Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тиллои сафед" қурбашро аз даст медиҳад


Таҳлилгарон мегӯянд, ба далели поин рафтани қимати пахта дар бозори ҷаҳонӣ истеҳсоли пахта дар Тоҷикистон коҳиш ёфта ва дар соли гузашта ҳамагӣ 270 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, ки дар панҷ моҳи соли ҷорӣ мизони содироти нахи пахта ба кишварҳои хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,4 дарсад коҳиш ёфтааст. Мутахассисон далели ин амрро ба поин рафтани нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ марбут медонанд. Бино маълумоти ICAC (Кумитаи байнулмилалии машваратӣ оид ба пахта), дар соли гузашта нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ дар муқоиса ба соли 2014 24 дарсад коҳиш ёфтаааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, ба далели поин рафтани қимати пахта дар бозори ҷаҳонӣ истеҳсоли пахта дар Тоҷикистон коҳиш ёфта ва дар соли гузашта 270 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Ин рақам дар муқоиса ба нишондоди соли 2014 ҳудуди 100 ҳазор тонна кам будааст.

Дар шароите ки бозори ҷаҳонии пахта дар ҳолати касодӣ қарор дораду истеҳсоли пахта дар Тоҷикистон сол ба сол коҳиш меёбад, чаро пахтаи истеҳсолшуда дар дохили кишвар пурра коркард намешавад? Чаро як кишвари пахтакор наметавонад ба кишвари истеҳсолкунандаи матоъ табдил шавад, то ба ин васила ҳазорҳо ҷойи кори нав эҷод шуда ва бозори дохилӣ бо маҳсулоти пахтагии ватанӣ таъмин шавад?

Давлати Тоҷикистон ба манзури коркарди пурраи нахи пахта дар дохили кишвар дар соли 2007 барномаи махсусеро қабул карда буд, ки бар асоси ин санад дар соли 2015 тамоми пахтаи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон коркард шуда ва ба кишварҳои хориҷӣ танҳо маҳсулоти тайёр содир мешуд. Ба ин хотир дар назар буд, дар Тоҷикистон барои коркарди 209 ҳазор тонна нахи пахта корхонаҳои саноатӣ бунёд мегардид. Бар асоси ҳисоби мутахассисон, дар сурати коркарди ҳатто 100 ҳазор тонна нахи пахта дар дохили кишвар ба буҷети Тоҷикистон ба таври илова 42 миллион доллар даромад ворид шуда ва шумори зиёди шаҳрвандон бо кор таъмин мешуданд. Аммо ин барнома чаро иҷро нашуд?

Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорат дар ҷаласаи ҷамъбасти соли гузашта дар бораи сабабҳои иҷро нашудани Барномаи коркарди пурраи нахи пахта дар Тоҷикистон гуфта буд, ки давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ барои иҷрои ин барномаҳо бояд маблағ ҷудо мекарданд. Дар ин бора созишномаҳо имзо шуда, вале онҳо ба ваъдаашон вафо накарданд.

Корхонаи дӯзандагӣ дар Тоҷикистон
Корхонаи дӯзандагӣ дар Тоҷикистон

Ба гуфтаи Шарофат Ҳусейнова, раиси бахши саноати сабуки Вазорати саноат ва технологи нав, маъмулан моликони пахта ва нах манфиатдор ҳастанд, ки нахро ба пули нақд ба кишварҳои хориҷӣ фурӯшанд ва даромад ба даст оранд. Ӯ ҷорӣ шудани боҷи гумрукӣ барои содироти нахи пахта ба хориҷи кишварро як василаи фишор болои чунин афрод унвон кард, ки мумкин аст ба ислоҳи вазъ мусоидат кунад.

Зимнан, рӯзи 1 июни соли ҷорӣ дар иҷлоси порлумони Тоҷикистон ба Қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” тағйирот ворид шуда ва тибқи ин тағйирот андоз аз фурӯши нахи пахта бекор ва боҷи гумрукӣ барои содироти нахи пахта ҷорӣ шуд. Дар иҷлоси порлумон таъкид шуд, “чунин амал ба рушди саноати сабуки ватанӣ мусоидат намуда, ҳамчун дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони ватанӣ-корхонаҳои ресандагӣ ба ҳисоб меравад ва бевосита ба зиёд намудани ҳаҷми коркарди нахипахта дар дохили ҷумҳурӣ мусоидат менамояд”.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон, ҳоло корхонаҳои саноатии кишвар тавони коркарди 100 ҳазор тонна нахи пахтаро доранд, аммо барои фаъолияти муътадили ин корхонаҳо ашёи хом намерасад.

Маҳмудҷон Орифов, муовини раиси корхонаи “Спитамен Текстайл” дар вилояти Суғд мегӯяд, бештари корхонаҳои коркарди нахи пахтаи ин вилоят ду мушкил доранд: 1) кам будани ашёи хом ва 2) камбуди маблағи гардону хеле баланд будани фоизи қарзҳо барои харидорӣ ва захираи нахи пахта. Ӯ гуфт: "Аз 1 июни соли ҷорӣ андози 10 фоиза барои корхонаҳои пахтатозакунӣ бекор шуда ва ин 10 фоиз ҳамчун боҷи гумрукӣ барои содироти нахи пахта ба хориҷи кишвар иваз шуд. Ҳоло умедворем, дар соли ҷорӣ содироти нахи пахта ба хориҷи кишвар кам шуда ва корхонаҳои ватанӣ бо ашёи хом пурра таъмин мешаванд”.

