Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлобиев: Ба адолати судӣ дар Тоҷикистон бовар доштам


Бегмад Кӯлобиев, сардухтури беморхонаи ноҳияи Шӯрообод.
Бегмад Кӯлобиев, сардухтури беморхонаи ноҳияи Шӯрообод.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Бегмад Кӯлобиев, сардухтури беморхонаи ноҳияи Шӯрообод ва вакили маҳаллиро пас аз ду соли баҳсҳои додгоҳӣ, бегуноҳ донист.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли вакили мудофеи ин пизишк, қаблан додгоҳҳои маҳаллӣ Кӯлобиевро бо се моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ғайримақсаднок истифода бурдани амволи давлатӣ, пешниҳоди пора ба додситонии Шӯрообод ва истифода аз мақоми хидматӣ гунаҳкор дониста буданд.

Дар марҳиллаи аввали баррасии парванда додгоҳи Кӯлоб ин пизишкро ба 12 соли зиндон маҳкум кард, аммо додгоҳи минтақавӣ ин ҳукмро ба ҷарима иваз кард. Аммо Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро комилан бегуноҳ донист.

Бегмад Кӯлобиев, ки ҳамакнун дар вазифаҳои собиқи худ дубора барқарор шудааст, мегӯяд, ба бегуноҳии худ ва адолати судӣ дар Тоҷикистон аз рӯзи аввал бовар дошт. Ӯ боздошташро нодуруст ва кори «одамони ғаразнок» унвон кард, ки дар пайи қасос гирифтан аз ӯ будаанд:

«Пеш аз ҳама ба он судяҳое, ки дар касби худ содиқонаву софдилона кор мекунанд, миннатдорӣ мекунам. Ман бовар доштам, ки як рӯз не як рӯз ҳақиқат ғолиб меояд. Сабаби парванда боз шуданам ин буд, ки доим тарзи дуруст истифода бурдани маблағҳои соҳаи тандурустиро дар маҷлисҳои ҳукумати маҳаллӣ мегуфтам, ки ба бисёриҳо писанд набуд. Аввал бо баҳонаҳои сохта парванда боз шуд, баъдан бо ҳар роҳ коре кардан ки ман ришва диҳам. Гӯё кадом як хеши дури ман ба прокурор барои ғам надодани ман пора пешниҳод карда бошад, ки ин дар мурофиаҳои судӣ тасдиқи худро наёфт.»

Низомиддин Ёқубов, вакили мудофеи оқои Кӯлобиев, мегӯяд, нафари таҳти ҳимояташ давоми ду сол наздики 100 рӯзро дар боздоштгоҳ паси сар кардааст ва чун ҳукми бегуноҳиаш исбот шудааст, онҳо талош доранд, то зарари расида ба ӯро тариқи додгоҳ барқарор кунанд: "Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 27 сархати 2-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне дар кирдорҳои Кулобиев Бегмад, зерҳимояи ман набудани кирдорҳои ҷиноятӣ қатъ карда шуд. Ҳоло мо ба суди Кӯлоб барои барқарор кардани зарари расида ба Кӯлобиев ариза навиштаем. Зеро моҳҳои тӯлонӣ дар маҳбасхонаи муваққатӣ буд, ки албатта дар ин муддат маош нагирифтааст ва ҳам ин баҳсҳои додгоҳӣ ба обрӯяш бетаъсир намондааст.»

Дар ҳамин ҳол аксари сокинони ноҳияи Шӯрообод аз Бегмад Кӯлобиев ба ҳайси беҳтарин ҷарроҳ ёд мекунанд. Саидаҳмад Бобоев, як сокини маҳаллӣ, Кӯлобиевро дар касби худ дар ин ноҳия ягона донист. Ба гуфтаи ин сокини Шӯрообод, онҳо фаъолияти маъмурии ин пизишкро намедонанд, аммо аз ҷарроҳ буданаш хеле розиянд: «Дар Шӯрообод ягон табиби хуб хоҳиши кор кардан надорад. Мардуми ноҳия камбизоатанд ва даромад ҳам камтар аст. Ҳатто худи зодагони ҳамин минтақа, ки Донишгоҳи тиббӣ тамом мекунанд, хоҳиши ин ҷо кор кардан надоранд. Барои ҳамин мисли Кӯлобиев духтурҳои хубро бояд эҳтиёт кард. Ба кору бори ҳуҷҷатиаш кор надорам, аммо ба ҷарроҳи хуб буданаш ҳама қоиланд.»

Бад ин тартиб, сокинон Кӯлобиевро аз камтарин ҷарроҳони касбӣ медонанд, ки дар шароити ноҳияи кӯҳистонии Шӯрообод кор мекунад. Бегуноҳ донистанашро сокинон ба манфиати худ низ медонанд.

«Сафед» шудани ин пизишк аз ҷониби Додгоҳи олӣ дар ҳолест, ки Ғиёсиддин Умаров, додситони Шӯрообод, ки нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карда буд, худ барои гирифтани ришва аз як гумонбаршудаи қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми 3 ҳазор долари амрикоӣ боздошт шудааст.

Инчунин, моҳе пеш Ғазалшоҳ Мазориев, як муфаттиши Додситонии минтақаи Кӯлоб, бо ҷурми гирифтани пора дар ҳаҷми 300 доллари амрикоӣ аз худи Кӯлобиев «барои мусоидат дар сафед шуданаш», боздошт шуда буд.
XS
SM
MD
LG