Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бо Туркия рафту омади бераводидро бекор мекунад


Сергей Лавров
Сергей Лавров

Русия мегӯяд, ки рафту омади бидуни раводид бо Туркияро бекор мекунад. Ин дар ҳолест, ки баъд аз задани ҳавопаймоии низомии Русия дар марзи миёни Сурияву Туркия муносибатҳои Маскав ва Анкара сард шудааст.

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия эълон кард, ки рафту омади бидуни раводид бо Туркия аз 1 январи соли 2016 боздошта мешавад.

Дар тавзеҳоти ин тасмим Лавров Туркияро муттаҳам кард, ки ин кишвар ба ҳомии терроризм табдил ёфтааст ва барои пайдо кардани шаҳрвандони Русия, ки дар фаъолиятҳои террористӣ ширкат меҷӯянд, камтар талош ба харҷ медиҳад.

Задани ҳавопаймои низомии Русия дар марзи Сурия дар 24 ноябр вокунишҳои шадиди ҷавобии Русияро ба бор овардааст. Аз ҳамон замон то ҳол сафари ҷаҳонгардони Русия ба Туркия маҳдуд шудааст, мошинҳои бории Туркия дар марз боздошта ва маводи ғизоӣ мусодира шудааст. Ҳамчунин барои таҳримҳои иқтисодии марзӣ омодагӣ идома дорад.

Раҷаб Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия 27 ноябр ба Русия ҳушдор дод, ки “бо оташ бозӣ накунад”. Вай ба ин нукта ишора кард, ки тоҷирони Туркия дар Русия боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG