Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафсилоти ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Душанбе ва Ваҳдат


Бомдоди чоруми сентябр дар наздикии фурудгоҳи Душанбе ва Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт.

Дар ҳамлаҳои мусаллаҳонаи бомдоди 4 сентябр дар Душанбе ва Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат, 20-километрии пойтахти Тоҷикистон, 8 корманди пулис кушта ва ду нафарашон захмӣ шудаанд. Аз ҷумла, дар задухӯрд дар пойтахт чор афсари ОМОН ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ манобеи мӯътамад аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон хабар доданд.

Аммо дар ҳоли ҳозир номи танҳо яке аз маъмурони кушташудаи пулис дар Ваҳдат - Дилшод Саъдуллоев - барои Радиои Озодӣ маълум аст. Ҷасади Дилшод баъди зуҳри ҷумъа дар зодгоҳаш - шаҳри Кӯлоб ба хок супурда шуд ва наздиконаш гуфтанд, дар бадани ӯ пайи чанд тирро мушоҳида кардаанд. Ин сокини 27-солаи деҳаи Корези ҷамоати Зиракии Кӯлоб, лейтенант буда, дар Шӯъбаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ кор мекардааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд будааст.

Дар ҳамин ҳол, сокини дигари Кӯлоб -- Мирмад Ҳасанов, ки ба ҳайси корманди таъиноти махсуси ВКД фаъолият доштааст, дар пайи задухӯрд дар назди фурудгоҳи Душанбе ҷон додааст. Зайналбӣ Холиқова, яке аз наздикони ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ҷасади Мирмад ҳоло дар роҳ аст".

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон то кунун кушта шудани 9 нафар ва захмӣ шудани 3 ҳамлагарро тасдиқ карда ва гуфтааст, ки раҳбари онҳо Зиёраддин Абдуллоев ҳам ҳалок шудааст. Манобеъ дар ниҳодҳои қудратӣ мегӯянд, ки амалиёти боздошти бақияи ҳамлагарон идома дорад. "Тафсилот дертар хабар дода мешавад," – гуфтанд дар дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ.

Видео аз маҳалли тирандозӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00

Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба ҳамлаи мусаллаҳона болои Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ намудааст. Ин ҳамла соати тақрибан панҷи саҳари чоруми сентябр рух додааст. "Ин ҳамла аз сӯи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зада гардонда шуд. Дар натиҷа, Зиёвуддин Абдуллоев ва як ҳаммаслакаш нобуд карда шуда, се нафари дигари ин гурӯҳи ҷиноятпеша ярадор гардиданд," -- мегӯяд дафтари матбуоти ВКД.

Вазорати умури дохилӣ дар бораи Зиёраддин Абдуллоев, ки дар ин ҳодиса зоҳиран вазифаи "роҳбалад"-ро иҷро кардааст, ҷузъиёти бештар надодаанд, вале манобеи Озодӣ мегӯянд, ки ӯ то чанд ҳафтаи пеш дар Шӯъбаи милисаи Роҳатии шаҳри Ваҳдат кор мекардааст ва бо сабаби номаълум аз кор пеш карда шудааст.

Ба нақли манбаъ, "атрофи ШКД-и Ваҳдат панҷарапеч аст, вале вақте ин нафар назди посбонҳо меояд, худро корманди Шӯъбаи пулиси Роҳатӣ муаррифӣ мекунад. Чун посбон ӯро мешинохтааст ва аз барканор шуданаш хабар надоштааст, дарро бар рӯяш боз мекунад."

Умар Бобоҷонов
Умар Бобоҷонов

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ҳамла ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ба қазияи Умар Бобоҷонов, сокини 23-солаи ин шаҳр дахл надорад, ки ба иддаои наздиконаш гӯё шаби 28 августи соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони пулис латту кӯб шуда, ҳоло дар ҳолати беҳушӣ дар бемористон аст. Дар ҳамин ҳол, мақомот тадбирҳои амниятиро дар Душанбе, Ваҳдат ва манотиқи дигари кишвар пурзӯр кардаанд. Дар кӯчаву хиёбонҳо шумори зиёди ходимони милиса ба чашм мехӯранд, мошинҳо дар посгоҳҳо тафтиш мешаванд.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки ҷустуҷӯи се нафар аз ҳамлаварони назди фурудгоҳи Душанбе низ дар маҳаллаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе идома дорад. Тахмин меравад, ки се тан аз онҳо дар ин маҳалла паноҳ бурдаанд. Ҳоло атрофи ин маҳалла аз ҷониби кормандони пулис муҳосира шудааст ва кормандони мақомоти интизомӣ ҷустуҷӯи хона ба хонаро дар ин ҷо оғоз кардаанд.

XS
SM
MD
LG