Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фармондеҳи тундравонро дар Покистон куштанд


Мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, дар зарбаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар як минтақаи қабиланишин 7 ҷангҷӯ ва аз ҷумла як фармондеҳи муҳими шабакаи Ҳаққонӣ кушта шудааст. Ин ҳавопаймо рӯзи 30-уми август паноҳгоҳи тундравонро дар рустои Наргис дар 30-километрии шаҳри Вана дар Вазиристони Ҷанубӣ ҳадаф гирифтааст. Як маъмури амниятии Покистон гуфт, ки фармондеҳи кушташуда Абдулло Ҳаққонӣ ном дорад. Ба қавли ин маъмур чаҳор ҷангҷӯи дигари хориҷӣ дар ҳамла кушта шудаанд. Ду ҳафта пеш мақомоти Афғонистон ду раҳбари шабакаи Ҳаққониро дар қаламрави кишвар боздошт карданд. Гурӯҳҳои тундраву террористӣ ба мисли Ал-Қоидаву Толибон ва шабакаи Ҳаққонӣ дар Вазиристони Ҷанубӣ паноҳгоҳ доранд ва аз онҷо ба сарбозони афғону Покистон ва НАТО ҳамла мекунанд.

XS
SM
MD
LG