Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки «бино ба тақвим ва хулосаи пажуҳишгоҳҳои астрофизикӣ, моҳи Рамазон имсол 6 июн шурӯъ мешавад». Ин моҳи муборак шояд то 5 июл идома ёбад.
Зимнан, ин давра тулонитарин рӯзҳои солро дарбар мегирад ва, бино ба пешгӯии ҳавосанҷҳо, ҳарорати ҳаво ҳам дар Тоҷикистон боло меравад, ки барои рӯзадорон имтиҳони сангине хоҳад буд.
Ҳам дар Қуръони карим ва ҳам дар ҳадисҳои Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) Рамазон чун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо таъкид шудааст, мегӯяд Саидмукаррам Абдулқодирзода. Китоби муқаддаси мусалмонҳо дар ҳамин моҳ барои ҳидояту раҳнамои аҳли башар нозил шудааст.
Рамазон арзишҳову ҳикматҳое дорад, ки ҷудо кардани ҳақ аз ботил яке аз онҳост. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи рӯҳонии тоҷик, Рамазон моҳест, ки мусалмонҳо ботини худро низ аз ҳама гуна шарр пок мекунанд ва агар рӯзадор бо сухане касеро озор медиҳад, ба номаҳраме менигарад ё ба ҷое меравад, ки макони нопоку гуноҳ аст, пас рӯзаи ӯ рӯза нест.
РАМАЗОН - ИМТИҲОНИ САНГИН БАРОИ ҲАР МУСАЛМОН
Бар пояи шариат, фақат мусалмони болиғ ҳаққи рӯза гирифтан доранд. Паёмбари Ислом гуфтааст, ки "фақат се гурӯҳ барои гуноҳҳои худ ҷавобгӯ нестанд, одами хобида то бедор шудан, тифл то ба балоғат расидан ва ноқисулақл то сиҳат ёфтан”.
Дар ҳамин ҳол баъзеҳо аз он нигаронанд, ки имсол рӯза доштан барояшон назар ба солҳои пеш сахттар хоҳад буд, ба вижа, барои онҳое, ки дар ҳавои боз ё дар саҳро, зери офтоби сӯзон кор мекунанд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода мегӯяд, соли гузашта баъзе аз расонаҳои ғайриисломӣ навишта буданд, ки гӯё барои баъзе афрод, аз ҷумла, онҳое, ки зери офтоби тафсон кор мекунанд, нӯшидани чанд ҷуръа об иҷоза аст. Ин гуна рӯзагирӣ дар ислом аслан вуҷуд надорад, таъкид мекунад рӯҳонии тоҷик. Аммо дини ислом барои афроде, ки дар нонвойхонаҳо кор мекунанд ё ба шуғле машғуланд, ки танаффус эълон карданашон боиси табоҳӣ ё аз байн рафтани он кор мешавад, ё дигар кори вазнинро иҷро мекунанд, сабукӣ додааст ва бигирем, агар деҳқоне, ки рӯзадор асту дар саҳро зери офтоби тафсон кор мекунад ва мебинад, ки бемор мешавад, метавонад рӯзаашро бихӯрад, вале ӯ муваззаф аст, ки баъд аз моҳи мубораки Рамазон ҳарчӣ зудтар қазои рӯзаашро бидорад, мегӯяд ҷаноби Абдулқодирзода.
Гуфта мешавад, ба ҷуз афроди мариз ва дар ҳоли сафар, занҳои ҳомиладор ва афроди пиру нотавон ҳам барои рӯза доштан маҷбур нестанд, ҳарчанд бояд барои ҳар рӯзи моҳи Рамазон таоми як каси фақирро муҳайё созанд ё баъдан рӯзаи қазоӣ бигиранд.
Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки шояд масъулини вазорат дар машварат бо рӯҳониён дастуреро барои рӯзадорон таҳия кунанд. Беэҳтиётӣ ҳангоми рӯза гирифтан, ба хусус барои афроде, ки мубтало ба бемориҳое дил ва фишори баланду диабети қанданд, метавонад паёмадҳои манфӣ дошта бошад, мегӯяд Наврӯз Ҷаъфаров.
Аслан, ба гуфтаи Шералӣ Раҳматуллоев, раҳбари Маркази модар ва кӯдаки тобеи вазорати тандурустии Тоҷикистон, занони ҳомила ва модароне, ки тифлони ширхор доранд, набояд рӯза бигиранд. “Аллоҳ таъоло барои тифл шири модарро офаридааст, вақте модар ғизо намехӯрад, ӯ шир намедиҳад ва боиси бемориҳои зиёди тифл мешавад, ба хусус дар фасли тобистон", мегӯяд ӯ.
Рӯза барои одамоне, ки бо маризиҳои дил ва вазни аз меъёр беш мубталоянд, фойида дорад, аммо касоне, ки аз маризиҳои меъда, гурда ва ҷигар ранҷ мекашанд, бояд аз рӯзадорӣ худдорӣ кунанд ваё фақат баъди машварати табибон рӯза доранд, мутмаинанд табибон.
"АЗ ТАОМҲОИ РАВҒАНӢ ПАРҲЕЗ КУНЕД!"
Агар шахси рӯзадор дар тобистон кори вазнинро иҷро кунад, ин метавонад боиси беобӣ дар ҷисм гардад. Беобии ҷисм дар навбати худ метавонад боиси ҳарорати баланд, чарх задани сар ва дилбеҳузурӣ шавад. Бархе табибон машварат медиҳанд, ки ҳангоми саҳарӣ хурдан аз чой, қаҳва, машрубот ва обҳои газнок парҳез бояд кард, зеро онҳо кофеин ва дигар маводи кимиёвӣ доранд, ки на фақат ташнагиро намешикананд, балки ҳама обро аз ҷисм берун мекунанд. Тавсия дода мешавад, ки субҳ шахси рӯзадор оби андаке шӯр бинӯшад, намак аз беобшавии бадан ҷилавгирӣ мекунад. Аз ҳама бештар оби пок, чойи кабуд ва чойи алафӣ ташнагиро рафъ мекунанд.
Ҳангоми саҳархӯрӣ бояд аз истеъмоли таомҳои бирён, равғанӣ, сернамак, тунду тез ва аз ҳад ширин бояд парҳез кард, Наврӯз Ҷаъфаров мегӯяд, ки таомҳои равғаниву бирён ба меъда зарар доранд ва бо душворӣ ҳал мешаванд, таомҳои сернамаку тезу тунд ва ширин касро давоми рӯз ташна мекунанд.
Гуфта мешавад, истеъмоли меваҷот – ангур, афлесун, нок ва себ ҳам боиси ташнагӣ мешавад. Беҳтарин ғизо дар субҳона таомҳои сабук ва атолаҳое аст, ки баданро тамоми рӯз бо нерӯ таъмин мекунанд. Истифода аз сабзавоти тару тоза ё дар об пӯхташуда – лаблабу, карам, картошка ва сабзӣ ҳам аз манфиат холӣ нест. Ҳамчунин метавон аз масолеҳи ширӣ истифода кард.
Табибон мегӯянд, ифторро беҳтар аст, ки бо истеъмоли ду-се дона хурмо ва нӯшидани об шурӯъ кард. Баъд аз он бояд тақрибан даҳ дақиқа сабр кард то хурмо дар бадан ҳазм шавад. Беҳуда нест, ки Паёмбар Муҳаммад (с) ҳангоми ифтор ҳамеша хурмо истеъмол мекард.
Табибон мегӯянд, чун ифтор пеш аз хоб сурат мегирад, бояд кас таомҳоеро истеъмол намояд, ки онҳоро меъда ба осонӣ ҳазм мекунад. Онҳо истеъмоли сабзавоти дар об ҷӯшонидашуда, таомҳои сабуки сабзаҷотӣ, меваю меваи хушк ва масолеҳи шириро маслиҳат медиҳанд. Ва ҳамчунин бояд якуним-ду литр об нӯшид, то бадан бо меъёри зарурии об таъмин шавад, мегӯянд онҳо.
УПОСАТХА - РӮЗАИ БУДДОИҲО?
Рӯза дар дигар адён ҳанӯз то пайдоиши дини Ислом роиҷ буд. Иоанн Златоуст, ки аз сӯи Калисои православии рус муқаддас эълон шудааст, гуфта буд, касе, ки рӯзаро фақат худдорӣ аз ғизо мешуморад, иштибоҳ мекунад. “Рӯзаи ҳақиқӣ, ба гуфтаи ӯ, дурӣ ҷустан аз бадӣ, нигаҳ доштани забон, мавқуф гузоштани ғазаб, ҷилавгирӣ аз нафси ҳайвонӣ, худдорӣ аз тӯҳмату дурӯғ ва аз савгандшиканист”.
Дар шохаи православии дини масеҳӣ чанд рӯза мавҷуд аст, ки муҳимтаринаш Великий пост ё Рӯзаи Бузургаст, ки ҳафт ҳафта қабл аз Пасха ё Иди Пок идома мекунад. Дар ин муддат рӯзадорон бояд аз хӯрдани гӯшт парҳез кунанд ва барои онҳо фақат ду рӯз истеъмоли гӯшти моҳӣ иҷоза аст.
Дар дини яҳудӣ –Йом Кипур ё Рӯзи бахшиши ҳамагонӣ аз рӯзаҳои асосӣ маҳсуб мешавад ва тайи як рӯз аз бомдод то пайдо шудани ситораҳо дар осмон хӯрдану нӯшидан, шустушӯ кардани бадан, пӯшидани пойафзоли чармин, ба бадан равған молидан ва робитаи ҷинсӣ кардан манъ шудааст. Зимнан, Йом Кипур дар Исроил иди давлатӣ аст ва он рӯз ҳатто яҳудиҳое, ки ба дин эътиқод надоранд, рӯза мегиранд, аз ҳамдигар бахшиш мехоҳанд ва ба ибодатгоҳ мераванд. Дигар рӯзаи яҳудиҳо – Тиша беАв (Ави нуҳӯм) ҳам аз субҳ бо шаб идома мекунад ва мамнӯъиятҳо чун дар рӯзаи Йом Кипуранд. Қабл аз ин рӯза яҳудиҳо се ҳафтаи мотам мегиранд ва дар ҳафтаи охири он дар оби гарм оббозӣ кардан, истеъмоли гӯшт ва шароб манъ шудааст.
Дар дини буддоӣ рӯза тақрибан вуҷуд надорад, зеро, ба пояи таълимоти Буддо, ҷисми инсон - асбобест барои фойида овардан ба ҳама ҷонзодҳо ва ҳимояти онҳо аз азият ва аз ин рӯ ғизо барои фаъолияти ҷисм басо муҳим аст. Аммо дар бархе ҳолатҳо буддоиҳо як давари кӯтоҳ аз хӯрдани гӯшт, сирпиёзу пиёз ва нӯшидани машрубот парҳез мекунанд. Ягона рӯзаи дар баъзе мавзеъҳо миёни буддоиҳо боқимонда рӯзаи Упосатха аст, ки дар як моҳ чаҳор рӯз давом мекунад. Он рӯзҳо мардум ба ибодатгоҳҳо мераванд ва барои роҳибон таом мебаранд. Онҳо ҳашт шарт, аз ҷумла, худдорӣ аз куштор, дуздӣ, робитаи ҷинсӣ, дурӯғгӯӣ ва рӯзе фақат як бор таом хӯрданро ба ҷо меоваранд ва аз хобидан дар бистари баланду васеъ парҳез мекунанд.
Баҳоиҳо дар охирин моҳи соли баҳоӣ, ки аз 19 моҳ ва ҳар моҳе аз 19 рӯз иборат аст, рӯза мегиранд. Рӯзаи онҳо аз рӯзаи мусалмонҳо фарқе надорад, ба ҷуз он ки 19 рӯз идома мекунад. Дар дини баҳоӣ намози ҷомеъа, аз ҷумла, замони рӯза, ва таровеҳ роиҷ нест.