Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати СММ барои озодии наҳзатиҳо


Дейвид Кайе моҳи март ба Тоҷикистон омада буд
Дейвид Кайе моҳи март ба Тоҷикистон омада буд

Дейвид Кайе, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури озодии баёну эътиқод, аз маҳкум шудани аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ибрози навмедӣ кардааст. Ӯ рӯзи 7 июн дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки "ҷазои сахт ба раҳбарони мухолифони давлат, нишондиҳандаи босуръат маҳдуд шудани озодии эътиқод дар Тоҷикистон аст".

Додгоҳи олии Тоҷикистон охири ҳафта гузашта ду муовини раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ба ҳабси абад маҳкум карда, дувоздаҳ узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ин ҳизбро аз 2 то 28 сол ба зиндон фиристод.

Ба қавли Дейвид Кайе, гузоришгари СММ, саркӯби Ҳизби наҳзати исломӣ дар як соли гузашта ва яке аз садоҳои ками мухолиф дар Тоҷикистон, ҳузури мардум дар зиндагии сиёсии кишварро ҷиддан дучори мушкил мекунад. Дейвид Кайе мегӯяд, мақомот барои собит кардани дурустии амалҳояшон хатари ифротгароӣ ва терроризмро мисол меоранд, аммо ба қавли гузоришгари вижаи Созмони Милал, ​"иқдомоти сахту худсарона алайҳи мухолифон ва пешвоёни мазҳабӣ на танҳо қобили қабул нест, балки хатарнок аст, чун онҳоеро, ки аз баҳсҳо дар ҷомеа маҳрум мекунад, тундрав месозад." Дейвид Кайе таъкид кардааст, ки "суботро аз роҳи саркӯбии ҳаргуна дигарандешӣ ба даст оварда намешавад."

Ба гуфтаи Дейвид Кайе, ӯ зимни сафараш дар моҳи марти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон нигаронии амиқаш дар робита ба бастани Ҳизби наҳзати исломӣ, паси дарҳои баста ва пинҳон аз чашми ҳама, аз ҷумла Созмони Милал сурат гирифтани муҳокимаи аъзои раёсати онро иброз карда ва гуфтааст, ки ин кор мухолиф меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон аст.

Стив Свердлов
Стив Свердлов

Гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ҳамаи онҳоеро, ки бо ангезаҳои сиёсӣ боздошт ва муҳокима шудаанд, озод кунад. Муроҷиатномаи Дейвид Кайеро, Майна Киа, гузоришгари вижаи Созмони Милал барои ҳаққи озодии ҷамъомаду гирдиҳамоӣ ва Ҳейнер Биелефелдт, гузоришгари вижаи Созмони Милал барои озодии дину эътиқод дастгирӣ кардаанд.

Пештар аз муроҷиати намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ба ҳукумати Тоҷикистон, се созмони ҳомии ҳуқуқ ба шумули Дидбони Ҳуқуқи Башар, Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия ва созмони Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ рӯзи 6 июн бо нашри баёнияе ҳукми зиндони 14 узви раёсати ҳизби мамнӯи наҳзатро ҳукми “бераҳмона” хонда ва гуфтаанд, дар сурати боқӣ мондан ин ҳукм “на танҳо зарбае ба мухолифон, балки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон хоҳад буд.”

Стив Свердлов, пажӯҳишгари кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин баёния гуфтааст, "ҳукми (зиндони аъзои раёсати ҳизби мамнӯи наҳзат) нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон метавонанд, ҳар нафарро фақат барои розӣ набуданаш бо ақидаҳои ҳукумат ҷинояткор номида ва ҷазо бидиҳанд.”

Надежда Атаева
Надежда Атаева

Надежда Атаева, раиси созмони Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ гуфтааст, ягона ҳадафи муҳокимаи аъзои Ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзат, “пинҳон кардани саркӯби сиёсӣ дар ҷомаи муҳокимаи қонунӣ” буд. Ба гуфтаи Надежда Атаева, муҳокимаи мухолифони давлати Тоҷикистон “масхара кардани адолат аст”.

Марио Фоссум, намояндаи Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия дар ин баёния гуфтааст, ки "шарикони байналмилалии Тоҷикистон бояд возеҳ ва ҳамдилона ин "масхараи адолатро" маҳкум кунанд."

Ҳар се созмон гуфтаанд, ки муҳокимаи аъзои ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзат ноодилона буд ва нишон медиҳад, ки ҳукумат низоми додгоҳиро ба манфиати худ ба кор мебарад. Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки қароргоҳаш дар Ню-Йорк аст, аз Амрико, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва шарикони дигари байналмилалии Тоҷикистон хостааст, ки дар аксуламал бо ҳукм "мақомоти Тоҷикистонро танбеҳ бидиҳанд, то замоне ки барои беҳтар кардани вазъи ҳуқуқи инсон ва аз ҷумла беэътибор кардани ҳукми раҳбарони мухолифин чора наандешанд."

Мурофиаи 14 узви раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон моҳи феврал пушти дарҳои баста шурӯъ шуд ва ба гуфтаи Дидбони ҳуқуқи башар бо қонуншиканиҳои ҷиддӣ сурат гирифт. Ба гуфтаи созмон, манобеи наздик ба маҳкумшудагон ба Дидбони ҳуқуқи башар гуфтаанд, ки бо баъзе аз аъзои раёсати ҳизб зимни бозпурсиҳо бадрафторӣ сурат гирифтааст ва ё онҳоро шиканҷа кардаанд. Ҳарчанд додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри баёнияе гуфт, ингуна ҳодисаҳо набуд ва гузоришҳо дар ин бора беасосанд.

Охири ҳафтаи гузашта, рӯзи 2 июн, Додгоҳи олии Тоҷикистон 14 узви баландпояи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи ҷиноӣ, барангехтани адовати милливу нажодиву мазҳабӣ, қатлу терорризм, талош барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ, нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳ ва ошӯби мусаллаҳона гунаҳкор дониста шудаанд, ҳарчанд додситонӣ далелҳои возеҳе дар ин замина ба ҷомеа нишон надодаст.

Аз ҷумла додгоҳ Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалии Ҳаит, муовинони раиси ҳизбро ба зиндони якумрӣ кард. Ба 11 нафари дигар ба истиснои Зарафо Раҳмонӣ як узви дигари раёсат аз 14 то 28 соли зиндонро раво диданд. Зарафо Раҳмонӣ ба 2 соли зиндон маҳкум шуд.

Баъди ошӯби хунини Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015, ки 40 кушта бар ҷой гузошт, Додситонии кулл Ҳизби наҳзати исломиро ҳидоятгар ва тарҳрези ин ошӯб номид ва аз додгоҳ хост, ки фаъолияташро мамнӯъ кунад.

Додгоҳи олӣ низ ҳизбро созмони террористӣ номида фаъолияташро мамнӯъ кард ва 14 узви раёсати ҳизб низ дар ҳамон моҳ дастгир шуданд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб ки дар хориҷ аз Тоҷикистон аст, ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ошӯб танҳо баҳонае барои бастани ягона ҳизби исломӣ дар Осиёи Марказӣ буд.

XS
SM
MD
LG