Мақомоти тафтишотии Русия Юрий Чабуев, раиси боздоштшудаи қабристони Хованское ва Александр Бочарников, ҳамраиси созмони “Здоровая нация”-ро дар ташкили занозанӣ ва куштор муттаҳам карданд. Дар пайи занозании 14 май дар ин қабристони Маскав се зодаи шаҳри Роғуни Тоҷикистон кушта шуда, беш аз бист муҳоҷири дигари тоҷик захмӣ гардиданд.
Раёсати бозрасии Русия дар пойтахти ин кишвар занозании қабристони Хованскоеро “авбошӣ” ва “куштори ду нафар ё аз он бештар” номидааст, ки ба қавли мақомот “бо маслиҳати пешакӣ анҷом шудааст”. Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло алайҳи Чабуев ва Бочарников бар асоси қисми сеи моддаи 33-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне, “созмондиҳии ҷиноят” айб эълон кардаанд.
Дар робита ба занозании хунин дар қабристони Маскав корманди собиқи пулиси ноҳияи Хамовники пойтахти Русия Никита Мошенко низ боздошт шудааст. Ахиран додгоҳ муҳлати боздошти панҷ шаҳрванди Тоҷикистон – Ҳоҷиқурбон Бӯриев, Ҷомӣ Чақалов, Диловар Юнусов, Шоймардон Аҳмадов ва Раҳмиддин Садриддиновро дар иртибот ба ин қазия ду моҳи дигар тамдид кард. Ин муҳоҷирони тоҷик тибқи моддаи 213, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне “авбошӣ”, муттаҳам мешаванд. Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, барои ҳимоят аз ин шаҳрвандони кишвар вакили дифоъ киро кардааст.
Рӯзи 14 майи соли ҷорӣ як гурӯҳи ҷиноӣ бо талаби ҷудо кардани “ҳаққ” ба коргарони тоҷики қабристони Хованское, воқеъ дар километри 21-уми шоҳроҳи Киев, дар канори пойтахти Русия ҳамла карданд. Намояндагони гурӯҳи ҷиноии иборат аз зодагони Қафқоз ва русҳо аз мардикорон талаб кардаанд, ки нисфи даромади худро ба онҳо бидиҳанд. Баҳси ду тараф ба занозанӣ ва тирпарронӣ печид, ки дар натиҷа се зодаи шаҳри Роғуни Тоҷикистон кушта шуданд. Ҷасади Сӯҳроб Хушакови 22-сола, Иноят Ризоеви 39-сола ва Сайнуриддин Собирови 42-сола рӯзи 18 май ба ватан оварда шудан.
Аммо мақомоти тафтишотии Русия мегӯянд, ки то ҳол ҷузъиёти марги Сӯҳроб Хушаков рӯшан нест. Ба қавли масъулони ин ниҳоди Русия, ҷасади Хушаков, ки бар асари тири силоҳ ҷон бохтааст, на дар маҳалли ҳодиса, балки дар минтақаи Хованскоеи Шимолӣ, ҳудуди як соати роҳи пиёдагард аз маҳалли задухӯрд, ёфт шудааст.
Табаралӣ Асоев – падари Суҳроб Хушаков – низ баъди ба хок супурдани писараш дар суҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки писараш на дар қабристони Хованскоеи Маскав кор мекард ва на болои муҳоҷирони тоҷик дар ин қабристон ҳамла карда буд, “балки барои ҳеч чиз кушта шудааст”. “Суҳроб танҳо як ҳафта пештар аз ин ҳодиса ба дидорбинии писари амакаш рафта буд. Онҳо дар сохтмоне дар наздикии гӯристони Хованскоеи шаҳри Маскав кор мекарданд,” - нақл кард Асоев. Ӯ гуфт, ки писараш дар рӯзи муноқиша низ дар наздикии қабристони Хованское гаштугузор доштааст ва аз тири ҳамлаварон ба ин қабристон кушта шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 24 май дар мулоқот бо Владимир Колоколтсев, аз ин ҳодиса ибрози нигаронӣ карда, аз ҷониби Русия даъват карда буд, ки “барои ба ҷавобгарӣ кашидани созмондиҳандагон ва гунаҳкорони латтукӯби оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми чораҳои зарурӣ андешида шавад”.
Аз он пеш Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон низ, дар ҷараёни дидораш аз шаҳри Санкт-Петербург ва мулоқоташ бо Валентина Матвиенко ва Сергей Наришкин, раисони Шӯрои Федератсия ва Думаи давлатии Русия аз ҳамлаҳои, ба гуфтаи ӯ, афзоянда болои муҳоҷирони тоҷик дар Русия шадидан нигаронӣ карда, аз ҷумла занозании хунини қабристони Хованскоеи Маскавро мисол оварда буд. Ӯ гуфт, “ба ҷинояткорону шахсони паси ин занозанӣ мувофиқи амалашон ҷазо дода шавад”.
Баъдан раҳбарони порлумони Тоҷикистону Русия ба тавофуқ расиданд, ки ба зудӣ аз ҳисоби вакилони ду кишвар барои таҳқиқи вазъи муҳоҷирон як гуруҳи муштарак таъсис хоҳанд дод.