Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Каримов нагузоштааст, ки ӯро "доҳӣ" гӯянд


Ислом Каримов
Ислом Каримов

Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, хитоб ба сокинони кишвараш гуфтааст, ки ӯро “доҳӣ” нагӯянд. Вай ин нуктаро ҳангоми мулоқот бо кишоварзони ноҳияи Тирмизи вилояти Сурхандарё изҳор дошта ва ҳатто суханронии яке аз собиқадорони ҷангро қатъ кардааст, ки мехост раисиҷумҳури Узбакистонро барои хизматҳояш васф намояд.

Ислом Каримов гуфтааст, "иштибоҳ хоҳад буд, агар мо ба хотири он ки болои сарамон “доҳӣ” истодааст, чунин тавсифҳоро ба забон орем. Ҳамаи мо бояд оқилона зиндагӣ кунем. Миёни мо одамони одӣ вуҷуд надорад. Пеш аз ҳама ҳар кас ақл ва назари хос ба зиндагӣ дорад." Ӯ афзудааст, чунин андешае, ки "онҷо доҳӣ нишастаасту хуб медонад, ки чӣ кор кунад ва мову Шумо танҳо фармонбардорем” низ ғалат аст."

Ба қавли раисиҷумҳури Узбакистон, ҳукумати ин кишвар ҷавонони мустақилро тарбият менамояд, ки назари худро доранд.

Раисиҷумҳури Узбакистон дар ҳоле аз истифодаи унвони “доҳӣ” дар баробари ӯ мониагузорӣ кардааст, ки раҳбарони Туркманистону Қазоқистон ва Тоҷикистон қонунан унвонҳои "Арқадаг", "Элбошӣ" (Доҳӣ) ва "Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои милат"-ро доранд. Президенти собиқи Туркманистон Сафармурод Ниёзов низ лақаби “Туркманбошӣ” (“Доҳии туркманҳо”)-ро дошт ва шаҳрҳову хиёбонҳову каналҳо ва ҳатто исми рӯзҳои ҳафтаву моҳҳо дар ин кишвар ба исми ӯву модараш номгузорӣ шуда буданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар гузашта бештар бо унвони “Ҷаноби Олӣ” хитоб мешуд, дар оғози соли ҷорӣ бор қабули қонун расман “Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат” эълон шуд. Дар гузашта ӯро зимни сафарҳояш ба навоҳӣ бо калимаву ибораҳое чун “подшоҳ”, “шаҳриёр”, “шоҳаншоҳ”, “Исмоили Сомонии сонӣ”, “наҷотбахши миллат” ва амсоли ин истиқбол мегирифтанд.

Ислом Каримов аз замони касби истиқлоли Узбакистон дар соли 1991 ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин кишвар раҳбарӣ дорад. Ӯ соли 1983 вазири молияи Узбакистон ва соли 1986 ибтидо раиси Госплан ва муовини сарвазир ва дар ҳамон сол котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Қашқадарё таъин шуд.

24 марти соли 1990 Ислом Каримов аз сӯи вакилони Шӯрои олии Узбакистон президенти ин ҷумҳурӣ интихоб шуд. Ӯ ҳамин тавр, соли 1991 дар нахустин интихоботи мустақими президентии Узбакистон ширкат кард ва бо касби 86 дарсади овозҳо бар рақиби ягонааш аз ҳизби демократи “Эрк” шоир Салай Мадаминов, мутахаллис ба Муҳаммад Солиҳ, ки бино ба натиҷаҳои расмии он интихобот, ҳамагӣ 12,3 дарсади овозҳоро ба даст овард, ғолиб омад.

Моҳи марти соли 1995 замони раёсати Каримовро бидуни интихобот то соли 2000 тамдид карданд. Сипас, Каримов аз тариқи интихобот боз ба як давраи панҷсолаи раёсат даст ёфт. Аммо соли 2002 бо баргузории як раъйпурсӣ замони раҳбарии ӯро аз 5 ба 7 сол тағйир доданд. Солҳои 2007 ва 2014 Каримов боз ҳам аз тариқи интихоботҳои зоҳиран “алтернативӣ” ва ҳарду дафъа бо касби 90 дарсади оро замони раҳбариашро тамдид кард. Соли 2021, ки мӯҳлати кунунии раёсати ӯ ба поён мерасад, Каримов алакай 83-сола мешавад.

XS
SM
MD
LG