Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки бар пояи нақшаи генералии шаҳрдории Душанбе, қарор аст биноҳои дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, парлумон, шаҳрдории Душанбе, чойхонаи “Роҳат” ва театрҳои Лоҳутиву Маяковский дар маркази пойтахти Тоҷикистон тахриб мешаванд ва ба ҷои онҳо биноҳои наву замонавӣ бунёд меёбанд.
Нуралӣ Саидзод, муовини аввали раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории ҳукумати Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 9-уми октябр зимни тасдиқи ин хабар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, номгӯи биноҳое, ки қарор аст аз кӯчаи марказии пойтахт бардошта шаванд, аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мушаххас гардида ва ин иқдом дар чорчӯби Плани генералӣ анҷом мешавад.
Ба гуфтаи ин масъули ҳукумат, бар асоси нақшаи генералии бозсозии симои шаҳри Душанбе, аксари биноҳое, ки мувофиқ ба меъёрҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ нестанд ва симои миллӣ надоранд, бардошта ва ҷои онҳоро биноҳои ҳозиразамон хоҳанд гирифт. Дар ҷои ин сохтмонҳо биноҳои нави парлумон, дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ, ҳукумати шаҳри Душанбе бунёд хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи Нуралӣ Саидзод, пас аз тахриби биноҳои феълии Дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ва ҳукумати Душанбе, дар ҷои онҳо биноҳои нави ин сохторҳо бо тарҳи нав бунёд меёбанд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки бо бардошта шудани биноҳои феълии чойхонаи “Роҳат”, театрҳои ба номи Лоҳутӣ ва Майяковский дар ин макон чӣ биноҳо сохта хоҳанд шуд.
Тасмим барои тахриби биноҳои феълии дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ, шаҳрдорӣ, чойхонаи “Роҳат” ва театрҳои Лоҳутиву Маяковский замоне гирифта шудааст, ки Тоҷикистон гирифтори паёмадҳои бӯҳрони молист. Аммо масъулон мегӯянд, иҷрои ин тарҳҳо, ба эҳтимоли зиёд на танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷа, балки бо истифода аз кӯмаки соҳибкорону ширкатҳо сурат мегирад.
Татбиқи нақшаи генералии бозсозии симои шаҳри Душанбе аз чанд соли пеш шурӯъ шудааст. Аз Нуралӣ Саидзод пурсидем, ки чаро мақомот тасмим гирифтаанд аксари сохтмонҳои маъмурии даврони шӯравӣ бунёдшударо бардоранд, шояд бархе аз ин иншоот ҳақ доранд ҳамчун як арзиши таърихӣ ҳифз шаванд? Нуралӣ Саидзод, муовини раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ дар посухи ин суол мегӯяд, “Дар шаҳри Душанбе баъзе биноҳое ҳастанд, ки аз лой сохта шудаанд. Иддаи
дигар ҳанӯз солҳои 1930-1940 аз чӯб бунёд шудааст, ки симои пойтахтро бад нишон медиҳад. Баъди бунёди “Кохи Наврӯз”, ки мислаш дар дунё нест, дигар чойхонаи “Роҳат” ҷавобгӯи талаботи меъмории муосир нест.”
Аммо пажӯҳишгарон мегӯянд, шукӯҳу азамати биноҳо на аз рӯи маводи бунёдёфтаашон, балки бо меъмории хос ва муддати зиёд пойдор монданашон баҳо дода мешаванд.
Ғафур Шерматов, муаррихи тоҷик, ки таърихи бунёди Душанберо таҳқиқ кардааст, мегӯяд, ҳукумат набояд биноҳое назири чойхонаи “Роҳат”, театрҳои Лоҳутӣ ва Маяковский ва ё парлумону ҳукумати шаҳрро тахриб кунанд. Ба гуфтаи ӯ, чойхонаи “Роҳат” як дурдонаи шаҳри Душанбе аст ва бо дастони беҳтарин устоҳои тоҷик аз шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанд сохта шудааст ва он бояд ҳатман ҳифз шавад. Ҳамчунин, ин муаррих, бинои Шӯрои Олӣ ё парлумони ҳозираро аз шумори биноҳое унвон кард, ки намунаи барҷастаи меъморӣ мебошанд ва набояд тахриб шаванд. Зеро ба гуфтаи Ғафур Шерматов, ҳар як бинои воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ бозгӯи таърихи Душанбе ва сароғози пойтахт аст.
Ин муаррихи тоҷик пешниҳод дорад, ки ҳукумати Тоҷикистон иқдоми ахирашро бознигарӣ кунад ва дар атрофи шаҳри Душанбе, ки майдонҳои холӣ мавҷуд аст, шаҳри замонавиашро бисозад.
Ӯ афзуд, ки таърихи тамаддун намунаҳои сохтмону иншооти зиёдеро медонад, ки шояд ҷавобгӯи меъёр ё талаботи давр нестанд. Вале, ба эътимоди ин донишманд, онҳо баёнгари таърих, симо ва махсусияти даврони худ ҳастанд. Шерматов мегӯяд, "таърихро дигар кардан мумкин нест. Мо наметавонем биноҳоеро, ки гузаштаҳоямон бунёд кардаанд, тахриб кунем. Ин биноҳо таърих ҳастанд. Мо афкору андешаҳои насли гузаштаро тавассути ҳамин биноҳо ба ояндагон бояд бирасонем. На ин ки онҳоро вайрон кунем", мегӯяд ӯ.
Бархе сокинони кӯҳансоли Душанбе, ки ҳамроҳ бо пойтахт бузург шуда, замони бунёди ин ё он иншоотро то ҳол ёд доранд ва ин таърихро ҷузве аз таърихи зиндагии худ меҳисобанд, ба навсозӣ шудани бархе сохтмонҳо бетафовут нестанд. Сайфиддин Шамсиддинов, сокини 87-солаи Душанбе мегӯяд, имрӯз ҳам, мисли даврони ҷавониаш ба чойхонаи “Роҳат” рафта, истироҳат мекунад, як пиёла чой нӯшида, ҷавониҳояшро ба ёд меорад. Ӯ тамоми умр омӯзгорӣ кардааст ва мегӯяд, ки сутуну деворҳои кандакоришудаи ин даргоҳ бузургони фарҳанги тоҷик - Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутиву Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо шахсиятҳои дигарро ёд дорад, ки сари як пиёла чой ҷамъ меомаданд ва ин макон шояд илҳомбахши эҷодиёти бузурги онҳо шудааст.
Дар баробари ин, кам нестанд онҳое, ки аз аз талошҳои ҳукумат барои навсозии симои пойтахти кишвар ҳимоят мекунанд. Онҳое, ки зиёд саёҳат мекунанду имкони муқоисаи Душанберо бо пойтахтҳои кишварҳои дигар доранд, мегӯянд, воқеан ҳам дар чанд соли охир симои пойтахт хеле дигар шуда, аз як шаҳри ду-сеошёнаи стандартии шӯравӣ, ба шаҳри милливу айни ҳол замонавӣ табдил шудааст. Дар чанд соли охир дар Душанбе иншооти аз лиҳози арзишҳои меъморӣ ҷолиби Китобхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Вазорати корҳои хориҷӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Миллат, меҳмонхонаҳои "Шератон", "Ҳаят" ва боғҳову гулгаштҳои зиёд арзи ҳастӣ карданд.
То чанд соли пеш дар шаҳри Душанбе ва бархе шаҳрҳои марказии вилоятҳои Тоҷикистон хонаҳои ду-се ва нӯҳошёнаи дар даврони шӯравӣ сохташуда ба чашм мехӯрд, аммо чанд соли охир умури сохтмонӣ авҷ гирифта дар пойтахт биноҳои аз 12 то 24-табақа ҳам қомат афрохтаанд.
Шаҳри Душанбе соли 1924, ҳамчун пойтахти Тоҷикистони мухтор дар ҳайати Ӯзбакистон қомат рост карда буд. Соли 1929, замоне, ки Тоҷикистон як ҷумҳурӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ шуд, ба он Сталинобод ном гузоштанд ва то соли 1961 бо ин ном буд. Баъди ин номи қадимаи худ Душанберо баргардонд. Ҳоло тибқи омори расмӣ аҳолии пойтахт ба беш аз 800 ҳазор нафар мерасад, ҳарчанд шумори воқеии ғайрирасмии ҷамъияти Душанбе метавонад хеле бештар бошад.