Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати 192 тоҷик дар озодии асирони "урдугоҳи марг"


Дар наҷоти ҳазорон асири урдугоҳи Аушвитс-Биркенау ё Освенсими Лаҳистон 14 афсар ва 178 сарбози тоҷик ҳам ширкат доштанд.

Наталя Емелянова, муовини сардори Бойгонии марказии Вазорати дифои Русия, рӯзи 28 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, бори аввал аз ҳуҷҷатҳои нодири таърихӣ оид ба озодии урдугоҳи Освенсим мӯҳри «комилан махфӣ» бардошта шуд. Ба гуфтаи ӯ, ба ин понздаҳ санад қаблан фақат гурӯҳи хурди мутахассисону муаррихон дастрасӣ доштанду халос.

Мусоҳиби мо афзуд, ки яке аз санадҳо дар бораи ширкати афсарону сарбозони шӯравӣ дар наҷоти асирони ин "урдугоҳи марг" аст. «Дар озодсозии урдугоҳи Освенсим украиниҳо, гурҷиҳо, озариҳо, узбакҳо, тоҷикҳо ва дигарон иштирок доштанд. Аз ҷумла, 14 афсар ва 178 сарбозии қатории тоҷик, 3 афсари туркман ва 139 аскари қаторӣ аз ин ҷумҳурӣ, 74 афсари қазоқ, 8 афсару 126 сарбози қатории қирғиз, дар маҷмӯъ намояндагони 39 миллати муқими Иттиҳоди шӯравӣ, ки дар ҳайати Артиши 60-уми Фронти якуми Украина буданд, моҳи январи соли 1945 дар озодии Освенсим ширкат кардаанд».

Наталя Емелянова аз посух ба суоле, ки оё рӯйхати пурраи аскарону сарбозони дар озодии Освенсим ширкат карда мавҷуд аст ё хайр, худдорӣ намуд.

Гуфта мешавад, миёни санадҳое, ки аз онҳо мӯҳри «комилан махфӣ» бардошта шудаааст, ахбори ҷангии фармондеҳони ҷузву томҳои Фронти якуми Украина, ахбор дар бораи набардҳо ва ахбори масъули бахши сиёсии Артиши 60-ум низ ҳаст. Узви Шӯрои ҳарбии Фронти якуми Украина генерал-лейтенант Крайнюков ба Котиби КМ КПСС Г.Маленков низ ҳаст, ки рӯзи 29 январи соли 1945 ирсол шудааст. «Урдугоҳи консентратсионии Освенсим озод карда шуданд. Урдугоҳи ваҳшатноки марг. Дар Освенсим панҷ урдугоҳ мавҷуд аст, ки дар чаҳортои он сокинон аз ҳама кишварҳои Аврупо нигаҳ дошта мешуданд, урдугоҳи панҷум зиндон буд ва асирон барои камтарин гуноҳ ё хато ба он ҷо андохта мешуданд», омадааст дар ин санад. Генерали шӯравӣ Освенсимро ин гуна тасвир кардааст: «Ҳар урдугоҳ дар майдони бузург доман афканда дар он чанд қатори симхорпеч мавҷуд аст, ки аз болои онҳо сими барқ насб шудааст. Миёни ҳар қатори симхорпеч садҳо баракҳо (хонаҳои чӯбин) барои асирон сохта шудаанд».

Бино ба маъхазҳои таърихӣ, нерӯҳои олмонӣ урдугоҳи Освенсимро шоми 26 январ бо шитобзадагӣ тарк намуданд, вале дар охирин лаҳзаҳо чанд крематорийро тарконда ва бахши аъзами ҳуҷҷатҳои бойгониро нобуд карданд. Рӯзи 27 январи соли 1945 дар урдугоҳи Освенсим беш аз 7 ҳазор нафар афроди асосан маризу беҳол боқӣ монда буданд, афроди каму беш нерӯманд қаблан ба Олмон интиқол дода шуданд. Атрофи ҳама урдугоҳҳо минакорӣ шуда буд ва аз таркиши ин минаҳо тақрибан 300 тан аз аскарони шӯравӣ ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои расмӣ, аз соли 1941 то соли 1945 дар урдугоҳи Аушвитс-Биркенау ё Освенсим тақрибан як миллиону 400 ҳазор нафар, асосан яҳудиҳо, лӯлиҳо, ҳамҷинсгароҳо кушта шуданд.

Павел Фелгенгауэр
Павел Фелгенгауэр

Наталя Емелянова, муовини сардори Бойгонии марказии Вазорати дифои Русия, аз ибрози сабабҳои бардоштани мӯҳри «комилан махфӣ» аз ҳуҷҷатҳо дар бораи озодии урдугоҳи Освенсим худдорӣ кард ва фақат гуфт, ки «мардум бояд ҳақиқатро бидонанд». Аммо, ба гуфтаи Павел Фелгенгауэр, таҳлилгари масоили низомии рус, тасмим дар бораи ошкор кардани ҳуҷҷатҳои марбут ба Освенсим бо чанд изҳороти зидуннақиз дар бораи аз сӯи киҳо озод карда шудани ин "урдугоҳи марг" бастагӣ дорад. Аз нигоҳи ӯ, бардоштаи мӯҳри «комилан махфӣ» аз чанд санад ба он маънӣ нест, ки "мақомот ҳама сирру асрори ҳаводиси он рӯзҳоро ошкор кардаанд, ҳадаф бо нашри чанд санад намоиш додани ширкати Артиши сермиллати шуравӣ дар ин ҳодисаи мушаххаси таърихист".

