Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин намехоҳад президенти умрбод бошад


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар як мусоҳиба гуфт, ки вай майл надорад раиси ҷумҳури умрбод боқӣ бимонад, зеро раиси ҷумҳури доимӣ ба кишвар зарар хоҳад расонд. Вай дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабаргузории ТАСС, ки 23 ноябр ба нашр расидааст, мегӯяд “раиси ҷумҳури умрбод барои кишвар кори дуруст нест, балки зараровар аст ва он коре нест, ки ман ба он зарурат дошта бошам”.

Путин гуфт, тибқи қонун вай як бори дигар метавонад, ки дар интихоботи соли 2018 худро номзад пешбарӣ кунад. Вале вай нагуфт, ки худро номзад пешбарӣ хоҳад кард ё хайр.

ай дар робита бо бад шудани муносибат бо Ғарб гуфт, ки Русия намехоҳад “Пардаи оҳанин”-и навро бубинад. Путин гуфт, Русия дар муҳосира қарор надорад ва қарор нахоҳад гирифт.

Вай гуфтугӯҳоро дар бораи “таъсири ваҳшатбор”-и таҳримҳои ғарб ва таъсири поин рафтани нархи нафт ба иқтисоди Русияро интиқод кард. Ҳоло нафт яке аз молҳои аслии содиротии Русия ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG