Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳталабон пешсафи интихоботи Эрон


Натиҷаҳои муқаддамотии даври дуввум нишон додааст, ки дар интихоботи порлумонии Эрон ислоҳталабон пешсаф ҳастанд. Дар даври дуввуми интихобот дар рӯзи 29-уми апрел номзадҳо ба мақоми вакилӣ барои 68 курсии боқимонда рақобат карданд. Хабаргузории Форс навишт, ки бар асоси натиҷаҳои пешакии оро, 33 курсиро намояндагони эътилофи Листи умед соҳиб шудаанд, ки тарафдори Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ҳастанд. Номзадҳои муҳофизакор 21 курсӣ ва номзадҳои мустақил 14 курсии порлумони Эронро ба даст овардаанд. Натиҷаи расмии даври дуввуми интихоботро рӯзи 30-уми апрел эълон мекунанд. Даври дуввуми интихобот дар ҳавзаҳое сурат гирифт, ки довталабон натавонистанд дар даври аввал камаш 25 дар сади раъйҳоро соҳиб шаванд. Ин давр, ки 17 миллион нафар ҳаққи раъйдиҳӣ дар он доштанд, таркиби маҷлиси Эронро муайян мекунад. Тарафдорони Ҳасан Рӯҳонӣ раиси ҷумҳури ислоҳталаби Эрон дар даври аввали интихобот курсии зиёди порлумонро ба даст оварданд, вале натавонистанд, аксарияти курсиҳоро аз они худ кунанд. Аввалин нишасти порлумон рӯзи 27-уми май баргузор мешавад. Ҳарчанд ин ниҳоди қонунгузори Эрон нақши бузурге дар таъйин кардани сиёсатҳои умдаи Эрон надорад, вале метавонад, ба сиёсатҳои Ҳасан Рӯҳонӣ барои пешрафти иқтисод мусоидат кунад. Ҷомеаи байналмилалӣ соли 2016 таҳримоти иқтисодӣ алайҳи Эронро баъди ба даст омадани созиши атомӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар соли 2015 аз байн бардошт.

XS
SM
MD
LG