Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадзай аз Толибон хост, ба музокироти сулҳ пайванданд


Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ва нахуствазири Чин аз гурӯҳи Толибон хостанд, ба музокироти сулҳ дар Афғонистон бипайванданд. Аҳмадзай дар ин бора дар як нишасти байналмилалӣ дар бораи барқарорсозии Афғонистон дар шаҳри Пекин сухан гуфт. Ин нишаст рӯзи 31-уми октябр баргузор шуд. Раиси ҷумҳури нави Афғонистон гуфт, “Сулҳ авлавияти аслии кори мост” ва бахусус аз Толибон хост дар муколамаи байни афғонҳо ширкат кунанд. Ли Кекианг, нахуствазири Чин, ҳам аз гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон даъват кард, ки “хусуматҳои пешинаро канор гузошта ва ба ҷараёни сиёсии мусолиҳа” ҳамроҳ шаванд. Нахуствазири Чин ваъда дод, ки кишвараш барои соҳибихтисос кардани афғонҳо 244 миллион доллар ихтисос медиҳад ва барои 500 донишҷӯи афғон дар Чин саҳмия ҷудо мекунад. Дар конфронси байналмилалии эҳёи Афғонистон бо номи Ҷараёни Истанбул дар шаҳри Пекин намояндагони даҳҳо кишвар аз ҷумла Тоҷикистону Эрону Покистону Туркманистон ва Қирғизистон ва Ян Кубиш, фиристодаи хоси Созмони Милал барои Афғонистон ҳузур доранд.

XS
SM
MD
LG