Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корея ва Австралия – дар финали Ҷоми Осиё


Дастаҳои мунтахаби миллии футболи Кореяи Ҷанубӣ ва Австралияба бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2015 роҳ ёфтанд.

Дастаҳои мунтахаби миллии футболи Кореяи Ҷанубӣ ва Австралия дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи шанбеи 31-уми январ дар шаҳри Сиднейи Австралия баргузор мешавад, барои Ҷоми Осиё бо ҳам рақобат мекунанд.

Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ 26-уми январ дар бозии ниманиҳоии Ҷоми Осиё дар Австралия бар тими Ироқ бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард вааввалин шуда ба финал баромад.

Ҷоми Осиё-2015. 26-уми январ. Нимфинал.

Кореяи Ҷанубӣ — Ироқ – 2-0 (1-0)

Голҳо: Ли Чжон Хеп, 20, Ким Ен Гвон, 50

Кореяи Ҷанубӣ: Ким Чжин Хен — Ча Ду Ри, Квак Таэ Хви, Ким Ен Гвон, Ким Чжин Су — Пак Чжу Хо, Ки Сун Ен (Ан Гук Ен, 90+3) — Сон Хин Мин, Таэ Хи Нам (Чжан Хен Су, 81), Ан Ге Вон (Ли Гин Хо, 46) — Ли Чжон Хеп.

Ироқ: Ҳасан — Салим, Халаф, Шокир, Довуд — Абдуламир, Рашид (Комил, 64) — Калаф, Абдул-Заҳра (Ҳусейн, 77), Ясин (Аднан, 63) — Маҳмуд.

Огоҳонида шуданд: Ки Сун Ен, Пак Чжу Хо, Ким Чжин Су.

Рақиби Кореяи Ҷанубӣ дар финали Ҷоми Осиё рӯзи 27-уми январ дар бозии ниманиҳоӣ байни дастаҳои Австралия ва Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) маълум шуд. Ин бозӣ, ки дар шаҳри Ньюкасл,дар варзишгоҳи Ausgrid Stadium баргузор шуд, бо пирӯзии мунтахаби Австралия бо ҳисоби 2-0 хотима ёфт.

Ҷоми Осиё-2015. 27-уми январ. Нимфинал.

Австралия - ИМА – 2-0 (2-0)

Голҳо: Сэйнсбери 3, Дэвидсон 14

Австралия: Райан, Сэйнсбери, Шпиранович, Дэвидсон, Миллиган (Маккэй, 58), Единак, Кэйхилл (Юрич, 67), Луонго, Круз (Тройси, 82), Франич, Лекки.

ИМА: Носир, Санкур, Салим, Ал-Балушӣ (Солеҳ, 78), Аҳмад, Абдураҳмон, Абдурраҳмон, Исмоил, Халил (Ал-Катҳирӣ, 65), Мабҳут, Абдураҳмон (Ал-Ҳаммадӣ, 46).

Огоҳонида шуданд: Лекки, 42, Единак , 64.

Бояд тазаккур дод, Австралия дар сабқати осиёӣ аз соли 2011 ширкат меварзад ва ҳамон сол дар бозии ниҳоӣ аз Ҷопон шикаст хӯрда буд. Дарвоқеъ, мунтахаби Ҷопон, барандаи феълии Ҷоми Осиё, дар Австралия аз ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2015 маҳрум гашт. Футболбозони Ҷопон дар бозии ниманиҳоӣ аз мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:5 (замони асосӣ ва изофӣ – 1:1) шикаст хӯрданд.

Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ дар ду мусобиқаи охири Ҷоми Осиё (солҳои 2007 ва 2011) барандаи медалҳои биринҷӣ гардидааст. Аз ин пеш кореягиҳо ду бор (солҳои 1956 ва 1960) Ҷоми Осиёро ба даст оварда, се бор (солҳои 1972, 1980 ва 1988) ба финал баромадаанд.

Дар мусобиқаи имсола Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ дар як гурӯҳ бозӣ карданд ва кореягиҳо бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

XS
SM
MD
LG