Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равил Мингазовро аз Гуантанамо раҳо мекунанд


Равил Мингазов бо оилааш, акс аз бойгонӣ
Равил Мингазов бо оилааш, акс аз бойгонӣ

25 июл Амрико таъйид кард, ки Равил Мингазов-раққоси балети артиши сурхро, ки 14 сол дар боздоштгоҳи Гуантанамо нигаҳдорӣ мешавад, раҳо кунанд.

Равил охирон шахс аз 9 боздоштшудаи Русия аст, ки дар Гунтанамо қарор дорад. Бар асоси нақшаи амниятии дафтари Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико Равил Мингазов аз ҷумлаи шахсони мустаҳақ ба озодист ва ба амнияти Амрико хатар эҷод намекунад.

Мақомот Мингазови 48 соларо муттаҳам мекунанд, ки вай дар гурӯҳи Толибон бар зидди Эътилофи шимоли Афғонистон ҷангидааст.

Як мақоми Пентагон, яъне вазорати дифои Амрико гуфт, Равил ҳамчунин бо Ҳаракати Исломии Узбакистон ва Ал Қоида иртибот доштааст.

Равил тотор аст ва дар Покистон дар хонае якҷо бо Абу Зубайда-яке аз “миёнравҳо”-и созмони террористӣ боздошт шудааст ва ҳоло вай ҳам дар Гуантанамо мебошад.

Ҳукумати Русия аз боздошти Равил интиқод кард ва гуфт, ки вай бояд ба ватанаш баргардад. Вале мақоми Пентагон гуфт, ки Равил намехоҳад ба Русия баргардад ва ҳарос дорад, ки шояд ба муҷозот кашонда шавад.

XS
SM
MD
LG