Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салиби Сурх: 1600 сокини Тоҷикистон "гум шудаанд" (ВИДЕО)


Владимир Киберев
Владимир Киберев

Владимир Кибереви 60-сола дар ҷустуҷӯи хоҳараш беш аз нисфи умри худро сарф кардааст. Бо гузашти бештар аз 40 сол ӯ ҳанӯз ҳам хоҳарашро ҷустуҷӯ дорад ва ҳар бор шунидани хабари нопадид шудани нафаре захми ӯро тоза мекунад.

Киберев мегӯяд, ёд надорад, ки хоҳараш чаро тарки хона кард, вале мехоҳад, аз ҳар роҳе ба пайвандони гумшудаҳо ёрӣ кунад, зеро дарди онҳоро дар вуҷуди худ эҳсос мекунад.

"Вақте корро дар мақомоти милиса дар Қӯрғонтеппа ба ҳайси нигаҳбон шуруъ кардам, онҷо аризае дар мавриди ҷустуҷӯи духтараке буд. Дар ин ҳолат натавонистам бетараф бошам. Ҳамон замон дар бораи ин духтарак аз муфаттиш пурсидам. Баъд аз як ҳафта ӯро аз Вахш пайдо кардам, ки ҳамсари дуюм шуда буд. Баъд аз ин ҳодиса маро дар бахши ҷустуҷӯи ҷиноятҳо ба кор гирифтанд. Баъдан ба Душанбе омадам ва 20 сол дар ин сохтор кор кардам," – гуфт ӯ.

Ҳудуди ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон "бедарак" шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Владимир Киберев ягона нафаре нест, ки хоҳари худро меҷӯяд. Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло 1600 шаҳрванди ин кишвар ба ҳайси "бедарак" сабти ном шудаанд ва пайвандонашон онҳоро меҷӯянд.

Ҳоло барои кумак ба наздикони афроди гумшуда ин созмон тарҳи нави “Махзани маълумот”-ро роҳандозӣ кард, ки бо ворид кардани ному насаби гумшуда ба ин махзан нафари нопадидшуда дар ҳама кишварҳо ҷустуҷӯ мешавад.

Муаллифонаш ҳангоми муаррифии ин тарҳ дар охирҳои ҳафтаи гузашта дар Душанбе гуфтанд, Тоҷикистон аз аввалин кишварҳои Осиёи Марказист, ки чунин низомро таҷриба мекунад. Томас Ҳиллер, раҳбари бахши тоҷикистонии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, тарҳи нави созмон дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои интизомии Тоҷкистон роҳандозӣ шудааст.

“Ҳарчанд ҳоло асри технология аст, вале ҳолатҳое мешаванд, ки муҳоҷирон алоқаро бо хонаводаҳои худ гум мекунанд. Ё ин ки бемор мешаванду дар бемористон бистарӣ мегарданд, ё ба зиндон меафтанд. Ин боис мешавад, то пайвандонашон онҳоро ҷустуҷӯ кунанд,” – гуфт ӯ.

Ҳиллер мегӯяд, тавассути ин низом пайдо кардани нафари нопадидшуда осонтара аст: “Вақте ин созмон аз Тоҷикистон ба намояндагиҳои созмон ё ниҳодҳои интизомии кишварҳои дигаре мисли Русия дархост ирсол мекунад, онҳо метавонанд, шахсияти афроди гумшуда ва макони ӯро муайян кунанд.”

То имрӯз имконияти Салиби Сурх барои пайдо кардани шаҳрвандон дар хориҷи кишвар зиёд набуд ва умдатан бо огоҳ кардани ҳамтоёнашон аз кишварҳои дигар маҳдуд мешуд. Масъулони созмони Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон мегӯянд, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 37 хонавода барои дарёфти пайвандонашон, ки аксаран дар муҳоҷират ҳастанд, аз ин созмон ёрӣ хостаанд.

Дилором Мирова
Дилором Мирова

Дилором Мирова, як масъули ин созмон, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, бо он ки мақомоти тоҷик ҳудуди 1600 нафарро ҳамчун афроди гумшуда сабти ном кардаанд, аммо ин рақамҳо ниҳоӣ нестанд. Ба қавли ӯ, бархеи онҳо дар давраи ҷанги шаҳвандӣ ва қисме ҳам дар муҳоҷирати корӣ бедарак шудаанд. Ӯ мегӯяд, шаҳрвандони тоҷик дар Афғонистону Қазоқистону Покистон ва Олмону Фаронса низ ҳастанд.

Ба гуфтаи масъулон, дар баъзе мавридҳо бо тағйир ёфтани ақида ва ё афтидан ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ бисёр гумшудаҳо аз худ дарак намедиҳанд. “Дар таҷриба ҳодисаҳое буд, ки афроди гумшуда намехоҳанд робитаашонро бо пайвандони худ барқарор кунанд. Барномаи мо як усули махсусро дорад, агар нафаронеро, ки пайдо кардем нахоҳад, бо хонаводааш робита дошта бошад, маҷбур намекунем. Вале кӯшиш мекунем, фаҳмонем, ки тамос гиранд ва гӯянд, ки зинда ҳастанд,” – мегӯяд Мирова.

Ҳоло Владимир Кибереви 60-сола бознишаста аст ва барои ҳамтақдирони худ барои пайдо кардани наздиконашон кумак мекунад. Ӯ барои ҳамин созмони ҷамъиятиеро бо номи “Жди меня” таъсис додааст, то аз ин тариқ афроди гумшударо бо хонаводаҳояшон наздик кунад. Аммо мушкили молӣ ва набудани сарпараст корашро сахт кардааст. Ӯ гуфт, “ба ҳар ҳол, панҷ барномаи телевизониро сабт кардам. Бо ин қаноат намекунам. Дар оянда барои хушбахтии волидон ва ҳар нафаре дар замин кӯшиш мекунам ёрии худро бирасонам.”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки омори дақиқи шахсони гумшуда вуҷуд надорад ва наметавон гуфт, чӣ қадар одамон ва дар кадом кишварҳо гум шуданд. Вале бештари нафарони гумшуда дар Русия ҳастанд ва аксари онҳо беҳуҷҷат ва бепул мемонанд ва намедонанд, чӣ кор кунанд, ба ин хотир касе онҳоро пайдо карда наметавонад.

XS
SM
MD
LG