Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба пойгоҳи артиш дар Шуробак ҳамла бурданд


Нируҳои Британия дар Шӯробак (акс аз бойгонӣ)
Нируҳои Британия дар Шӯробак (акс аз бойгонӣ)

Низомиёни Афғонистон мегӯянд, ки даргириҳои миёни нируҳои амниятӣ ва шӯришиён дар пойгоҳи низомии Шӯробаки вилояти Ҳилманд идома дорад. Дар ин пойгоҳ пештар нируҳои Британия ҷойгир буданд.

Гунерали артиш Ғулом Форуқ гуфтааст, ки шӯришиёни саропо мусаллаҳ шоми 27 ноябр ба ин пойгоҳ ҳамла бурдаанд. Дар ҷангҳо 6 нафар шӯришӣ кушта шудааст. Масъулияти ин ҳамларо Толибон бар уҳда гирфтаанд.

Ин пойгоҳ, ки дар шимоли ғарби Лашкаргоҳ-маркази вилояти Ҳилманд ҷой гирифтааст, 26 октябр аз нируҳои Британия ба нируҳои артиши Афғонистон дода шуд.

Ин пойгоҳро нируҳои Британия соли 2005 сохта буданд. Дар он то 10 000 нируи Британия мустақар буд.

XS
SM
MD
LG