Пайвандҳои дастрасӣ

Гумонбарони иштирок дар ҷанги Сурия баъди 9 моҳ аз СИЗО озод шуданд


Шамсиддин Фатҳиддинов (аз рост) аз ҷумлаи касоне буд, ки ба гумони иштирок дар ҷангҳои Сурия, боздошт шуда буд.

Шамсиддин Фатҳиддинов (аз рост) аз ҷумлаи касоне буд, ки ба гумони иштирок дар ҷангҳои Сурия, боздошт шуда буд.

Мақомоти тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон 8 сокини ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли собиқ)-ро, ки ба гумони иштирок дар ҷангҳои Сурия боздошт ва нӯҳ моҳро дар боздоштгоҳи муваққат сипарӣ карданд, раҳо намудааст. Мақомот мегӯянд, ин ҳашт нафар муҳоҷирони корӣ буданд, ки "бо фиреб аз Русия ба Сурия интиқол ёфтанд". Як мақоми Додситонии кулл дар сӯҳбати ҳузурӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “азбаски ин 8 нафар иштибоҳи худро фаҳмида ва аз карда пушаймон шуданд”, тафтишот айбномаашонро тағйир дод.

Бино ба омори расмӣ, дар солҳои охир беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” шомил шуда ва бархе ҳам бо аҳли хонаводаи худ ба Сурияву Ироқ рафтаанд.

Боздошти 32 сокини Дӯстӣ

Моҳи марти имсол кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ 32 сокини ноҳияи Дӯстиро, ки асосан ҷавонҳо буданд, аз деҳоти Каҷбед, Кӯлобод, Зафарабод ва аз маркази ноҳия бо гумони иштирок дар ҷангҳои Сурия боздошт карда ва ба Душанбе оварданд. 24 тани ин гурӯҳ баъд аз таҳқиқи иттиҳом озод шуданд, аммо нисбат ба 8 нафар бо моддаи 401, прим 1 – “ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар” – парванда боз шуд.

Додхоҳии сокинони Дӯстӣ аз раиси ҷумҳум. Навор аз июли 2016:

Мақоми Додситонии кулл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, акнун қазияи ин ҳашт нафар дар заминаи банди 307, прим 2-и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон - “Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)” баррасӣ мешавад, ки эзоҳ дорад ва дар он зикр шудааст, “шахсе ихтиёран аз иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешавад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад”.

Аз Русия ба Сурия?

Ин мақоми додситонӣ, ки ба шарти набурдани номаш бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, “миёнаравҳо дар Русия ин ҷавонҳоро дар соли 2013 ваъда додаанд, ки дар Сурия бо ҷойи кор таъмин мекунанд ва бо ин ваъда вақте ба Сурия мераванд, онҳоро ғайриинтизор ба саҳнаҳои ҷанг мебаранд.” Дар мавриди инки ин ҷавонон бо чӣ роҳ аз Русия ба Сурия бурда шудаанд ва вақте ки пушаймон мешаванд, чӣ гуна бармегарданд, мақомоти тафтишотӣ шарҳ надоданд.

Аммо Шамсиддин Фатҳиддинов, сокини 28-солаи деҳаи Каҷбед, дар сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо қурбонии туҳмат шуданд. “Аз ман пурсиданд, ки ба Сурия рафтед? Гуфтам, ки Сурияро намедонам. Онҳо гуфтанд, ки бародаронатон ба мо хабар доданд. Бисёриҳо медонистанд, ки мо айб надорем, вале касе тӯҳмат карда буд, ки бар асоси он моро бурданд”, - афзуд ӯ.

Қурбонии тӯҳмат?

Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Мустаъол Алиев, сокини деҳаи Каҷбеди ноҳияи Дӯстӣ, ки фарзандаш Дӯстмурод ба тозагӣ аз боздоштгоҳи муваққат раҳо шудааст, низ рӯзи 29 декабр гуфт, “фарзандам ба Сурия нарафтааст. Вай соли 2013 аз Русия “депортатсия” шуда, ба Қазоқистон меравад ва дар онҷо дар манзили бародараш зиндагӣ карда, баъд ба Тоҷикистон баргаштааст”.

“Ҳамаи ҳуҷҷатҳо аз сарҳади Русия ба мо расидаанд. Вай аз Алмаато ба деҳа омад. Марҳамат, биёянд, боз тафтиш кунанд”, - афзуд ӯ. Маҳмадулло Маҳмадаминов, раиси ҷамоати Гароутии ноҳияи Ҷилликӯли собиқ, ки фарзанду додарзодааш аз ҷониби мақомот боздошт шуда ба Душанбе омада буданд, гуфт, аз соли 2009 фарзандаш ва аз соли 2011 ба ин тараф додарзодааш аз қаламрави Тоҷикистон берун нарафтаанд. Бо ин ҳол, вай ибрози хушӣ кард, ки тафтишот одилона пеш бурда шуда ва наздиконаш раҳо гардиданд.

"Шарт аст, ки ягон ҷойро тарконанд?"

Амирҷон Назаров ба иттиҳоми иштирок дар ҷанги Сурия боздошт шуда буд.

Амирҷон Назаров ба иттиҳоми иштирок дар ҷанги Сурия боздошт шуда буд.

Аксари онҳое, ки наздиконашон ба иттиҳоми терроризм ва иштирок дар ҷангҳои бегона боздошту зиндонӣ шудаанд, ин иттиҳомро қабул накарда ва аз бегуноҳии фарзандони худ сӯҳбат кардаанд. Вале мақомот мегӯянд, дар баробари ҳар иддаои хонаводаҳо далели худро доранд. Қаблан, Бобоҷон Ҳалимов – муфаттиши парвандаи ҳашт сокини ноҳяии Дӯстӣ даъвои шиканҷа шудани боздоштшудаҳоро рад карда ва гуфта буд, "мо тамоми далелҳоро дорем, аз Русия ҳам гирифтем. Ягон касро бе далел маҳкам намекунанд. Ягон кас шиканҷа нашудааст. Шарт аст, ки барои исботи гуноҳашон мисли Туркия ягон ҷойро тарконанд?"

Волидони 8 нафар аз сокинони ноҳияи Ҷилликӯли собиқ, ки аз бодоштгоҳи муваққатии Душанбе раҳо шуданд, гуфтанд, аз онҳо хоста шудааст, ки рӯзи 14 январи соли оянда дар вазорат ҳозир шаванд. Онҳо рӯзи 26 декабр аз тағйири айбномаи фарзандони худ хабардор шуданд.

Бино ба омори расмӣ, дар солҳои охир беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” шомил шуда ва бархе ҳам бо аҳли хонаводаи худ ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Инҳо аксаран ҷавонанд ва аз тариқи Русия ба Сурия рафтаанд. Мақомоти Тоҷикистон ҷанбаи иҷтимоӣ ва иқтисодии пайвастани шаҳрвандони кишвар ба ин гурӯҳи тундравро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин шаҳрвандон мавриди мағзшӯии таблиғгарони “Давлати исломӣ” қарор гирифтаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG