Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз украиниҳо хост, ки дар интихобот рай диҳанд


Ҷен Псакӣ
Ҷен Псакӣ

Амрико аз ҳамаи украиниҳо, ҳатто аз ононе, ки дар қаламрави зери назорати ҷудоихоҳон ва дар Қрими ба Русия пайваста ба сар мебаранд, дархост кардааст, ки 26 октябр дар интихоботи порламонӣ рай диҳанд. Ҷен Псакӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико интихоботи охири ҳафтаи ҷориро барои Украина «марҳилаи дигари муҳим» арзёбӣ кард.

Псакӣ гуфт, Амрико ҳар гуна мудохила дар умури интихоботро « ба таври ҷиддӣ маҳкум мекунад».

Шӯришиёни ҷонибдори Русия дар минтақаҳои Донетск ва Луҳанск эълон кардаанд, ки онҳо худашон моҳи ноябр интихоботи алдоҳида баргузор мекунанд.

Псакӣ гуфт, «Вашингтон омода аст бо порламони нави Украина ҳамкорӣ кунад, бар зидди ришвахорӣ мубориза барад, дар анҷоми ислоҳот ёрӣ расонад ва барои ҳали сулҳомези муноқишаи шарқи кишвар кӯмак кунад».

XS
SM
MD
LG