Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Локомотив" дастаи "Истиқлол"-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод


“Истиқлол”-и Душанбе дар бозии байналмилалии дӯстона аз «Локомотив»-и Маскав бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт.

Ин бозӣ шаби якшанбеи 26 июн дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, бо ҳузури 11 ҳазор тамошобин баргузор шуд. Нимаи аввали дидор бо бартарии “Локомотив” сурат гирифт. Ҳисобро дар дақиқаи 32-юми бозӣ меҳмонон боз карданд. Тӯбро Алексей Миранчук аз ҷаримагоҳи мизбонон ба бурҷи дарвоза зад.

Душанбегиҳо дар дақиқаҳои охири нимаи аввали бозӣ танҳо як лаҳзаи голзанӣ доштанд, вале аз он истифода карда натавонистанд. Дар нимаи дувуми бозӣ «Локомтив» бо ҳайати нав ба майдон омад. Бозӣ ранги дигар гирифт. “Истиқлол” бо тамоми қувва ҳуҷум мекард.

Дар дақиқаи 53-юм ба ҳамлагар Дэвид Мавутор, легионери африқоии “Истиқлол”, муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд. Голи ӯ ба голи Миранчук шабоҳат дошт.

Дар дақиқаҳои охири бозӣ «Локомотив» боз пешоҳанг шуд. Голи ҳалкунандаро Петар Шкулетич ба ҳадаф расонд. Ӯ тӯбро аз ҷаримагоҳи мизбонон бо зарбаи сар ба дарвозаи “Истиқлол” ворид кард.

Ҳамин тариқ, «Локомотив», қаҳрамони дукаратаи Русия, дар ин бозии дӯстона бар “Истиқлол”, қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Пирӯзии дигарро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мухлиси хуштолеъ Баҳодур Қурбонов аз ноҳияи Восеъ, ки дар бозори “Ҷалҷам”-и Душанбе, борбардор (ҳаммол) аст, ба даст овард. Билети ӯ дар бозии лотерея, ки баъди анҷоми бозии дӯстона баргузор шуд, бурди бузург кард. Вай соҳиби ҷоизаи аслӣ – мошини сабукрави «Лада-Приора» - гардид ва мошинсавор роҳи хонаашро пеш гирифт.

Бошгоҳи “Локомотав” таҳти раҳбарии Игор Черевченко ба Душанбе бо ҳайати асосиаш омада буд. Инчунин дар ин бозӣ бархе аз бозигарони ҳайати ҷавонон барои аввалин бор дар ҳайати асосии даста ҳунарнамоӣ карданд.

Зимнан, Игор Черевченкои душанбегӣ, сармураббии “Локомотив”, шогирди футболи тоҷик, писари футболбози машҳури дастаи “Помир”-и Душанбе шодравон Геннадий Черевченко мебошад.

Игор аввалин қадамҳои худро ба футбол дар мактаби варзишии кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе гузоштааст. Ӯ ба мисли падараш ҳимоятгар буд. Соли 1992 дар ҳайати «Памир» -и Душанбе қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидааст. Игор Геннадевич солҳои охир зуд-зуд ба зодгоҳи худ – Тоҷикистон меояд ва дар баргузории мусобиқаи футбобозони наврас, ки ҳамасола ба хотираи падараш дар Душанбе барпо мегардад, кӯмак мекунад.

Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ дар ҳайати “Локомотив” ду зодаи Тоҷикистон – Алан Касаев ва Ҷамшед Раҳмонов – бозӣ карданд.

Дар ин бозӣ Ҷаҳонгир Ҷалилов, бозигари “Истиқлол” дар дақиқаҳои охири нимаи дувуми бозӣ Фатҳулло Фатҳуллоевро иваз кард. Ин бозӣ барои Ҷаҳонгир дар ҳаёти варзишии ӯ охирин буд. Ҷалилов, ки аз соли 2009-ум дар ҳайати “Истиқлол” бозӣ кардааст, чор бор қаҳрамони Тоҷикистон гардида, ғолиби Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё, финалисти Ҷоми AFC, барандаи бисёркаратаи Ҷоми Тоҷикистон мебошад. Ба ин ситораи футболи тоҷик роҳбарону мураббиён ва футболбозони бошгоҳи “Истиқлол” изҳори сипос намуда, ба ӯ дар фаъолияти ояндааш комёбиҳо орзу карданд.

Бозии байналмилалии дӯстона миёни “Истиқлол”-и Душанбе ва “Локомотив”-и Маскав, ки бо ибтикори Бошгоҳи футболи “Истиқлол” ва дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон, инчунин мусоидати Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид, ба ҷашни 25-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шуд.

“Бозии дӯстона хеле шавқовару тамошобоб сурат гирифт ва дар ин бозӣ, пеш аз ҳама дӯстӣ ғалаба кард. Ин бозӣ, бешак, дар муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Русия рӯйдоди муҳим гардид. Аз мизбонон барои меҳмоннавозии гарму ҷӯшон сипосгузорем. Ба ҳаводорони футбол, ки дар миёни онҳо мухлисони “Локомотив” низ кам набуданд ва моро дастгирӣ карданд, ташаккур мегӯем”, - иброз дошт Игор Черевченко, сармураббии “Локомотив”, ба Радиои Озодӣ.

Клуби футболи “Локомотив” 23-юми июли соли 1922 таъсис ёфтааст. “Локомотив” яке аз бошгоҳҳои номдори Русия маҳсуб мешавад. Соли 1936 “Локомотив” аввалин барандаи Ҷоми СССР гардидааст. Дар муддати солҳои тӯлонӣ “Локомотив” яке аз пешоҳангони футболи Русия ба шумор меравад. “Локомотив” ду бор ба унвони қаҳрамони Русия мушарраф шуда, шаш бор Ҷоми Русия ва ду бор Суперҷоми Русияро ба даст овардааст. Дастоварди баландтарини “Локомотив” дар мусобиқоти аврупоӣ ду маротиба роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоии Ҷоми дорандагони ҷомҳо мебошад.

Бозии дӯстона

«Истиқлол» - «Локомотив» - 1:2 (0:1)

Голҳо: Миранчук, 32 (0:1). Мавутор, 53 (1:1) Шкулетич, 89 (1:2).

«Истиқлол»: Стошич, Асроров, Мавутор, Чоҳҷӯӣ, Давронов, Ковалчук, Восиев, Фатҳуллоев, Назаров, Ҷӯрабоев, Ҷалилов М.
Бозигарони эҳтиётӣ: Табрези Давлатмир, Ҷалилов Д., Алиев, Бобоҷонов, Шарипов, Эҳсони Паннҷшанбе, Бобоев.
Сармураббӣ: Мубин Эргашев.

«Локомотив»: Ҳайати даста дар нимаи аввал: Абаев, Янбаев, Лапшов, Пейчинович, Денисов, Баринов, Серасхов, Тарасов, Касаев, Миранчук, Хенти.

Ҳайати даста дар нимаи дувум: Коченков, Логашов, Михалик, Коломейтсев, Игнатев, Шкулетич, Махатадзе, Лисов, Ндинга, Раҳмонов, Галанин.

Сармураббӣ: Игор Черевченко.

Сардовари бозӣ: Баҳром Сайдуллоев (Қӯрғонтеппа, Тоҷикистон).

26 июн. Душанбе (Тоҷикистон). Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 11 ҳазор тамошобин.

XS
SM
MD
LG