Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Лагард аз истеъфои вазири Украина


Кристин Лагард
Кристин Лагард

Кристин Лагард-раиси Сандуқи Байналмиллалии Пул гуфт, ки вай аз истеъфои ғайримунтазираи вазири иқтисоди Украина дар ҳафтаи ҷорӣ нигарон аст. Ба гуфтаи Лагард, ин вазири ислоҳотхоҳ аст ва сабаби истеъфояш ришвахорӣ дар ҳукумат арзёбӣ мешавад.

Лагард 4 феврал гуфт, “ман ба талошҳои вай эҳтиром қоил ҳастам. Истеъфои эълонкардаи вай боиси нигаронист”. Айварас Абромавичус-вазири иқтисоди Украина яке аз ҳампаймонҳои калидии Петро Порошенко-раиси ҷумҳур дар ҳукумати ин кишвар аст.

Сандуқи Байналмиллалии Пул яке аз сарчашмаҳои асосии молӣ дар Украина ба шумор меравад. Ҳоло ин кишвар бо поин рафтани нархи маҳсулоти хуроквориаш мубориза мебарад. Русия бозори аслии фурӯши маҳсулоти ғизоӣ ва соири фаровардаҳои Украина ба шумор мерафт, вале ҳоло Русия бар зидди ин кишвар таҳрим ҷорӣ кардааст.

Сандуқи Байналмиллалии Пул барои Украина барномаи наҷоти молии 17,5 миллиард доллариро пешбинӣ кардааст, вале он ба анҷоми ислоҳот дар бозори озоди иқтисодӣ ва мубориза бо ришвахорӣ иртибот дорад.

XS
SM
MD
LG