Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул алҳол бо Толибон музокирот намекунад


Ҳукумати Афғонистон эълом дошт, ки бо гурӯҳҳои алоҳидаи Толибон дар пасманзари бӯҳрон дар ин ҷунбиш ва афзоиши тафриқа миёни фармондеҳони он музокирот нахоҳад кард. Дар ин бора дафтари раёсатҷумҳурии Афғонистон рӯзи 3 август изҳорот нашр намуд.

Гуфтушунид миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон ҳафтаи гузашта баъд аз хабари даргузашти раҳбари пешини Толибон Мулло Умар мутаваққиф шуд.

Ба думболи ин як гурӯҳ аз толибон хабар доданд, ки Ахтар Муҳаммад Мансурро раҳбари худ интихоб намуданд. Аммо пайвандони Мулло Умар таъиноти Ахтар Муҳаммад Мансурро зери суол бурданд ва хостори раъйдиҳии густурда бо ширкати ҳама фармондеҳони аршад шуданд.

"Толибон" рӯзи 3 август хабар доданд, ки аз ҳама гӯшаҳои Афғонистон дар робита ба даргузашти Мулло Умар изҳори тасаллият ва бино ба таъиноти Ахтар Муҳаммад Мансур барқияҳои табрикӣ мегирад. Ахтар Муҳаммад Мансур рӯзи 1 август дар баёнияе гуфт, ҷангро бар зидди ҳукумати Афғонистон идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG