Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

​Фоҳишагӣ дар Тоҷикистон «бе крыша» номумкин аст (ВИДЕО)


Як хонуми тоҷик бо собиқаи 10-солаи кор дар бозори танфурӯшӣ мегӯяд, дар сурати қонунӣ шудани машғулияташ, шароити зиндагӣ, кор ва ҳам муносибати мардум ба ин занҳо метавонад тағйир ёбад.


Як хонуми тоҷик бо собиқаи 10-солаи кор дар бозори танфурӯшӣ мегӯяд, дар сурати қонунӣ шудани машғулияташ, шароити зиндагӣ, кор ва ҳам муносибати мардум ба ин занҳо метавонад тағйир ёбад.

Хонуме, ки исмашро шартан Раъно мебарем, 33 сол дошта, аз рӯи гуфтааш, 10 соли охир танҳо аз ҳисоби танфурӯшӣ нони худро ба даст меорад. Се сол пеш вай дар бозори танфурӯшии вилояти Суғд кор мекард ва инак чанд сол аст, ки дар шаҳри Душанбе иқомату кор мекунад. Дар Душанбе бозори кор барои ӯ барин хонумҳо фаротар аз бозори Хуҷанд аст. Вай мегӯяд, тавонистааст шароити кор бо кордиҳанда, муштарӣ ва ҳам тарзи зиндагиашро чунон ба роҳ монад, ки моҳе то ду ҳазор доллар маблағ дарёфт карда, ду фарзандашро дар яке аз литсейҳои бонуфузи кишвар бо қимати 500 доллар дар сол бо таҳсил фаро гирад.

Илова ба ин, бахши муҳими даромади вай барои додани ҳаққи заҳмати пуштибононаш сарф мешавад. Ба гуфтани Раъно, ҳудудан 300 долар пуле, ки ӯ моҳона ба далла ё кордиҳандааш медиҳад, барои дилгарм кардани пуштибони аслии гурӯҳи кории онҳо аз ҳисоби «кадом мақомдори полис» равона мешавад. «Ин кори мо воқеан хатарнок аст, бо нафарони мухталиф ва бароямон аслан бегона сару кор дорем. Аз нигоҳи аввал мебинӣ, ӯ як одами хуб аст, аммо дар асл ӯ метавонад як одам хеле бад ё ҳатто маняк бошад». Раъно гуфт, кори танфурӯшӣ бепуштибон намешавад, чунки бо хатари ҳамешагии латукӯбу таҳқир, таҷовуз ба номус ва ҳатто куштор ҳам рӯбарӯ ҳастанд. «Фоҳишагӣ дар Тоҷикистон бе крыша номумкин аст. Одамат бошад, метавонад рафта он одами азобдодаро ҷазо диҳад, то ки дигар ба ту кордор нашавад», гуфт ӯ.


Бо он ки Раъно чандон ҷавон нест ва синнаш барои як фоҳишаи «хушхарид» бузургӣ мекунад, вале ӯ худро фоҳишаи арзону кӯчагӣ намешуморад. Ӯ мегӯяд, ки аз «танфурӯшони даъватӣ» («по вызову») аст: «Шумораи телефонҳои маро шахсони даркорӣ, миёнаравҳо ва дигар духтарон доранд. Муштарӣ, ки пайдо шуд, занг мезананд. Баъд ба хонаи ҳамон кас ё ягон меҳмонхона меравем, аввал маслиҳату сӯҳбат мекунем, агар интихоб шудам ва ӯ ҳам одами дуруст бошад, ҳамроҳаш меравам».

Нархи хизматрасонии Раъно вобаста аз муштарӣ аз сӯйи худи ӯ муайян мешавад ва арзиши хизмати ӯ ҳам барои ҳар соат аз 100 сомонӣ то беш аз 100 доллар будааст. Барои баланд бурдани нархаш, Раъно ҳамеша дар фикри сару либос ва ороиши мӯю рӯй аст, чунки зоҳири зебову диққатҷалбкунанда гарави бозоргир шудани ӯст:

«Бояд либоси хеле зебову қиммат дошта бошӣ, ба назар хеле зебо бирасӣ. Либоси зер махсусан бояд зебо бошад. Агар муштарӣ воқеан одами арзанда ва серпул бошад, ба ороишгоҳ меравем, мӯю рӯямонро хуб ороиш медиҳем. Косметикаву атриёти қиммат мекунем. Вагарна метавонем интихоб нашавем, ё маблағеро, ки интизор доштем, пардохт нашавад», гуфт ӯ.

