Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Ироқ кӯмакҳои низомӣ ваъда карданд


Тақрибан сӣ кишвар ва созмон дар як нишасти байналмилалӣ дар Фаронса ба ҳукумати Ироқ ваъда доданд, ки дар мубориза бо ҷангҷӯёни созмони Давлати Исломӣ ба он кишвар “кӯмакҳои муносиби низомӣ” мерасонанд. Рӯзи 15-уми сентябр ҳозирони нишаст дар шаҳри Париж аксаран аз кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ бо нашри як баёния гуфтанд, ки мубориза бо тундравони Давлати Исломӣ, “масъалаи мубрам” аст. Аммо шарҳ надоданд, ба ҳукумати Ироқ чӣ гуна кӯмаки низомӣ медиҳанд. Фуод Маъсум, раиси ҷумҳури Ироқ, дар ин нишаст хостори бомборони зуд ва мудавоми мавзеъҳои ин созмон шуд. Ӯ гуфт, дар сурати наандешидани чораҳои фаврӣ, мумкин аст, ин тундравони исломӣ қаламравҳои васеътарро ишғол карда ва ба хатари бузургтар табдил шаванд. Фуод Маъсум дар ин ҳамоиш гуфт, барои маҳви созмони Давлати Исломӣ, “иқдомоти фаврӣ ва радикалӣ” зарур аст ва афзуд, аъзои ин созмон, “авбошоне” ҳастанд, ки бо ҳадафҳои мазҳабиву қавмӣ, наслкушӣ ва ҷиноятҳои ҷангӣ содир кардаанд.

XS
SM
MD
LG