Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди мақоми нозир дар ИИА ба Тоҷикистон


Тоҷикистон то поёни соли 2015 мумкин аст, дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мақоми нозирро гирад. Дар ин бора рӯзи 22 май давр нишасти хабарӣ дар Маскав вазири ҳамгироӣ ва макроиқтисодиёти Кумиссюни Авруосиёии иқтисодӣ Татяна Валовая хабар дод. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ҳанӯз ҳеч гуна аризае барои узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё надодааст ва ҳукумати он мегӯяд, дар ҳоли омӯзиши суду зиёни ин узвияти эҳтимолист. Валвая гуфт, мақоми нозир ба Тоҷикистон имкон хоҳад дод, ки “бартариҳои узвият” дар ин эътилофро беҳтар омӯзад. Ҳамзамон барои таҳкими ҳамкориҳо қарор аст, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон минтақаҳои тиҷорати озод таъсис диҳад. Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки алҳол Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон узви онанд, мегӯяд, дарҳои он барои аъзои нав бозанд ва зиёда аз 30 кишвар ва минтақа дархости узвият дар ин иттиҳодро кардаанд

XS
SM
MD
LG