Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дороии сарватмандони рус баъди пирӯзии Трамп афзун шуд


Маҷаллаи Forbes мегӯяд, ки аз замони интихоби Доналд Трамп ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико, дороии миллиардерҳои рус, бо шумули рабти онҳо бо президент Владимир Путин, ба 29 миллиард доллар бештар шуд.

Аз ҳама зиёдтар сарвати Геннадий Тимченко, ки дар заминаи ишғоли Қрим таҳти таҳримҳои Амрико қарор дорад ва Леонид Михелсон афзоиш ёфтааст. Ба навиштаи Forbes, ширкати гази НОВАТЭК ба афзун шудани дороиҳои ин ду нафар кумак кардааст. Ҳоло сарвати Тимченко 15 миллиард ва Михелсон беш аз 18 миллиард аст.

Маҷалла, инчунин, молики ширкати ҳолдингии "Сибур" - Кирилл Шамоловро зикр кард, ки хабаргузории Reuters ӯро домоди президент Путин гуфтааст. Forbes дар бораи дороиҳои Шамолов рақам наовардааст.

Дороии миллиардерҳои Русия на танҳо дар заминаи афзоиши саҳҳом бештар шуд. Ба ин раванд то 20 дар сад мустаҳкам шудани рубли русӣ низ мусоидат кард.

XS
SM
MD
LG