Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белий ба дипломатҳои украин супурда шуд


Шаҳрванди Украина Дмтрий Белий, ки муддати тулонӣ дар банди гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии Афғонистон буд, аз сӯи дипломатҳои Русия ба ҷониби Украина супурда шуд. Дар ин бора вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи 3 сентябр хабар дод.

Маросими супурдани Дмитрий Белий ба дипломатҳои украинӣ дар сафорати Русия дар шаҳри Кобул баргузор гардид. Иттилоъ дар бораи аз банди афроди мусаллаҳ озод кардани Дмитрий Белий рӯзи 29 август нашр шуд. Дар озод кардани ӯ дипломатҳои рус саҳм гирифтанд.

Дмитрий Белий тайи даҳ сол дар Кобул ба ҳайси муҳандиси ширкати бинокорӣ фаъолият мекард. Аввалҳои моҳи август ӯ аз сӯи гурӯҳи ношиноси мусаллаҳ гаравгон гирифта шуд. Аммо одамрабоён барои раҳоии ӯ ягон талаб пеш нагузоштанд. Аз сӯи кадом гурӯҳ рабуда шудани шаҳрванди Украина то ҳол рӯшан нест.

XS
SM
MD
LG