Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи паҳлавонони тоҷик барои ҷоизаи генерал Аслаханов


Акмалиддин Каримов (аз тарафи рост)
Акмалиддин Каримов (аз тарафи рост)

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи XV байналмилалӣ оид ба самбо барои ҷоизаҳои генерал Асламбек Аслаханов, қаҳрамони ҳафткаратаи ҷаҳон, ки рӯзи 22 октябр дар Маскав шуруъ шуд, ширкат меварзанд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар Қасри гуштии ба номи Иван Яригини шаҳри Маскав барои бори понздаҳум баргузор шудааст, гуштигирон (мардону занон) аз кишварҳои собиқи шӯравӣ, ба мислиБеларус, Гурҷистон, Латвия, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, инчунинИталия, Мароккаш, Олмон, Руминия ва Фаронса дар 9 вазн рақобат мекунанд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини сардовари ин мусобиқаи байналмилалӣ ва дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 22-юми октябр хабар дод.

Маҳмуд Абдуллоев
Маҳмуд Абдуллоев

Вай афзуд, “Асламбек Аслаханов Устоди шоистаи варзиши Русия оид ба самбо, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, ҷенерол-майори милитсия мебошад. Қаҳрамони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба самбо дар тӯли солҳоизиёд бо ширкати худ дар мусобиқоти ҷаҳонӣ миёни собиқадорон барои насли ҷавон намунаи ибрат аст. Дар ин мусобиқа гуштигирони тоҷик борҳо иштирок карда, ба дастовардҳои бузург мушарраф шудаанд. Самбочиёни маъруфи мо Акмалиддин Каримов ва Хушқадам Хусравов дар вазни худ ғолиб омада, бо медалҳои тилло сарфароз гаштаанд. Дар мусобиқаи навбатӣ Тоҷикистонро беш аз 10 варзишгар намояндагӣ мекунад. Ин мусобиқа барои паҳлавонони мо як навъ санҷишест пеш аз қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки моҳи ноябр дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор мешавад."

Хушқадам Хусравов
Хушқадам Хусравов

Барномаи мусобиқаи XV байналмилалӣ оид ба самбо барои ҷоизаҳои ҷенерол Асламбек Аслаханов:

Макони баргузории мусобиқа: Маскав, Қасри гуштии ба номи Иван

Яригин (кӯчаи Авиамоторная, 40)

22 октябр

12:00-18:00 Мусобиқа дар вазнҳои -52, -62, -74, -90, 100 кг байни мардон ва дар вазнҳои - 48, -56, -64, -72, +80 кг миёни занон.

20:00 Маросими ифтитоҳи мусобиқа

20:30-21:00 Қувваозмоиҳои ниҳоӣ, маросими мукофотсупорӣ.

23 октябр

12:00 Мусобиқа дар вазнҳои - 57,-68, -82, 100 кг байни мардон; мусобиқа дар вазнҳои - 52, -60, -68, 80 кг миёни занон.

19:00 Қувваозмоиҳои ниҳоӣ, маросими мукофотсупорӣ.

Эзоҳ: замони мусобиқа - ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG