Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумов: На ба Чехия рафтаам, на ба Олмон. Дар Тоҷикистонам


Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ, аз мансабдороне буд, ки бо хабарнигорон ҳам даъвои додгоҳӣ доштааст.
Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ, аз мансабдороне буд, ки бо хабарнигорон ҳам даъвои додгоҳӣ доштааст.

Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ (Ҳукумов), раиси собиқи идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон, сарусадо дар бораи гӯё ба Аврупо, аз ҷумла Ҷумҳурии Чех ва Олмон, кӯч бастанашро рад кард. Ӯ рӯзи 9 июн дар суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори Озодӣ дар Душанбе гуфт, ки ҳоло давраи бознишастагияшро дар Тоҷикистон паси сар мекунад.

Аммо раҳбари собиқи идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон иқрор кард, ки дар гузашта барои табобат чанд бор ба Аврупо рафтааст.

Ӯ афзуд, "рӯзҳои сахтро паси сар кардам. Дар дилам 11 найча гузоштаанд, ки инро мешавад ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид кард (механдад). Дар Тоҷикистон ҳастам ва ба ҷое нарафтаам. Ҳатто овоза карданд, ки гӯё хонаамро ба фурӯш гузоштаам. Ин ҳақиқат надорад."

Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ гуфт, асосан аз бемории дилу қанд ранҷ мебарад ва чанде пештар чашмашро низ ҷарроҳӣ кардааст. "Чунки шаш метр дуртарро дида наметавонистам. Ҷарроҳӣ хуб гузашт. Гавҳараки чашмонамро табобат карданд ва ҳоло шукр, ки хеле хуб мебинам. Вазъи беҳтар дорам," - илова кард Ҳукуматуллоҳ.

Вай дар ин сӯҳбат, инчунин, соҳиби манзил будани худу ҳамсараш дар Карлови Вари, маҳалли истироҳатии Ҷумҳурии Чехро инкор кард. Ӯ гуфт, сабаби бознишаста шуданаш на ба ҷои дигар кӯч бастан ё дар кишвари дигар соҳиби манзил шудан буд, балки ният дошт, ба ҷавонон роҳ бикушояд. ​“Мо аз мақом рафтем, то ба ҷавонон роҳ боз шавад. Бигузор ҷавонҳо роҳи оҳанро рушд диҳанд, онҳо идеяҳои навтар доранд,” - афзуд ӯ ва илова кард, ки бо ин ҳол агар раисиҷумҳур барояш кадом мансаб ё вазифаеро муносиб донад, барои иҷрояш омода ҳаст.

Номи Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ солҳои охири кораш дар идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар робита ба писаронаш дар матбуот зиёд чарх мезад. Бори охир номи ӯ дар робита ба садама бо ширкати писари ноболиғаш Расули Амонуллоҳ дар соли 2013, ки се кушта бар ҷой гузошт, дар сархати ахбор қарор гирифт. Аммо пас аз тафтишоти дурудароз, вазорати умури дохилӣ хабар дод, ки ташхиси муфаттишон гунаҳкор будани Расулро дар ин садама собит накард.

Қазияи дигари пурсару садо дар атрофи номи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ ба соли 2011 рост меояд. Тирамоҳи он сол додгоҳе дар вилояти Хатлон ду халабони як ширкати русиро ба зиндон маҳкум кард. Он замон расонаҳо навиштанд, ки дар ин моҷаро исми писари калонии раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон Рустам Ҳукумов, ки ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Русия зиндонӣ шуд, матраҳ аст. Ин ҳодиса сабаби таниш миёни ду кишвар ва ихроҷи садҳо муҳоҷири тоҷик аз Русия шуд. Чанд рӯз баъд таҳти фишори Маскав халабонҳо афв шуданд ва дертар Рустам Ҳукумовро озод карданд.

Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳи 65-сола аз соли 2002 то моҳи феврали 2014 раҳбари корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон буд ва моҳи феврал ба нафақа рафт.

Парвози Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ ба курсиҳои баланди мансаб дар сатҳи ҷумҳурӣ баъди соли 1992 ва рӯи кор омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Ӯ дар солҳои 90-ум як муддат вакили порлумон буд ва раҳбарии ширкати давлатии "Нафтрасон"-ро бар ӯҳда дошт. Дар соли 2002 ӯ ба симати раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон таъйин шуд ва 12 сол дар ин мақом кор кард.

XS
SM
MD
LG