Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти духтарони футболбози тоҷик аз тими Бангладеш


Дастаи мунтахаби духтаронаи футболи Тоҷикистон аз тими Бангладеш бо ҳисоби 1:9 мағлуб шуд.

Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии сабқати минтақавии қаҳрамонии футболи Осиё миёни духтарони синашон то 14-сола дар минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ аз тими Бангладеш бо ҳисоби бузурги 1:9 шикаст хӯрд. Ин бозӣ шоми 30 апрел дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе ба поён расид.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ, ки дар майдони Академияи футболи «Истиқлол», дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор, баргузор шуд, мунтахаби Ҳиндустон тими Эронро бо ҳисоби 4:3 шикаст дод.

Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби Бангладеш ва Ҳиндустон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Бозии ҳалкунанда миёни ин ду даста рӯзи якшанбеи 1 май дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе соати 16:00 шурӯъ мешавад.

Пеш аз бозии ниҳоӣ дар ин варзишгоҳ мунтахаби духтаронаи футболи Тоҷикистон барои ҷойи севум бо тими Эрон рақобат мекунад. Ин бозӣ соати 13:00 оғоз меёбад.

Сабқати минтақавии қаҳрамонии Осиё миёни духтарони то 14-сола. Минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ:

Бозиҳои ниманиҳоӣ

Эрон – Ҳиндустон – 3:4

Голҳо: Сунита Мунда, 9 (0:1). Сунита Мунда, 11 (0:2). Марал Торкаман, 22 (1:2). Марям Муҳаммадӣ, 25 (2:2). Роҷая Ҷалол Насаб, 32 (3:2). Сусмита Танти, 43 (3:3). Сусмита Танти, 57 (3:4).

30 апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи Академияи «Истиқлол». 100 тамошобин.

Бангладеш – Тоҷикистон – 9:1

Голҳо: Тоҳура, 6 (1:0). Анучинг Могини, 9 (2:0). Тоҳура, 12 (3:0). Анучинг Могини, 14 (4:0). Моника, 16 (5:0). Моника, 44 (6:0). Моника, 55 (7:0). Нилуфар Абдулҳаева, 58 – аз пеналтӣ (7:1). Ахи Хатун, 61 (8:1). Тоҳура, 71 (9:1).

30 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 500 тамошобин.

Тақвими бозиҳои боқимонда:

1 май (якшанбе)

13:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм. Тоҷикистон – Эрон. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

16:00 – Бозии ниҳоӣ. Бангладеш – Ҳиндустон. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

XS
SM
MD
LG