Чанд рӯз қабл аз маросими расмии 70-солагии озодии Освенсим вазири умури хориҷии Лаҳистон Гжегож Схетина дар сӯҳбат бо Радио ZET изҳор намуд, ки Осенсим аз сӯи украиниҳо озод карда шудааст, зеро «фармондеҳи аввалин тонки ба урдугоҳ воридшуда украинӣ Игор Побирченко буд, ки баъдан профессори ҳуқуқ шуд». Ба думболи ин нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк ҳам эълом дошт, ки урдугоҳи марги Освенсим аз сӯи дивизияҳои Лвов ва Житомири Фронти якуми Украина озод карда шудааст. Аз ин пеш Ятсенюк Иттиҳоди Шӯравиро дар таҷовуз ба ..Украина ва ҳамла ба Олмон айбдор карда буд.

Асирони ҷавони Освенсим
Асирони ҷавони Освенсим

Изҳороти сиёсатмадорони лаҳистониву украинӣ боиси хашми Маскав шуд. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, бо таъкиди бечуну чаро будани озодсозии Освенсим аз сӯи Артиши шӯравӣ афзуд, ки дар Ғарб мехоҳанд ба ҳар васила саҳми Иттиҳоди Шӯравӣ дар пирӯзӣ бар Олмони фашистиро камранг нишон дода, Русияро бо рангҳои сиёҳ тасвир кунанд. Ӯ ҳушдор дод, ки “ҳар навъ талоши бознависии таърих ва кам нишон додани саҳми Шӯравӣ дар Ғалабаи бузург ба маънои тавҷеҳи ҷиноятҳои фашизм буда, роҳро барои эҳёи ин идеологияи қаттол боз мекунад”.

Дар арафа ва рӯзи маросими ёдбуди қурбониёни Освенсим садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раисиҷумҳури Лаҳистон Бронислав Коморовский иқрор карданд, ки урдугоҳи Освенсим аз сӯи Артиши шӯравӣ озод карда шудааст.

Павел Фелгенгауэр ширкати теъдоди бузурги афсарону сарбозони шӯравӣ дар озодкунии Освенсимро зери шубҳа мебарад ва аммо мегӯяд, чун даргириҳо барои ин урдугоҳ сурат нагирифтаанд, шояд бештари низомиён фақат дар он ҷо ҳузур доштанд ва бархе аз сарбозони «ақибгоҳ» дар интиқоли асирон ба дигар мавзеъҳо ширкат кардаанд.

Раҳмат Қудратов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки нафаре аз собиқадорони ҷанг аз Тоҷикистон барои ширкат ба маросими 70-солагии озодсозии урдугоҳи Освенсим даъват нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, «тақрибан ҳамаи онҳое, ки дар озодии Освенсим иштирок карда буданд, аз олам даргузаштаанд. Агар тамоми ҷумҳуриро гардем, мумкин як ё ду нафар аз онҳо зинда монда бошанду халос… Ҳоло дар ягон рӯйхати мо одамони дар озодкунии Освенсим иштироккарда нестанд».

Раҳмат Қудратов афзуд, шумораи онҳое, ки дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо фашистҳо ҷангидаанд, рӯз то рӯз кам мешавад. Аввалҳои соли равон теъдоди онҳо 927 нафар буд ва синни аксари онҳо аз 90-сола бештар асту бузургсолтарин собиқадори ҷанг 114 сол дорад.

Фаридун Муҳаммадалиев, суханӯи вазорати дифои Тоҷикистон ҳам мегӯяд, ки ба маросими 70-солагии озодсозии Освенсим собиқадорони ҷанг аз кишвар даъват нашудаанд – таври маъмул, дар сурати ба ин ё он кишвар даъват шудани собиқадорон вазорат огаҳ мешуд ва дар якҷоягӣ бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва аз рӯи имкони худ барои сафари онҳо мусоидат мекунад.Аз сӯи дигар, бархе аз онҳое, ки дар наҷоти ҳазорон асирони урдугоҳи Освенсим ширкат доштанд, шояд то ҳол дар қайди ҳаётанд, вале ба гӯшаи фаромӯшӣ уфтодаанд. Моҳи августи соли гузашта Ҳаким Ҳалимов, собиқадори 89-сола ҷанг аз Тоҷикистон, ки дар муҳорибаи Сталинград ширкат дошт, бо даъвати расмии волии вилояти Волгогради Русия бори дигар ба ин шаҳр сафар кард. Ҳаким Ҳалимов дар паради низомии рӯзи 9 май дар Майдони Сурхи Маскав аз раисиҷумҳури Русия Владимир Путин хостори мусодат ба сафар ба мавзее шуд, ки айёми ҷавониро дар хандақҳои он ҷойҳо сипарӣ карда буд…

XS
SM
MD
LG