Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии “Ласточка” дар мусобиқаи футболи занона


Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни занон бахшида ба Рӯзи байналмилалии занонт дастаи “Ласточка”-и Душанбе пешсаф аст.

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни занон, ки ба Рӯзи байналмилалии занон – 8-уми март - бахшида шудааст, дастаи “Ласточка”-и Душанбе пешсаф мебошад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин мусобиқа, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ҷараён дорад, панҷ даста – «Ласточка» (Душанбе), «Зебо» (Ҷиликӯл), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Барқ» (Норак) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – ширкат мекунанд. Бозиҳо дар як давра баргузор мешаванд.

Дастаи “Ласточка” (“Парасту”)-и Душанбе бо раҳбарии Сулаймон Бобокалонов, ки дар ҳарсе бозиаш бар тимҳои «Зебо» (3:0), «Вахш» (6:0) ва «Барқ» (4:0) ғолиб омадааст, бо 9 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад.

Даври 1-ум

«Ласточка» – «Зебо» – 3:0

Голҳо: Мадинаи Искандарӣ, Мадина Фозилова, Муниса Мирзоева.

«Барқ» – «Вахш» – 1:0

Гол: Сурайё Асророва.

Даври 2-юм

«Ласточка» – «Вахш» – 6:0

Голҳо: Гулсун Шарифова (3), Мадина Фозилова (2), Шукрона Азизуллоева.

«Зебо» – «Регар-ТадАЗ» – 1:0

Гол: Марҷона Файзуллоева.

Даври 3-юм

«Ласточка» – «Барқ» – 4:0

Голҳо: Шукрона Азизуллоева (2), Гулсун Шарифова, Наталя Сотникова.

«Вахш» – «Регар-ТадАЗ» – 2:0

Голҳо: Меҳрангез Шарифова (2).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ласточка» (Душанбе)

3

3

0

0

13-0

9

2

«Зебо» (Ҷиликӯл)

2

1

0

1

1-3

3

3

«Барқ» (Норак)

2

1

0

1

1-4

3

4

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

3

1

0

2

2-7

3

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2

0

0

2

0-3

0

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 4-ум

6 март (ҷумъа)

«Зебо» – «Вахш»

«Регар-ТадАЗ» – «Барқ»

Даври 5-ум

7 март (шанбе)

«Зебо» – «Барқ»

«Ласточка» – «Регар-ТадАЗ»

XS
SM
MD
LG