Раъно гуфт, гоҳо мешавад, ки аз муштарӣ хушаш намеояд, ё аз ӯ эҳсоси хатар мекунад, дар ин ҳолатҳо ба гуфтаи худаш, ӯ сарфи назар аз пешниҳоди маблағи чашмгир аз хизмат даст мекашад.


Зани танфурӯши дигар Ситораи 35-сола, ки сӯҳбатҳои Раъноро мешунид, гуфт, шароити кору зиндагии онҳо фарқ дорад. Ситора ботаассуф мегӯяд, синнаш аллакай барои бозори танфурӯшӣ боло ва нархаш пойин рафтааст. Ба фарқ аз Раъно, ӯ муштариёнро худ баъди соатҳои интизорӣ аз кучаву роҳҳо пайдо мекунад. Ситора як писар дорад ва баъзан дар як моҳ то 1000 сомонӣ кор мекунад. «Мо, камбағалҳо фақат рейд мешавему, моро чорум отдел мебаранд, пурсупос мекунанд, ки барои чӣ дар ин поси шаб дар кӯчаӣ? Ҳуҷҷат мепурсанд, ҷарима мекунанд. Агар пул дошта бошӣ, медиҳӣ, мебароӣ, агар не, як моҳ мешинӣ», гуфт ӯ.

Қиссаи танфурӯше аз Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:16 0:00


Аммо рӯзи хубу бобарор барои ҳарду гурӯҳи занони танфурӯш аксаран пайдо кардани муштариёни хориҷӣ будааст. Онҳо бо ин занон нисбатан меҳрубон буда, маблағи бештар пардохот мекардаанд.


«Бо онҳо аслан мо худро танфурӯш не, як маъшуқа эҳсос мекунем, медонед онҳо бо ту рақс мекунанд, сӯҳбат мекунанд, механдед воқеан худро як зани зебову дилхоҳ эҳсос мекунед. Аммо аксаран мардони худамон мисли як ғулом бо мо муносибат мекунад ва номи мо ҳам баройи онҳо «эй фоҳиша» аст.»
Ин мусоҳиби мо Ситора, ки дар сару рӯяш осори лату кӯб намудор буд, дар дил фақат як орзу доштааст, ин ҳам барпо кардани оила будааст: «Ҳарчи буду набуд, мехоҳам оиладор шавад, бигзор ӯ марди пири фартут бошад, аммо аз гузаштаи ман аслан ёдовар нашавад ва маро эҳтиром кунад».

Ин хонумҳо мегӯянд, тарафдори инанд, ки дар Тоҷикистон ҳам, мисли баъзе кишварҳои ғарбӣ, танфурӯшӣ расмӣ шавад ва кори онҳо - ошкор. Дар ин сурат, мегӯянд онҳо, «пули налогро расман медиҳӣ ва коратро ором кардан мегирӣ. Медонем, ки дар хориҷа боз нафақа ҳам мегиранд, чунки кори онҳо стаж ҳисоб мешавад. Ғайр аз ин, туро касе бо ангушташ нишон дода, «эй, фоҳиша!» ном намебар», мегӯяд онҳо.

Оморӣ расмӣ ҳамасола аз афзун шудани теъдоди фоҳишаҳо ва ошкоршавии фоҳишахонаҳои ҷавонтар далолат мекунад. Тибқи иттилои ахири Кумитаи кор бо занон ва оила, теъдоди танфурӯшон дар кишвар ба 1641 нафар расидааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2012 338 нафар зиёд будааст. Ҳазамон, теъдоди фоҳишахонаҳои ошкоршуда ҳам дар ин муддат 39 адад зиёд шудааст. Ҳоло дар кишвар 189 фоҳишахона ба таври махфӣ фаъолият мекунанд. Ба рӯхати мақомоти қудратӣ занҳое, ки берун аз қаламрави кишвар, дар давлатҳои арабӣ, кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва давлатҳои осиёӣ «фаъолият» мекунанд, шомил намешавад.
XS
SM
MD
LG