Корхонаи “Спитамен Текстайл” солона аз 350 то 400 тонна риштаи дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир истеҳсол карда ва ин маҳсулот ба Туркия, Русия, Лаҳистон ва Эрон содир мешавад. 300 нафар дар ин корхона фаъолият мекунанд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони саршиноси тоҷик, ки дар соли 2003 пажӯҳише бо номи “Пахта: дирӯз, имрӯз ва фардо” анҷом дода буд, мегӯяд, ба ҳалли сареи мушкили ҷилавгирӣ аз содироти нахи пахта ба хориҷи кишвар хушбин нест.

Фурӯши нахи пахта ба хориҷи кишвар аз ҷониби гурӯҳи наздик ба мақомоти Тоҷикистон монополия шудааст. Гурӯҳҳои манфиатнок намехоҳанд, ки пахта дар дохили кишвар коркард шавад. Ин гурӯҳҳо аз фурӯши нахи пахта ба хориҷ фоида мебинанд. Ин гурӯҳҳо нерӯманд ҳастанд, ягон вазорату идораи давлатӣ наметавонанд пеши роҳи онҳоро гиранд,” - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Умаров, дар Тоҷикистон 98 корхонаи пахтатозакунӣ бо иқтидори коркарди 2 миллион тонна пахта фаъолият карда ва “гурӯҳҳои манфиатбахш” дар ҳамкорӣ бо ин корхонаҳо нахи пахтаро ба хориҷи кишвар содир мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 1 миллион тонна пахта истеҳсол шуда ва танҳо 22 корхонаи пахтатозакунӣ фаъолият мекард.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон мегӯянд, коҳиши ҳамасолаи истеҳсоли пахта дар Тоҷикистон метавонад ҳама гуна барномаҳои давлат барои коркарди нахи пахта дар дохили кишварро бемаънӣ созад. Зеро аз соли 2004 то ба ҳол истеҳсоли пахта дар Тоҷикистон тақрибан ду баробар коҳиш ёфта ва ин раванд ҳамчунон идома доштааст.

Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон, гуфт, пас аз қабули Қонуни “Хоҷагиҳои деҳқонӣ” деҳқон барои интихоби кишти зироат озод шуда ва ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳаққи дахолат ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқониро аз даст доданд. Ҳоло деҳқон зироатеро парвариш мекунад, ки бо заҳмати камтар фоидаи бештар орад. Масалан, агар кишоварз чормағзи заминӣ кишт кунаду аз 1 гектар 6 тонна ҳосил гирад ва ҳар килои онро 5 сомонӣ фурӯшад, то 30 ҳазор сомонӣ даромад мегирад.

Ваҳҳоб Воҳидов
Ваҳҳоб Воҳидов

Парвариши пахта заҳматалаб аст, ҳароҷоти зиёд мехоҳад. Нархи сӯзишворӣ ва нурии минералӣ хеле қиммат шудааст. Тибқи меъёрҳои илмӣ нурии минералӣ истифода намешавад. Бояд давлат барои парвариши пахта ба кишоварзон субсидия ё кумаки молӣ ҷудо кунад. Аммо буҷет имкони ҷудо кардани ин гуна маблағро надорад,” - мегӯяд Воҳидов.

Раҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ низ мегӯянд, ки дар солҳои ахир парвариши пахта ба як соҳаи зараровар мубаддал шудааст ва хоҷагиҳои хароҷоти худро пӯшонда наметавонанд. Абдураҳмон, раҳбари хоҷагии деҳқонӣ аз ноҳияи Фархор, ки дар майдони 30 гектар пахта кишт кардааст, гуфт, хароҷоту фоида нӯг ба нӯг мешавад. Бархе аз хоҷагиҳои деҳқони ноҳия пули қарзи бонку андозро супорида натавониста банкрот шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Ваҳҳоб Воҳидов мегӯяд, ки барои Тоҷикистон парвариши пахта аҳамияти стратегӣ дошта ва аз он набояд сарфи назар шавад: дар сурати истифодаи самаранок аз замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва коркарди пахта дар дохили кишвар барои Тоҷикистон фоидаи зиёд оварда ва даҳҳо ҳазор нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд. Ӯ гуфт, ҳатто дар сурати дар майдони 200 ҳазор гектар кишт шудани пахта ва рӯёндани ҳосили 35-40 сентнерӣ аз ҳар гектар имкон дорад аз 500 то 600 ҳазор тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ шавад.

Ба гуфтаи ин таҳлилгар, агар 1 тонна нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ аз 1300 то 1500 доллар арзиш дошта бошад, дар сурати коркард дар дохили кишвар қиммати 1 тонна нах аз 10 то 20 ҳазор доллар мерасад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, агар ҳамин 270 ҳазор тонна пахтае, ки соли гузашта дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ шуд, дар дохили кишвар пурра коркард шавад, даромади зиёд хоҳад дод. Зеро ба гуфтаи ӯ, агар нархи 1 кило нахи пахта 1 доллар бошад, аз ин миқдор пахта имкон дорад 5-6 адад куртаи пахтагӣ истеҳсол шавад, ки арзиши умумии онҳо 300-350 доллар хоҳад буд. Дар ҳоле ки мушкили коркарди нахи пахта дар дохили кишвар ҳалли худро наёфтааст, ин даромади ҳангуфт ба кисаи корхонаҳои хориҷӣ меравад.

XS
SM
MD
LG