Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Ховалинг дар латукӯби шаҳрванди Чин бегуноҳ эълон шуданд


Се сокини ноҳияи Ховалинг, ки дар латукӯби як шаҳрванди Чин гумонбар дониста мешуданд, аз ҷавобгирии ҷиноӣ озод шуданд. Нурулло Мирзозода, раиси ноҳияи Ховалинг рӯзи 25 июл дар як нишасти хабариаш гуфт, тафтишот гунаҳгор будани шаҳрвандонро собит накард ва гумонбаро аз ҷавобгарӣ озод шуданд. Додситонии вилояти Хатлон моҳи март хабар дод, ки алайҳи се сокини ноҳияи Ховалинг барои латукӯби як шаҳрванди Чин Ванг Зиён парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Ба гуфтаи доситонӣ, ҳодисаи латукӯби шаҳрванди Чин авоили соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти "Лоҳутӣ"-и Ховалинг сурат гирифтааст ва сокинони ин ноҳия Комрон Шамолов, Зубайдулло Раҳматуллоев ва Амирхон Хоҷаев корманди чинии ширкати "Синохидро Тоҷикистон"-ро латукӯб намуда ва телефони ҳушманди навъи "Дуелс"-ро аз ӯ гирифтаанд. Ширкати чинии "Синохидро Тоҷикистон" масъули бозсозӣ ва таъмири 48 километр роҳи Восеъ-Ховалинг мебошад.

Варқа Зайниддинов, ёвари калони додситони вилояти Хатлон, гуфта буд, ки алайҳи Амирхон Хоҷаев тибқи моддаи 248, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ, яъне ғоратгарӣ ва ба таври ошкоро тасарруф намудани амволи ғайр, парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд, ки маҳрумият аз озодӣ аз се то панҷ солро пешбинӣмекунад. Ба иттилои Зайниддинов, алайҳи ду ҷавони дигар -- Комрон Шамолов ва Зубайдулло Раҳматуллоев тибқи моддаи 245, яъне тасарруфи амволи ғайр ва моддаи 347, яъне хабар надодан парванда боз шудааст, ки ҷарима аз 500 то 1000 сомонӣ маоши ҳади аққал ва то ду сол маҳрумият аз озодиро дар назар дорад.

XS
SM
MD
LG