Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Непалро боз як заминларза такон дод


Боз як заминларза Непалро такон дод. Маркази ин зилзила, ки рӯзи 26 апрел бо нерӯи 6,7 дараҷаи Рихтер рӯй дод, дар 60 килотмерии шарқи пойтахти кишвар Катманду ҷойгир буд.

Дар ҳамин ҳол теъдоди қурбониёни заминларзаи мудҳиши рӯзи 25 апрел дар Непал аз марзи 2 ҳазор нафар убур кард. Дар ин ҳодиса дасти кам 4700 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Маркази заминларзаи нерӯяш 7,8 дараҷаи Рихтер дар 82 километрии шимолу ғарби шаҳри Катманду ҷойгир буд.

Рӯзи якшанбе дар як қароргоҳи кӯҳнавардон дар баландтарин қуллаи олам Эверест ҷасади 17 нафар ошкор шуд. Ярч бар асари заминларза садҳо кӯҳнавардро аз имкони тарки қулла маҳрум намудааст.

Даҳҳо ҳазор сокинони Непал аз тарси такрори заминларза шаби гузаштаро зери осмон рӯз карданд.

Амалиёти ҷустуҷӯву наҷотбахшӣ идома дорад. Дар амалиёт наҷотбахшон аз ИМА ва Чин ҳам ширкат мекунанд. Дар баъзе минтақаҳо одамон ба хотири наҷоти афроди зери оворҳо монда корҳоро дастӣ анҷом медиҳанд.

Заминларза он қадар нерӯманд буд, ки онро дар Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш ва вилояти Тибети Чин ҳам эҳсос карданд. Дар ин кишварҳо зилзила мунҷар ба ҳалокати дасти кам 60 нафар шудааст.

XS
SM
MD
LG