф расид ва оё воқеан ҳам ин тақдирсоз буд, назарашонро бигӯянд. Ростӣ, ҳамин баҳогузории мухталиф бисёр донишҷӯёнро ҳайрон кардааст, Ҳар кас аз нигоҳ ва ба манфиати худ баҳо медиҳад. Ман бисёр сари ин масъала фикр мекунам ва мехоҳам ҳақиқатро бидонам."

Аммо боз ҳам на ҳама ҷавонон мисли ин мусоҳибони мо мехоҳанд асли воқеаҳои 20 соли қаблро бидонанд. Бахши аъзами ин тоифа чунон пойбанди мушкилоти зиндагии имрӯзаи худанд, ки рӯйдодҳои соли 1992 барояшон як таърихи хеле дур ва дигар начандон муҳим менамояд. Ба гуфтаи як мусоҳиби ҷавони мо, бояд рӯи оянда фикр кард, на гузашта. Хусусан гузаштае, ки бо он ҳама дарёи ҷангу хунаш ҷои зиёде барои ифтихор надорад. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ, ки бо рангҳои мухталифу зиддунақиз нақши таърих шудааст, дар зеҳни насли ҷавон низ чунин таассуроти гуногун ба ҷо гузоштааст.
XS
SM
MD
LG