Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таъхири баҳси қонуни ВАО, ба интихоботи 2013 рабте надорад"


Олим Салимзода, раиси Кумитаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи МН-и Тоҷикистон.
Олим Салимзода, раиси Кумитаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи МН-и Тоҷикистон.

Тарҳи Қонун дар бораи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон беш аз ду сол аст, ки мавриди баррасии маҳофили рӯзноманигорон ва ниҳодҳои давлатӣ қарор дорад.

Қарор буд ин лоиҳа моҳи ноябр ба Шӯрои Маҷлиси Намояндагон ҷиҳати арзёбӣ ва пешниҳод барои муҳокима ба парлумон фиристода шавад. Аммо пешниҳоди он боз ҳам ба таъхир афтодааст.

Тарҳи нави қонуни матбуот дар ду соли пеш аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода ва Акрамшо Филолиев таҳия ва ҷиҳати беҳтар ва хубтар омода шудани он, як гурӯҳи кории иборат аз рӯзноманигорон ва мутахассисон ташкил ва ба ин кор ҷалб шуда буданд. Тарҳи мазкур чанд навбат дар маҳофили журналистӣ баррасӣ ва мулоҳизоти хабарнигорон роҷеъ ба он гирифта шудааст. Аммо ба сабабҳои номаълум қабули он дар парлумон то кунун ба дарозо мекашад.

Дар як сӯҳбат Олим Салимзода, раиси Кумитаи умури байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ва яке аз муаллифони тарҳи мазкур дар ибтидо ба ин пурсиш, ки чаро қабули он ба ин кундӣ ва кашолкорӣ пеш меравад, гуфт:

Салимзода: Тарҳи Қонун дар бораи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон баъд аз муддати тӯлонӣ, ки гурӯҳи корӣ болои он кор кард, дар вақтҳои наздик ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод мегардад. Ва агар ки Шӯро пазируфт, минбаъд барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешавад. Чаро мо дар пешниҳоди ин тарҳ таъхир доштем? Сабаби асосӣ ин муҳокима аз сӯи гурӯҳи корӣ ва ҳамкасбони мову шумо буд. Чунки худи онҳо мехостанд, ки қонун ҳамаҷониба баррасӣ шавад ва сипас ба Маҷлис пешниҳод карда шавад. Албатта дар матни нави лоиҳа тағйироти зиёде ворид карда шудаанд. Аҳли қалам ҳама он ниёзҳову назару пешниҳодҳое, ки доштанд, мо кӯшиш кардем, ки онҳоро дар ин тарҳ ҷо бидиҳем. Ба назари ман ба унвони яке аз муаллифон, тарҳи қонун дар он шакле, ки имрӯз омода шудааст, ҳам аз нигоҳи услуб ва ҳам аз нигоҳи дарбаргирии меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҳам аз нигоҳи забон ва тарзи баён хеле такмил ёфтааст.

Озодӣ: Ду сол мешавад, ки ин лоиҳа мавриди коркард қарор дорад. Вале ҳанӯз ҳам мушаххас нашудааст, ки ба Шӯро кай пешниҳод мешавад. Баъзе сӯҳбатҳо мешавад, ки иллати таъхири он вобаста аст ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки барои баргузори он камтар аз як соли дигар мондааст?

Салимзода: На. Ман қаблан ҳам зикр кардам, ки тарҳи аз ҷониби мо омодашуда фақат бо хоҳиши гурӯҳи корӣ, ки ҳамоно болои он кор мекард, пешниҳоди он ба таъхир афтод. Он ягон рабте ба интихоботи раиси ҷумҳурӣ надорад. Ва дар назар аст то охири ҳамин сол ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод ва мавриди тасвиб қарор бигирад.

Озодӣ: Яке аз нуктаҳои баҳсбарангези Қонуни матбуот, тарзи сабти номи васоити ахбори омма ва мушаххас кардани ниҳодҳои масъул барои анҷоми ин кор аст. Яъне кадоме аз ниҳодҳо бояд ин масъулиятро бар дӯш дошта бошанд?

Салимзода: Мувофиқи талаботе, ки қонунгузории Тоҷикистон дорад, вобаста ба тарзи ташкиливу ҳуқуқии васоитаи ахбор омма, ҳамаи онҳо аз қайди давлатӣ мегузаранд, сабти ном мешаванд ва ба хотири онки феҳристи васоити ахбори омма муназзам ва хуб пеш бурда шавад, онҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ягон чизе, ки боиси нигаронии аҳли қалам бошад, дар ин тарҳ вуҷуд надорад. Фақат мушаххасан барои сабти ном шудани нашрияҳо меъёрҳо дар тарҳи нав муфассал баён шудаанд, ки ин ё он нашрия вақте мехоҳад, ки таъсис ёбад, бояд чиро ба инобат бигирад, аз ойинномааш шурӯъ карда то он суроғае, ки ҷойгир мешавад.

Озодӣ: Манзурам ин аст, ки минбаъд нашрияҳо дар вазорати адлия ё вазорати фарҳанг ва ё равзанаи ягонаи Кумитаи андоз сабти ном хоҳанд шуд?

Салимзода: Сабти номи онҳо вобаста аст ба шакли ташкиливу ҳуқуқиашон. Чун баъзе аз онҳоро, ки муассисашон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аст, баъзеашон ниҳодҳои давлатӣ мебошад, инҳо аз равзанаи ягона вале дар вазорати фарҳанг фақат сабти ном мешаванд, яъне ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ба қайдгирӣ дар равзанаи ягона аст, албатта вобаста ба шакли ташкиливу ҳуқуқӣ ва қисмеашон шояд дар вазорати адлия сабти ном бишаванд.

Озодӣ: Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон масъалаи баста шудани бархе аз сайтҳо ба як мушкил табдил ёфта ва ҷомеаро нигарон кардааст. Дар ин авохир шабакаи иҷтимоии Facebook.com баста шуд, ки хеле сару садоҳои зиёдеро ба бор овард, ки гуфта мешавад ба имиҷи байналмилалии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Оё ин масъала дар парлумон мавриди баррасӣ қарор намегирад?

Салимзода: Баста шудани сайтҳо дар Тоҷикистон албатта рабте ба қонуне, ки мо таҳия кардаем, надорад. Ин баҳси ҷудогона аст. Умуман интернет ва фаъолияти интернет ин баҳси алоҳида аст. Албатта баста шудани Фейсбукро ман ҳамчун яке аз шаҳрвандони ин кишвар шахсан намеписандам. Бояд фаъол бошад ва то ҷое, ки аз он баҳсҳо, ки дар матбуот идома дорад, огоҳӣ ёфтам. Ин баста шудан, агар ҳамин хел гуфтан мумкин бошад, муваққатист.
XS
SM
MD
LG