Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти тоҷик хабарнигорони Озодиро аз "аккредитатсия" маҳрум карданд


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон "аккредитатсия" ё муҷаввизи кори 6 хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанберо қатъ кард. Ҳарчанд вазорат шарҳи расмии тасмимашро ироа накардааст, вале масъулони Радиои Озодӣ мегӯянд, ин кор баъди нашри хабар дар бораи мақоми Рухшона Раҳмонова, духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Вазорати умури хориҷӣ, дар нимаи дувуми рӯзи 25 ноябр сурат гирифт.

Мо аз чунин бархӯрди мақомоти Тоҷикистон нигарон ҳастем.
Том Кент, президенти Радиои Аврупои Озод - Радиои Озодӣ

Ба қавли онҳо, ин шаш корманди дафтари радио дар Душанбе нимаи дувуми рӯзи ҷумъа ба вазорат даъват шуда ва "аккредитсия"-ашон гирифта шудааст. Ин кормандон Мирзонабии Холиқзод, Мардони Муҳаммад, Абдулло Ашӯров, Муҳаммадвафо Раҳматов, Амриддин Олимов ва Шодмони Ятим буда, ба хабари мақоми нави духтари президенти Тоҷикистон иртиботе надоштаанд.

Радиои Озодӣ мегӯяд, ном ва мақоми духтари раиси ҷумҳур дар рӯйхати расмии кормандони Вазорати умури хориҷӣ дар вебсайти ин ниҳод чоп шуда, манобеи дигар ҳам хабарро тасдиқ карданд. Баъди нашри ин иттилоъ мақомот ба хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе панҷ дақиқа мӯҳлат додаанд, то хабарро ҳазф кунанд, вагарна муҷаввизи фаъолиятро аз даст хоҳанд дод. "Аккредитатсияи" журналистон баъди он қатъ карда шуд, ки Радиои Озодӣ "манобеи хабарашро тафтиш карда ва тасмим гирифт, мақоларо нигоҳ дорад".

Том Кент, президенти Радиои Аврупои Озод - Радиои Озодӣ
Том Кент, президенти Радиои Аврупои Озод - Радиои Озодӣ

Дар ҳафтаҳои охир бори дувум аст, ки мақомоти тоҷик аз вебсайти Радиои Озодӣ гирифтани матлабҳоро тақозо намуданд. Рӯзи 6 ноябри имсол мақомот аз Радиои Озодӣ хостанд, то огоҳиномаи сафорати Амрико барои шаҳрвандони ин кишвар дар бораи эҳтимоли рух додани ҳодисаҳои террористӣ дар Тоҷикистонро ҳазф намоянд. Томас Кент, президенти Радиои Аврупои Озод – Радиои Озодӣ рӯзи 26 ноябр гуфт, ки “мо аз чунин бархӯрди мақомоти Тоҷикистон нигарон ҳастем.”

Вай афзуд, хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе танҳо изҳороти расмии ҳукумати Амрикоро нашр карда ва аз феҳристи расмии кормандони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон истифода намудаанд ва изҳори умед кард, ки “қарори қатъи муҷаввизи кормандони Радиои Озодӣ билофосила лағв мегардад”.

Бахши тоҷикики Радиои Озодӣ солҳо боз дар Душанбе фаъол аст ва кормандонаш дар бозтоби хабарҳои рӯзи Тоҷикистон саҳм мегиранд. Бори аввал аст, ки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон “аккредитатсия”-и якбора шаша хабарнигори Радиои Озодиро пеш аз мӯҳлат қатъ намуд, ҳарчанд дар гузашта ҳодисаҳои тӯл кашидани ҷараёни супурдани “аккредитатсия” ё ҷавоби рад ба дарёфти муҷаввизи кор иттифоқ афтодааст.

XS
SM
MD
LG