Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як кушта ва се захмии таркиш дар Бишкек


Мақомоти Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯянд, ки дар таркиши назди сафоратхонаи Чин дар Бишкек маргталаб ҳалок шуда ва се корманди сафорат ҷароҳат бардоштаанд. Мошини муҷаҳҳаз бо маводи тарканда дар назди даромадгоҳи сафорати Чин дар Қирғизистон таркид. Бархе хабаргузориҳо аз захмӣ шудани ду корманди сафоратхонаи Чин иттилоъ медиҳанд. Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, дар робита ба ин ҳодиса тафтишро оғоз кардааст.

XS
SM
MD
LG