Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мессӣ аз мунтахаби Аргентина рафт (ВИДЕО)


Лионел Мессии 29-сола, ҳамлагари мунтахаби Аргентина, баъди бохти дастааш дар "Ҷоми Амрико-2016" ва бахусус баъди он ки натавонист аз ҷаримаи ёздаҳметра тӯбро ба ҳадаф расонад, аз поёни карйерааш дар ин тим хабар дод. Ӯ гуфт, ​"барои ман дар мунтахаби Аргентина ҳама чиз тамом шудааст. Ин тасмими ман аст."

Мунтахаби Аргентина рӯзи 26 июн бозиро бо ҳисоби 2:4 ба фоидаи Чилӣ бохт. Лионел Мессӣ мегӯяд, дар давраи фаъолияташ дар мунтахаби Аргентина чаҳор бор дар "Ҷоми Амрико" рақобат карда, се бозиро бохтаанд. Мунтахаби Аргентина бо Мессӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2014 низ аз мунтахаби Бразилия шикаст хӯрда буд.

Мессӣ аз мунтахаби Аргентина рафт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00

Лионел Мессӣ ҳоло ҳамлагари дастаи “Барселона”-и Испания ҳаст ва панҷ бор тӯби тиллоӣ – гаронбаҳотарин ҷоизаи ҷаҳонии футболро соҳиб шудааст. Рақибони аслии Мессӣ барои дарёфти ин ҷоиза дар соли гузашта Криштану Роналду, ҳамлагари дастаи "Реал"-и Мадрид ва дастаи мунтахаби Португалия ва Неймар, ҳамлагари дастаи "Барселона" ва дастаи мунтахаби Бразилия ба ҳисоб мерафтанд.

Тибқи гузориши Маркази байналмилалии таҳқиқоти варзишӣ – CIES, Лионел Мессӣ аз гаронбаҳотарин футболбози ҷаҳон маҳсуб шуда ва қимати ӯ 220 миллион евроро ташкил медиҳад. Дар моҳи декабри соли гузашта хабарнигорони варзишии 54 кишвари аврупоии узви Федератсияи Футболи Аврупо-УЕФА Лионел Мессиро футболбози беҳтарини Аврупо дар соли 2015 унвон карда буданд.

Аммо охири моҳи майи соли ҷорӣ додгоҳи Барселона муҳокимаи саркашии ситораи футбол Лионел Мессиро барои саркашӣ аз супурдани андоз оғоз кард. Мессӣ ҳамроҳи падараш ба он муттаҳам мешавад, ки дар солҳои 2007-2009 дар минтақаҳои офшор ширкатҳои қалбакӣ таъсис дода, аз даромади умумии тахминан 4,1 миллион евро як сент ҳам андоз насупурдааст.

Дар сурати собит шудани гуноҳ Мессӣ ва падарашро 22 моҳи маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Чанде пеш Мессӣ гуфта буд, ки назорати сармояҳояшро ба падараш супурда, ҳеч иттилоъ надоштааст, ки ӯ бо пулҳояш чӣ кор мекунад? Баъзе ҳаводорони Мессӣ бовар доранд, ин ситораи аргентинии футбол воқеан бегуноҳ аст. Дигарон мегӯянд, ки ҳатто дар сурати собит шудани гуноҳи Мессӣ, меҳри онҳо ба ин футболбоз кам намешавад.

Дар гузашта чунин низ ҳодисаҳои саркашии ситораҳои варзиш аз андозсупорӣ ҷой доштаанд. Беҳтарин теннисбози солҳои 1990-ум Штефӣ Графф бо айбномаи саркашӣ аз супурдани андоз муттаҳам шуд, вале он замон падараш тамоми ҷурмро ба гардан гирифта, бар иловаи супурдани ҷарима муддате зиндонӣ ҳам шуда буд.

XS
SM
MD
LG