Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсат оилаҳоро дар хонадони раҳбари "Гурӯҳи 24" ба ҳам задааст?


Оишамоҳ Абдуллоева, модари 63-солаи Шарофиддин Гадоев
Оишамоҳ Абдуллоева, модари 63-солаи Шарофиддин Гадоев

Наздикони Шарофиддин Гадоев, раҳбари “Гурӯҳи 24” мегӯянд, фишори мақомот сабаб шудааст, домодҳои хонавода ҳамсару фарзандони худро тарк кардаанд ва ба онҳо ёрие намерасонанд.

Шавҳарони се хоҳари Шарофиддин Гадоев, раҳбари “Гурӯҳи 24” ҳамсару фарзандони худро канор гузошта, ҳудуди шаш моҳ боз бо онҳо ҳеҷ тамосе надоранд.

Оишамоҳ Абдуллоева, модари 63-солаи Шарофиддин Гадоев ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз фишори мақомот болои хонаводааш домодҳо аз баҳри духтарону набераҳояшон гузашта, ба ҷои барои онҳо номаълум фирор кардаанд. Ӯ мегӯяд, аз ин се духатараш 10 набера дорад, ки ҳоло ҳама дар хонаи ӯянд ва зиндагии бе ин ҳам мушкилашро мушкилтар кардаанд.

Хонум Абдуллоева меафзояд, зиндагии хонаводаи онҳо аз ҳисоби тиҷорати хурд буд, аммо дар пайи як санҷишҳо Идораи андози ноҳия онҳоро ҷарима бузург баста, қарздор кард ва тиҷораташон касод шуд. Ҳоло ин зан мегӯяд, як домодаш ба таври мусалмонӣ духтарашро талоқ додааст ва дутои дигар бидуни гуфтани ҳарфе нопайдо шудаанд.

“Домодҳо бачаи хуб буданд, лекин каме зӯрашон омад, номардӣ карданд. Аз рӯзе, ки ғам доданд, безор шуда, баромада рафтанд. Ҳозир як духтарамро бо чор фарзандаш шавҳараш ҷавобаш додааст. Мехоҳад, ки барои алимент муроҷиат кунад, лекин Худо медонад, ки суд барои набераҳоям аз домодам алимент рӯёнад. Шавҳарам бемори саратон аст, ягон даромад надорем. Доим болоямон фишор аст, намедонам, оқибат чӣ мешавад.”

Ин зан мегӯяд, домодҳояш дар дохили Тоҷикистонанд, вале аз тарси оне, ки онҳоро “аз наздикони Шарофиддин надонанд”, ҳатто ба кӯдакони хурдсолашон дигар кӯмак намерасонанд.

Занҷира Гадоева, хоҳари калонии Шарофиддин Гадоев мегӯяд, ӯро ҳамсараш пас аз 17 соли зиндагии якҷоя ба ҳоли худ гузошта бедарак шуд. Ӯ мегӯяд, шавҳараш пас аз фишорҳои зиёд ба дод омада, гуфт, дигар намехоҳад, чунин зиндагӣ дошта бошад. Ҳоло ин мард дар Тоҷикистон аст, вале талош мекунад, ки робитае бо ҳамсару фарзандонаш надошта бошад.

Хонум Занҷира мегӯяд, як писараш бемории сил ва духтараш фалаҷ буда, онҳо эҳтиёҷ ба кӯмак доранд: “Шавҳари ман одами бад набуд. Ин қадар сол зиндагии хуб доштем. Аз ҷабри ҳамин пурсуков гурехта рафт. Ҳеҷ кӯмаке ба мо намерасонад. Ҳоло дигар маро дар ҳеҷ куҷо ба кор қабул намекунанд. Мо ба ҳукумату сиёсат коре надорем. Мо чӣ гуноҳ дорем, ки ин қадар аҳволамонро бад кардаанд? ”

Наздикону пайвандони Гадоев мегӯянд, дар пайи ҷаримаҳои Идораи андоз қарздор ва аз ягона манбаи даромадашон дар бозори маҳаллӣ маҳрум шудаанд.

Мақомот маҳаллӣ фишор болои хонаводаи Шарофиддин Гадоевро рад мекунанд. Шарифалӣ Алиев, сардори нозироти андози ноҳияи Фархор дар тамос ба Радиои Озодӣ гуфт, ки даъвои наздикони Гадоев асос надоранд. Вай афзуд: “Мо ба касе хусумат надорем. Ҳар касе, ки андозсупоранда ҳаст, мо дар асоси Кодекси андоз ҳисоб мекунем ва ӯ пардохт мекунад. Мо агар кори ғайриқонуние карда бошем, метавонанд, ба мақомоти дигар аз болои мо шикоят кунанд. Лекин то ҷое медонам, мо ба ин оила коре нагирифтаем. ”

Аммо яке аз шавҳарони хоҳари Шарофиддин зимни тамоси телефонӣ аз сӯҳбат бо мо бо далеле, ки намехоҳад, номашро паҳлуи исми додарарӯсаш бубинад, худдорӣ намуд.

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Шарофиддин Гадоев 19 майи соли 1985 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шуда, то замони фирор ба хориҷа дар Душанбе ба сар мебурд. Баъди фирор аз Тоҷикистон ӯ ба Испания паноҳ буд. Мақомоти Тоҷикистон аз ҳукумати Испания дархости боздошт ва истирдоди Гадоевро карда буданд. Аммо додгоҳи шаҳри Мадрид рӯзи 23 июли соли равон ин дархости Тоҷикистонро рад карда, ба гуфтаи худи Шарофиддин Гадоев, ба ӯ барои 5 сол дар ин кишвари Аврупо паноҳандагии сиёсӣ додааст

Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҳанӯз 28 январи соли 2013 Шарофидин Гадоевро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода, ӯро бар асоси моддаи моддаи 289, қисми 1 (қочоқ) ва моддаи 340, қисми 2, банди "в" (сохтакории аснод бо истифодаи техникаи компютерӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам кард. Гуфта мешавад, Шарофиддин Гадоев гӯё моҳи феврали соли 2012 тариқи посгоҳҳои гумрукии Тоҷикистон 30 мошини «Шаанҳи Делонг» (миёни мардум маъруф ба «Дулан»)-и истеҳсоли Чинро, ки амалан 49 700 доллар арзиш дорад, 8000-долларӣ ҳуҷҷат карда, 14 миллиону 029 ҳазору 78 сомонӣ пардохтҳои гумрукиро насупурдааст. Шарофиддин Гадоев ин иттиҳомотро рад карда мегӯяд, мақомот ба маҳзи таъсиси “Гурӯҳи 24” алайҳи ӯву Умаралӣ Қувватов парвандаҳо кушодаанд.

Ҳоло Шарофиддин Гадоев ба ҷои Умаралӣ Қувватов, ки моҳе пеш дар Туркия кушта шуда буд, раҳбари “Гурӯҳи 24” интихоб шудааст. Дар ҳоле, ки ҳам раҳбари пешин ва ҳам раҳбарии феълии “Гурӯҳи 24” ин ташаккулро сернуфус эълон кардаанд, то ҳол маълум нест, ки ин гурӯҳ чӣ қадар аъзо дорад ва манбаи молиаш аз куҷо сарчашма мегирад. Дар Тоҷикистон “Гурӯҳи 24” бо қарори Додгоҳи олӣ созмони экстремистӣ хонда шуда, пайравонаш дар сурати боздошт, ҳабс мешаванд.

XS
SM
MD
LG