Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои Туркия зидди PKK ва ДОИШ дар Ироқу Сурия


Ҳукумати Туркия иҷоза дод, ки марҳилаи севуми ҳамлаҳои ҳавоию заминӣ дар Сурияву Ироқ 25 июл оғоз шавад. Дар ин бора Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия ба рӯзноманигорон хабар дод.

Шаби 24 июл ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия дар шимоли Ироқ ба 7 пойгоҳи тундравҳои Ҳизби Коргарии Курдистон ё PКК ҳамла бурданд. Кӯҳистонҳои Қандил низ, ки дар он ҷо ситоди раҳбарии низомии ин ҳизб ҷойгир аст, ҳадаф қарор гирифт. Вале Загрос Ҳива, сухангӯи ин ҳизб ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, ки пойгоҳи ҳизб осеб надидааст.

Бино ба хабари дафтари нахуствазири Туркия, ҳавопаймоҳои ҷангӣ паноҳгоҳҳо, истеҳкомҳо, ғорҳо, анборҳо ва дигар нуқтаҳои икмолотии ин ҳизбро бомбборон кардаанд. Ҳукумати Туркия ҳизби Коргарии Курдистонро созмони террористӣ эълон кардааст. Баъд аз як силсила хушунатҳои ҳафтаи ҷорӣ дар марзи миёни Туркия бо Сурия ва Ироқ ҳукумат эълон кард, ки ба ин хушунатҳо ҷавоб хоҳад дод. Масъулияти баъзе аз ин ҳамлаҳоро Ҳизби Коргарии Курдистон бар дӯш гирифта буд.

Акнун баъд аз ин ҳамлаҳо ин ҳизб мегӯяд, ки оташбас бо Анқара эътибори худро аз даст додааст ва дар ин бора дар торнамои худ изҳоротеро ба чоп расондааст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, бо курдҳо соли 2012 музокироти сулҳро оғоз карда буд. Ҳоло дар Туркия 14 миллион курд ба сар мебаранд ва онҳо 20 дарсади аҳолии Туркияро ташкил медиҳанд. Ҳоло онҳо Эрдуғонро муттаҳам мекунанд, ки аз қавли худ ақиб гаштааст.

Нахуствазир Аҳмад Довудоғлу гуфт, ки нахустин амалиёти бомбборон “100 дарсад” комёб будааст ва “ҳадафҳоро бо муввафақият аз байн бурдааст”. Гурӯҳи нозири ҳуқуқи башари Сурия мегӯяд, ки 9 тундрави “Давлати исломӣ” кушта шудааст ва 12 нафари дигар захм бардоштаанд.

Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия мегӯяд, ки қисматҳои шимолии Сурия ба “минтақаи амн” табдил хоҳад ёфт.

Дастур дар бораи амалиёти ҳавоӣ баъд аз бомбгузориҳои маргталабонаи 20 июл содир шуд, ки дар марз бо Сурия анҷом гирифт ва дар он 32 нафар фаъолон кушта шуданд. Барои ин ҳамла тундравҳои “Давлати исломӣ” гунаҳкор дониста мешаванд. 23 июл низ дар чунин ҳамла сарбозони Туркия кушта шуданд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон зимни суханони худ аз телевизион гуфт, ки рӯзҳои охир вазъ дар Туркия “аз контрол хориҷ шудааст” ва бояд даст ба иқдом бизанад. Довудоғлу низ мегӯяд, ки мақомоти интизомӣ дар саросари Туркия 590 узви “Давлати исломӣ” ва Ҳизби Коргарии Курдистонро боздошт кардаанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон 23 июл дар як сӯҳбати телефонӣ ба Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки Туркия амалиётро шурӯъ хоҳад кард. Ӯ гуфт: “Дар сӯҳбати телефонӣ бо Обама мо азм кардем, ки мубориза бар зидди созмонҳои ҷудоихоҳ ва “Давлати исломӣ” мубориза мебарем. Мо шаби гузашта даст ба нахустин иқдом задем.”

XS
SM
MD
LG