Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи ВКД ба Озодӣ: Моҳиҳои калон ҳам ба даст меафтанд


Як қурбонии қочоқи инсон (Акс аз бойгонӣ)
Як қурбонии қочоқи инсон (Акс аз бойгонӣ)

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон(ВКД) дар сомонаи расмиаш ба як мақолаи Радиои Озодӣ посух додааст.

ВКД дар матлабе таҳти номи “Ҷумҳурии Тоҷикистон садди устувори хариду фурӯши инсон аст!» мегӯяд, мақолаи «Қочоқи инсон дар Тоҷикистон: фақат «моҳичаҳо» ба шаст меафтанд»-ро, ки вокуниши маҳфилҳои Тоҷикистон ба гузориши солонаи вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Вазорати дохила бо изҳори таассуф аз ин ки «дар баъзе расонаҳои хабарӣ мақолаҳо дар ин мавзӯъ бо сарлавҳаҳои таваҷҷӯҳпазир ба таври дигар ба нашр расидаанд, ки муаллифон барои тасдиқи маводи худ ягон далели боэътимод нишон намедиҳанд», дар вокуниши худ омореро дар бораи вазъи мубориза бо қочоқи инсон дар Тоҷикистон овардааст.

Аз ҷумла гуфта мешавад, «танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ як қатор ҷиноятҳои алоқаманд бо хариду фурӯши одамон ошкор карда шуд, ки аз он 94 далели ташкил ва нигоҳдории фоҳишахонаҳо, даллагӣ, ё занҷалобӣ, 50 далели алоқаи ҷинсӣ ё дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст, 25 далели ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, 17 далели ҷалби одамон барои истисмори шаҳвонӣ ва дигар намуди ҷиноятҳо ошкор карда шуданд.»

Ҳамин тавр, бино ба ин манбаъ, ахиран Ситора Исломова, як сокини 31-солаи шаҳри Душанбе бо 6 далели ҷалби одамон барои истисмор ба хориҷи кишвар боздошт шудааст. Гуфта мешавад, Исломова «мехост даҳҳо нафар занону духтарони тоҷикро тавассути дигар давлатҳои хориҷи наздик ба мамлакатҳои Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол диҳад, ки ин амали ӯ аз ҷониби кормандони милитсия ошкор ва пешгирӣ карда шуд.»

Мавриди дигаре, ки вазорати дохила таъкид мекунад, боздошти Баҳриддин Умаров, сокини 37-солаи ноҳияи Конибодом аст, ки «ӯ мехост бо баҳонаи бо ҷойи кори сердаромад таъмин намудан як нафар ҷавондухтарро ба шаҳри Дубай барои истисмори шаҳвонӣ бурда, ба танфурӯшӣ ҷалб намояд.» Додгоҳи ноҳияи Ғафуров Умаровро ба 7,5 соли зиндон маҳкум кардааст.

Сокини 39-солаи Душанбе Мавҷуда Азимова, ҳамин тавр, дар фурудгоҳи Душанбе барои он дастгир шудааст, ки «ӯ мехост тавассути гузаргоҳи «Панҷи поён» бо мақсади ҷалби одамон барои истисмори шаҳвонӣ ду нафар ҷавондухтаронро ба шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бурда, барои ба даст овардани маблағи калони пулӣ ба танфурӯшӣ ҷалб намояд.» Азимова бо ҳукми додгоҳ ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар вокунишаш мегӯяд, ки Амрико «кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, Департаменти мазкур соли 2010 Тоҷикистонро дар қатори давлатҳои бар зидди хариду фурӯши одамон муборизабаранда як зина боло, яъне дар гурӯҳи дуюм баҳогузорӣ кард, ки дар минтақа ин натиҷаи хуб арзёбӣ мегардад.»

Дар гузориши имолаи вазорати хориҷаи Амрико, ки 19 июн нашр шуд, гуфта мешуд, ки мардону занони тоҷикистониро асосан дар сохтмонҳо ва киштзорҳои Русия ва Имороти Муттаҳидаи Араб иҷборан кор мефармоянд. Муаллифони гузориш ҳамчунон таъкид кардаанд, ки корфармоии иҷбории тоҷикон дар Қазоқистон, Афғонистон ва Арабистони Саудӣ низ ба қайд гирифта шудааст.

Гузориш таъкид мекард, ки баъзан занони тоҷикистониро тавассути Русия ва Қирғизистон ба кишварҳои дигар қочоқ мекунанд. Ҳамчунон дар гузориши солонаар бораи қочоқи инсон таъкид шудааст, ки дар баъзе ҳолатҳо занони тоҷик дар муқобили қарз зӯран ба мардони афғон ба шавҳар дода мешаванд, ки дар ниҳоят бо фоҳишагии иҷбории ин занон ба анҷом мерасад. Соли 2012-ум 7 қурбонии тоҷикистонии қочоқи инсон дар Қирғизистон ифшо шудааст.

Гузориш ҳамчунин мегӯяд, ки иқдомҳои ҳукумати Тоҷикистон ҷавобгӯи меъёрҳои маҳдудтарини мубориза бо қочоқи инсон нестанд, вале мақомот дар ин самт талошҳои ҷиддӣ пиёда мекунанд. Муаллифони гузориш ба Тоҷикистон машварат додаанд, ки назорати манъи истифодаи кори кӯдакон дар пахтачиниро таҳким бахшида, муҷозоти масъулони қочоқи инсон ва кори иҷбориро пайгирӣ кунад.

Ҳамчунон Тоҷикистон ба ташхиси расмии қурбониҳои қочоқ ниёз дошта, бояд василаи гузоштани фарқ миёни қурбониҳои қочоқи ҷинсӣ ва фаҳшоро муқаррар намояд, то қурбониҳои қочоқ ҳамчун фоҳиша муҷозот нашаванд.

Муаллифони гузориш хотиррасон кардаанд, ки соли 2012-ум дар Тоҷикистон танҳо се фарди масъул дар қочоқи инсон ва кори иҷборӣ муҷозот шуданд.
XS
SM
MD
LG